Диловари Мирзо 8 марти соли 1956 дар деҳаи Нимичи ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев мебошад.
Фаъолияти меҳнатиаш ба сифати омӯзгор оғоз шудааст. Аз соли 1989 то соли 1992 хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» буд. Соли 1992 ӯро барои кор ба Кумитаи телевизион ва радио даъват карданд. Солҳои 1995-1999 дар рӯзномаи ноҳиявии «Оинаи Рашт» фаъолият дошт. Солҳои 1999-2007 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт буд. Аз январи соли 2008 то соли 2011 дар вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва аз моҳи январи соли 2011 то 30 январи соли 2015 мудири бахши фарҳанги ноҳияи Рашт кор кард. Аз 1 феврали соли 2015 хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар минтақаи Рашт ва ноҳияи Тавилдара мебошад.
То имрӯз асарҳояш бо номи «Вопасин набард», «Зарринёле баъди падар», «Борон изҳоро мешӯяд…», «Мусаввараи нотамом», «Борон доғҳоро мешӯяд…», «Борон пайҳоро мешӯяд…», «Афсонаҳои қисмат», «Қандил» ва «Хунёгар» ба табъ расидаанд. Ҳоло Диловари Мирзо ба навиштани романи нави хеш — «Алӣ Хуш» машғул аст.
Аз соли 1995 узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон ва аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Барои хизматҳояш бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 (соли 2002), нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (соли 1979), нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (соли 2006), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (соли 2014) сарфароз гардидааст.
Бандаро ҳамчун шогирди Диловари Мирзо мешиносанд. Ӯ ҳам бо номи Худодод шогирд доштанашро инкор намекунад.
Давраи кӯдакии ман агар ба ноҳияи мо аҳли адаб меомаданд, омаданашон ба тӯй шабоҳат дошт. Гурӯҳ-гурӯҳ одамон ба дидорбинӣ меомаданд. Китобҳои онҳоро ҳамроҳ меоварданду соядаст мегирифтанд. Ҳар нафар талош мекард, ки аҳли қалам меҳмони хонадони онҳо бошад. Мардум китобҳои бадеӣ ва маҷаллаю рӯзномаҳои давриро бисёр мутолиа мекарданд. Китобу маҷалла даст ба даст мегашт. Варақҳо фарсуда мешуд, муқоваҳо медарид, аммо аз дасти хонанда халосӣ надошт. Дар чойхона-фароғатгоҳҳо омӯзгорон барои сокинони деҳа то поси шаб рӯзномахонӣ мекарданд. Хонандаи мактаб ҳам китоб мехонду пирамарди ҳафтодсола ҳам.
Мақола, ҳикояву қисса ва очеркҳои Д. Мирзо дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Газетаи муаллимон», «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Қаротегини советӣ» ва маҷаллаи «Садои Шарқ» пайи ҳам нашр мешуд. Ҳамчун қаламкаш ӯ дар ҳар хонадон маҳбубият дошт.
Дар понздаҳсолагиям бори аввал дидори соҳиби ин номи ошно дар идораи рӯзномаи «Оинаи Рашт» насибам гашт. Чанде аз шеърҳои шогирдонаю пур аз саҳву хатоямро дар наздаш қироат намудам. Мисраъ ба мисраъ мехондаму аз ӯ маслиҳат мегирифтам. Барои ман он лаҳза ҳаяҷонбахш буд.
Ӯ яке аз афроди содиқ ба арзишҳои волои инсонӣ буда, барои ҳифзи муҳити инсонӣ пайваста заҳмат мекашад. Ҳамин вижагӣ даст медиҳад, ки дар атрофи худ муҳити самимии фарҳангиро ба вуҷуд биёрад.
Ҳавзаи адабии Рашт тайи солҳои тӯлонӣ шахсиятҳои маъруферо парвардаю ба ҷумҳурӣ эҳдо намудааст. Маҳфили адабии «Гулафшон»-ро, ки дар ноҳия бо ҷалби эҷодкорони водӣ фаъолият менамояд, бешак ҳамчун мактаби адабии Диловари Мирзо метавон қаламдод кард. Диловар аз зумраи нозимон ва носиронест, ки бо қадамҳои устувор вориди майдони адабиёт гардидаю таърихи беш аз дусадсолаи водиро бо асарҳои марғубу таърихии худ зинда гардонидааст. Даҳҳо нафар қаламкашу рӯзноманигорони водӣ, аз қабили Алишери Муҳаммадӣ, Нуриддин Садриддин, Файзи Аллоҳ, Абдураҳмони Забир, Мирзо Ҳомид, Камолиддин Бекзод, Зумрати Лоиқ, Макнуна, Ифторӣ, Муҳаммадшоҳи Мирзо ва чанде дигар, ки се нафарашон узви Иттифоқи нависандагон буда, боқимонда соҳибкитоб мебошанд, ифтихори шогирдии ӯро доранд.
Ҳангоми мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт будани Диловари Мирзо дастнависҳоямро барои таҳрир ва маслиҳат гирифтан ба ӯ пешниҳод мекардам. Чанд соле, ки дар Федератсияи Россия мусофират доштам, ҳамаи онҳоро ҷамъоварӣ намуда, маҷмӯаи шеърҳоямро бо номи «Сапедоро» ба нашр расонида, онро ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои ҷоизаи адабии «Падида» ба номи Лоиқ Шералӣ пешниҳод намудааст. Баъди аз мусофират баргаштан маълумам шуд, ки ман аллакай соҳиби як маҷмӯаи дигари шеър ва ҷоизаи адабии «Падида» гардидаам.
Диловари Мирзо аз зумраи адибонест, ки қалами файзбораш дар кавири андешаҳои мардуми мо шабеҳи борони найсон аст.
Ӯ хуб дарёфтааст, ки адиб бояд рӯҳи ҷустуҷӯгар дошта бошад, то ба ботини инсонҳо роҳ ёбад, эҳсоси миллӣ ва ватандориаш низ хеле болост. Аз рӯзи нахустини ба майдони адабиёт қадам ниҳоданаш ҳамвора мекӯшад, ки шарики ғаму шодии мардум бошад.
Номбурда дар асарҳояш перомуни тақдири халқу миллат, моҳияти замон ва равандҳои муҳими ҷамъиятӣ андешаронӣ намуда, ватандӯстию ватанпарварӣ, ҳалимию хоксорӣ, покдилию покдоманӣ, донишомӯзиву меҳнатпарварӣ, ростқавлӣ ва дигар хислатҳои неки инсониро тараннум менамояд. Ҳамияти эҷодии ӯ низ дар ҳамин тафаккур буда, ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳиро дар замири мутолеони ҷавон бедор менамояд.
Диловари Мирзоро ба шасти камолоташ шодбош гуфта, таманно менамоям, ки сояи меҳри падаронаашон аз сари мо — қаламфарсоёни водӣ ҳеҷ гоҳ кам нагардад.
Худодод ЗАЙНИДДИН, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Аҳли қалами рӯзномаи «Садои мардум» ҳамкор ва ҳампешаи худ Диловари Мирзоро ба муносибати санаи фархундаи ҳаёташ муборакбод гуфта, барояш тани сиҳат, хотири болида, хушбахтии хонаводагӣ ва барори эҷодӣ таманно менамоянд.