Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгуфтори шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» таъкид намудаанд, ки: «Сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз аст. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, ба созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст». («Тоҷикон», Душанбе, нашриёти «Ирфон», соли 1998).
Яке аз чунин фарзандони нобиғаи миллат, ки маҳз ба шарофати ақлу заковати азалӣ, истеъдоди фитрӣ ва ҷасорату матонаташ кишвари мо дар арсаи илму адабу сиёсат, созандагиву ободкорӣ ба дастовардҳои чашмрас ноил гардид, Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон аст.
Муаллифи китоби «Се унсури сиёсати Эмомалӣ Раҳмон» (Душанбе, соли 2009) қаламкаши чирадаст Ҳабибулло Ёров навиштааст: «…Корномае, ки Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ аз худ боқӣ гузоштааст, дар тӯли таърих ба аҳён — аҳён давлатмардон насиб гардидааст. Агар мо таърихи ҳазорсолаи миллатро пеши рӯ оварем, дар сиёсати давлатсозӣ ду симои барҷаста намоён мегардад: асосгузори аввалин давлати тоҷикон — Исмоили Сомонӣ ва поягузори аввалин давлате бо номи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир — Эмомалӣ Раҳмон».
Чанде қабл «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» қабул шуд. Чунонки дар сархати қонун омадааст: «Бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон қонуни мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ муқаррар мекунад».
Доир ба Пешвои миллат эътироф гардидани Сарвари давлатамон таи солҳои охир дар нашрияҳои даврӣ аз ҷониби олимону нависандагон ва рӯзноманигорон мақолаҳои зиёде ба нашр расиданд. Китобу рисолаҳо низ чоп шудаанд.
Ба наздикӣ ду китоби рӯзноманигори шинохта, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Ёров — «Се унсури сиёсати Эмомалӣ Раҳмон» (Душанбе, нашриёти «Шарқи озод», соли 2009) ва «Пешвои ҳамабин» (Душанбе, ҶДММ «Бебок», соли 2014) дастрасам гардид ва онҳоро бо завқ мутолиа кардам. Маълум шуд, ки нависанда пас аз омӯзиши амиқ, таҳқиқу таҳлили корномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қаҳрамони хешро ба ҳайси Пешвои ҳақиқиву ҳамабини миллат шинохтааст. Ҳар ду китобро ҳам метавон номаи сипос ва меҳри муаллиф нисбат ба як фарзанди фарзонаю ҷоннисори миллат шуморид ва баёнгари «шаммае аз фаъолияти пурвусъати Роҳбари давлат ва сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки туфайли ҷонбозиву азхудгузаштанҳояш имрӯз миллати мо сарҷамъ, оромии сарзамин таъмин ва пояҳои давлатдорӣ тақвият ёфтаанд», донист.
Як файласуфи замони то мелоди Юнони қадим фармудааст, ки: «Душмани нодон ҳусни шахсро дида наметавонад, аз ин рӯ, қубҳашро мекобад, ӯ мисли магасест, ки ҳатман ба ҷойи маҷрӯҳи кас менишинаду неш мезанад». Албатта, имрӯз низ дар ҷомеа чунин нотавонбинону ҳасудон ва бадхоҳони миллату давлати мо вомехӯранд. Аз ин рӯ, муаллиф дар китоби «Се унсури сиёсати Эмомалӣ Раҳмон» бо мақсади посух гуфтан ба чунин ашхос як силсила мақолаҳои ҷиддию таҳлилӣ эҷод карда, ба ин васила хидмату заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди барқарор сохтани сулҳи бардавом, баргардонидани фирориён ба манзилҳои бобоӣ, сохтмони садҳо хонаи истиқоматӣ ва иншооти бар асари ҷанги бемаънӣ харобгардида, беҳдошти зиндагии мардум, дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, муносибат ба беҳдошти замин ва истифодаи самараноки он, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамкорӣ бо Созмони Ҳамкории Шанхай, сарҷамъсозии тоҷикони ҷаҳон, таъмини амнияти энергетикӣ, эҳё ва тақвияти арзишҳои миллӣ, таваҷҷуҳ ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари давлат тавассути Паёмҳои ҳарсола ва ғайраро рӯи қоғаз оварда, онҳоро чунин хулоса кардааст: «Оре, Сарваре, ки саломатии аслу насли миллатро дар мадди назар дорад, ӯ бешаку шубҳа Пешвои ҳақиқии миллат аст». («Се унсури сиёсати Эмомалӣ Раҳмон», саҳ. 183, Душанбе, соли 2009).
Ҳабибулло Ёров дар китоби «Пешвои ҳамабин» амалҳои беҳадду ҳисоби баҳри савоб анҷомдодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тавассути оятҳои «Қуръон»- и маҷид асоснок карда, дар шакли 86 ҳикояти хурд «ҳамчун қатрае аз баҳр»-и беканори фаъолияти гуногунҷабҳаи Сарвари давлат пешкаши хонанда намудааст.
Китобҳо содаву равон, бо забони шевою оммафаҳм иншо шудаанд ва ба дили хонанда зуд роҳ меёбанд.
Ҳабибулло Ёров аз зумрае суханваронест, ки дар оғози солҳои 70-уми қарни гузашта ҳамчун рӯзноманигори ҷӯяндаву соҳибқалам шинохта шуда буд. Мо он солҳо донишҷӯ будему мақолаҳои таҳлилӣ, очеркҳои судию фелетонҳояшро дар рӯзномаи машҳури мамлакат — «Тоҷикистони Советӣ» бо шавқ мутолиа мекардем.
Номбурда, ҳамчунин солҳои зиёде вазифаи сармуҳарририи рӯзномаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон «Нидои ранҷбар»-ро ба уҳда дошт. Аз соли 1997 то соли 2007 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чархи гардун» буд. Аз моҳи августи соли 2007 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Набзи Тоҷикматлубот» ва маҷаллаи «Файзи Истиқлол»-и Иттифоқи «Тоҷикматлубот» мебошад.
Яке аз кормандони собиқадори соҳаи кооператсияи матлубот Усмонҷон Юсуфов, ки зиёда аз 40 сол дар рушду нумӯи матлуботи вилояти Суғд саҳми босазо гузоштааст, мегӯяд, ки ҳафтаномаи «Набзи Тоҷикматлубот»-ро то ба вазифаи сармуҳаррирӣ таъин шудани Ҳабибулло Ёров чанд нафар сарварӣ кардаанд, вале чандон хонданӣ набуд. Пас аз сармуҳаррири ҳафтанома таъин гардидани Ҳабибулло Ёров ин нашрия хонданӣ, пурмуҳтаво ва шумораи обуначиёну хонандагонаш зиёд шуд. Хулоса, «Набзи Тоҷикматлубот» аз як рӯзномаи одии соҳавӣ ба нашрияи ҷиддии сиёсию оммавӣ табдил ёфт.
Гузашта аз ин, Ҳабибулло Ёров дар атрофи худ журналистони касбию масъулиятшиносро ҷамъ овард ва маҷаллаи бисёр зебову пурмуҳтавои «Файзи Истиқлол»-ро таъсис дод, ки таи чанд сол аст рангаву бо сифати аъло ва матолиби ҷолиб ба нашр мерасад. Ҳабибулло Ёров, ҳамчунин муҳаррир ва тарҷумони китоби Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев «Даҳсолаи буҳронӣ» (бо ҳамкории адиб ва журналисти шинохта Истад Қосимзода, Алмаато, соли 2004), муҳаррири китоби «Формулаи сулҳи Президент Раҳмонов», (Душанбе, соли 2004) ва муҳаррири чанд китоби дигар низ мебошад.
Нависанда ва рӯзноманигор, доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов дар яке аз асарҳои илмӣ — таълимии хеш марбут ба жанрҳои журналистика таъкид кардааст, ки «Матбуоти даврии тоҷик пас аз Ибод Файзулло ва Ҳабибулло Ёров дар ҳамин поя дигар фелетонист надорад».
Барои тақвияти ин фикр ба «Дилҳои сӯзон» ном маҷмӯаи дастаҷамъие, ки соли 1987 дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расидааст, назар меафканем. Дар ин маҷмӯа дар бораи нуздаҳ журналисти варзидаи Тоҷикистон очерку мақолаҳо ба табъ расидааст, ки яке аз онҳо очерки журналисти маъруф Шафқат Саидов (ёдаш ба хайр!) бо унвони «Қиссаи як мақола» ба журналисти дар ҳамон замон ҷавон Ҳабибулло Ёров бахшида шудааст. Вай аз фаъолияти фелетоннависии Ёров чунин ёдовар мешавад: «… Ба сад дар даромада, остонаи органҳои маъмуриро охурча карда, чуноне ки дар урфият мегӯянд, аз ҷонашон безор мекард. Ҳар боре, ки ӯро бинанд, гӯё диққи нафас мешуданд ва дар дил мегуфтанд: «Оҳ, ин ходаи қоқ боз пайдо шуда омад-ку!» Рост, вай ҳақиқатан ҳам қоқу дароз аст, вазнаш ба қадаш мутлақо мувофиқат намекунад. Назарногир аст ҷисман, аммо гирумонаш баҳодурона, паҳлавонона. Дар ин боб таҳамтан аст. Марди майдон аст. Вагарна ғударанги соҳибмансабони бисёр, инчунин талху пичинги шахсони аз роҳи рост баромадаи ба каҷравӣ даромадаро писанд накарда, ҷояш ояд, ғазаби аз қаъри дили ҳассос ҷӯш зада омадаро бо азобе фурӯ нишонда, аз дар ронанд, аз тиреза медаромад…».
Ҳабибулло Ёров тӯли умри бобаракат ва фаъолияти густурда дар соҳаи матбуот шогирдони зиёдеро тарбият кардааст ва аксари онҳо имрӯз дар воситаҳои ахбори оммаи кишвар ҳамчун журналистони хушқалам ифои вазифа доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд: «Мардуми мо ба матбуот ва сухани чопӣ эътимод доранд. Ба боварию эҳтироми халқ сазовор шудани аҳли қалам натиҷаи меҳнати фидокоронаи чандин насли рӯзноманигорони тоҷик аст».
Рӯзноманигори шинохта Ҳабибулло Ёров низ дар ин ҷода хидмати шоистаро ба ҷо оварда, обрӯю эътибори хосаро соҳиб гаштааст.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»