Нуҳуми марти соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар бораи Созишномаи грантӣ (Маблағгузории беруна) оид ба Лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд 0453-TAJ (EF)
2. Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ (Амалиёти махсус) оид ба Лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд 3309-TAJ (SF), 0452-TAJ (SF)
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
РАИС: - Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Оид ба масъалаи аввали рӯзнома – Дар бораи Созишномаи грантӣ (Маблағгузории беруна) оид ба Лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд 0453 — TAJ (ЕF) сухан ба вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид дода мешавад.
ТАҒОЙЗОДА Сумангул Саид: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Мову шумо хуб огаҳ ҳастем, ки ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ, омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилию беруна ва ба роҳ мондани азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти системаи маълумот ва омӯзиши касбӣ –техникӣ, беҳтар кардани заминаи моддию техникии муассисаҳои зикршуда ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим оғоз аз соли 2014 дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Бонки Осиёии Рушд «Лоиҳаи тақвияти системаи маълумот ва омӯзиши касбӣ-техникӣ»-ро таҳия намуд.
16 ноябри соли 2015 ду Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба тақвияти маълумоти касбӣ-техникӣ ва таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Инҳо Созишномаи маблағгузории қарзӣ таҳти рақами 3309 TAJ (SF) ва Созишномаи грантӣ таҳти рақами 0452 TAJ (SF) мебошанд.
Дар доираи созишномаҳои зикршуда ҳаҷми маблағгузории лоиҳа 34 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 15 миллион доллари ИМА маблағи қарзи имтиёзнок ва 15 миллион доллари ИМА ҳамчун грант аз ҳисоби Бонки Осиёии Рушд мебошад. Инчунин, барои татбиқи лоиҳаи мазкур 2 миллион доллари ИМА аз ҳисоби маблағҳои Хазинаи неруи тоза ҷудо шуда, 2 миллион доллари ИМА-ро ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Мақсадҳои асосии лоиҳа:
а) тақвияти методологияи сохтори маълумоти касбӣ-техникӣ ва таҳсилоти калонсолон;
б) таъмири асосии инфрасохтори таълимгоҳҳои интихобшуда;
в) беҳтарнамоии дастрасӣ ба барномаҳои актуалии муассисаҳои маълумоти касбӣ-техникӣ;
г) пурзӯр кардани менеҷмент ва роҳбарии соҳа.
Лоиҳа дар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2015 таҳия гардида, ҳадафҳои асосии он рушд ва инкишофи захираҳои меҳнатии баландихтисоси миллӣ мебошад. Инчунин, лоиҳаи мазкур барои татбиқи босамари «Барномаи давлатӣ оид ба ислоҳоти системаи маълумоти касбӣ-техникӣ барои солҳои 2013-2020» мусоидат хоҳад намуд.
Айни замон дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ мушкилот дар самти омода кардани кадрҳои коргарии ба талаботи муосир ҷавобгӯ ҷой дорад, ки мушкилоти мазкур бо татбиқи лоиҳаи мазкур бартараф шуда, сифати омода кардани кадрҳои коргарӣ бояд ба самти беҳбудӣ тағйир ёбад.
Оғози лоиҳаи мазкур моҳи марти соли 2016 ба нақша гирифта, анҷоми он 31 марти соли 2021 муайян шудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳа корҳо вобаста ба навсозии методологияи системаи маълумоти касбӣ –техникӣ, азнавкунии инфрасохтори корӣ дар муассисаҳои интихобшудаи соҳа, беҳтарнамоии дастрасӣ ба барномаҳои актуалии муассисаҳои маълумоти касбӣ — техникӣ ва пурзӯр кардани идора ва роҳбарии системаи маълумоти касбӣ — техникӣ ва таҳсилоти калонсолон дар назар аст.
Дар доираи навсозии методологияи системаи маълумоти касбӣ — техникӣ ва таҳсилот дар давраи татбиқи лоиҳа коркарди стандартҳои нав дар асоси салоҳиятҳои касбӣ (компетенсияи касбӣ) ва воситаҳои баҳодиҳӣ мувофиқ бо чор дараҷаи меъёрҳои таснифотии мутобиқшудаи аврупоӣ, барномаҳои таълимӣ ва маводи омӯзишӣ барои таълим, ки бо салоҳиятҳо асоснок ва мувофиқ ба дастурамалҳо ва дастурҳо мебошанд, пешбинӣ шудааст.
Дар баробари ин, тасвиби таълим, ки бо салоҳиятҳо асоснок шудаанд ва маводи таълимӣ барои ихтисосҳои афзалиятнок (аз он ҷумла ихтисосҳое, ки бо неруи тоза ва самаранокии неру алоқаманд мебошанд) дар 29 муассисаи интихобшудаи муассисаҳои маълумоти касбӣ — техникӣ ҷорӣ мешаванд. Ҳамзамон, стандартҳои таълимӣ аз рӯи 17 ихтисоси интихобшуда, барои амалишавии лоиҳа таҳлил мешаванд (коргари ферма, муҳосиб, тракторчӣ-механик, коргари корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, устои хишткор, устои қубурҳои обгузар, ороишгар, кафшергари газу барқӣ, барқчӣ ва барқчии саноатӣ, дӯзанда, косметолог, устои таъмиргари техникаи маишӣ, ошпаз-қаннод, фурӯшанда, ронандаи автомобилҳои боркаш, оператор-механики техникаи вазнин).
Дар доираи татбиқи лолиҳа баланд бардоштани иқтидори Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим тавассути ҳамкории дуҷониба бо агентии хориҷии бонуфузи муассисаҳои касбии техникӣ ва таҳсилотӣ, тайёр намудани ҳайати кормандон, нав кардани биноҳои маъмурӣ ва таҷҳизот, инчунин, пурзӯр намудани ҳайати кормандони маркази захиравӣ пешбинӣ шудааст, ки ба беҳтар кардани вазъи баҳодиҳии салоҳиятҳо, сертификатсиякунӣ ва мониторинги сифати таълим мусоидат хоҳад намуд.
Дар ин давра азнавкунии инфрасохтори кории 21 муассисаи давлатии таълимии системаи касбӣ-техникӣ ва ҳашт маркази таълими калонсолони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назар аст. Дар давраи татбиқи лоиҳа таъмири асосии аудиторияҳои таълимӣ ва устохонаҳои муассисаҳои интихобшуда гузаронида шуда, таҷҳизонидани онҳо бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, ки барои амалишавӣ ва дастгирии барномаи пешниҳодшудаи методологияи таҳсилоти салоҳиятнок мусоидат менамояд, ба нақша гирифта шудааст. Дар баробари ин, таъмири ҳафт хобгоҳи литсейи касбӣ — техникӣ анҷом дода мешавад, ки барои беҳтар кардани шароити маишии хонандагон ва ҷалби бештари онҳо ба таҳсилот мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамзамон, дар самти беҳтар намудани дастрасӣ ба барномаҳои актуалии муассисаҳои давлатии таълимии системаи касбӣ – техникӣ ва таълими калонсолон тартиб додани барномаи махсуси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва бо таҳсилоти касбӣ фарогирии гурӯҳҳои маргиналӣ, алалхусус ҷавонони маъюб ва занони бе касб, таҳия ва амалӣ кардани барномаҳои инклюзивии машғулиятҳои ба талаботи бозор нигаронидашуда, аз он ҷумла баҳодиҳӣ ва сертификатсиякунии муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба масъалаҳои малакаҳои касбӣ, тасвиби барномаҳои модели баробарҳуқуқии гендерӣ дар литсейҳои интихобшуда, аз он ҷумла такмилдиҳии нақшаҳои таълимӣ ва маводи таълимӣ доир ба ихтисосҳои интихобшудаи ғайрианъанавӣ, зиёд намудани миқдори духтарон, ки ба курсҳои ихтисосҳои ғайрианъанавӣ то 25 фоиз ва таъмини 35 фоиз устоҳои таълимӣ ва 25 фоиз омӯзгорон аз ҳисоби занон, ки методологияи таълимиро аз худ намудаанд, дар назар аст.
Дар раванди татбиқи лоиҳа, инчунин пурзӯр кардани идора ва роҳбарии системаи маълумоти касбӣ — техникӣ ва таҳсилоти калонсолон дар назар аст. Дар ин самт ҳалли масъалаҳои пурзӯр кардани иқтидори салоҳияти касбии идоракунии роҳбарони литсейҳои касбӣ — техникӣ ва марказҳои таҳсилоти калонсолон, муовинон ва методистони онҳо пешбинӣ шудааст. Ҷиҳати иҷрои бахши мазкур гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси масъулини Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон, бозори меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат, шиносоӣ ва омӯзиши таҷрибаи кори системаи маълумоти касбӣ-техникӣ ва таҳсилоти калонсолон бо бозори меҳнат ва кордиҳандагон, инчунин дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст, ки барои беҳтар кардани сатҳи идоракунии муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд.
Мақоми ваколатдори татбиқкунандаи лоиҳа – Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, дар назди вазорат гурӯҳи идоракунии лоиҳа иборат ва 10 нафар таъсис дода мешавад, ки онро менеҷери лоиҳа, мушовирон оид ба масъалаҳои маблағгузорӣ, харид, гендер ва маориф, ҳамоҳангсози татбиқи методологияи салоҳияти касбӣ, мутахассис оид ба мониторинг ва баҳодиҳӣ, тарҷумон, мутахассиси технологияҳои компютерӣ, идоракунандаи маъмур ва ҳамоҳангсози кумитаи идоракунӣ ташкил медиҳанд. Маблағгузории гурӯҳи идоракунӣ аз ҳисоби Бонки Осиёии Рушд амалӣ карда мешавад.
Барои сари вақт ва босифат татбиқ намудани лоиҳа дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи роҳбарии лоиҳа таҳти роҳбарии муовини Сарвазир таъсис дода мешавад. Ба ҳайати Кумитаи роҳбарии лоиҳа роҳбарияти вазоратҳои кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об ва кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда мешаванд. Кумитаи номбурда дар ҷаласаҳои худ рафти иҷрои лоиҳаро баррасӣ намуда, кумакҳои заруриро ба Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи вазорат мерасонад. Ҷаласаҳои Кумитаи роҳбарии лоиҳа на камтар аз ду бор дар як сол гузаронида мешавад.
Бо назардошти нукоти зикргардида ва муҳимияти лоиҳаи мазкур барои ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон хоҳишмандем, лоиҳаи мазкур тасдиқ карда шавад.
РАИС: — Сухан оид ба ҳамин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна дода мешавад.
Лутфия РАҶАБОВА: — Муҳтарам Раис, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи грантӣ (Маблағгузории беруна) оид ба Лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд 0453- TAJ (ЕF) 16 ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Ҳадаф аз созишномаи мазкур таҷдиди методологияи система, навсозии инфрасохтор дар муассисаҳои интихобшуда, беҳтар намудани дастрасӣ ба барномаҳои мубрам, тақвияти системаи идоракунӣ ва менеҷменти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш мебошад.
Созишномаи мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 феврали соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуда буд.
Созишномаи грантӣ (Маблағгузории беруна) оид ба Лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд 0453 — TAJ (ЕF) сеюми марти соли 2016 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Иштироккунандагони ҷаласа созишномаи мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Дар робита ба ин, аз шумо – муҳтарам вакилони Маҷлиси намоляндагон эҳтиромона хоҳишмандем созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории тасдиқ шудани он овоз диҳед.
РАИС: - Вакилони муҳтарам!
Масъалаи мавриди баррасӣ хеле муҳим аст, зеро сухан дар бораи беҳтар кардани таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад. Азбаски як давра ба ин масъала ман машғул будам, итминонам комил аст, ки бе тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси коргарӣ ба пешрафти чашмрас ноил шудан маҳол аст.
Имрӯз кадрҳое бояд омода кард, ки ба талаботи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ҷавобгӯ бошанд. Корхонаҳои наве, ки имсолу солҳои минбаъда ба фаъолият шурӯъ мекунанд, ба истеҳсоли маҳсулоти нав ва рақобатпазир машғул хоҳанд шуд ва дастгоҳу таҷҳизоти ин корхонаҳоро онҳое идора ва кор фармуда метавонанд, ки бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ бошанд.
Ман бо рӯйхати касбҳое, ки тибқи ин лоиҳа ба омода кардани онҳо таваҷҷуҳи асосӣ равона карда мешавад, шинос шудам. Ин касбҳо басо муҳим мебошанд ва соҳибони ин касб, ки бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ мешаванд, ҳам дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳам дар берун аз он харидори зиёд хоҳанд дошт.
Азнавтаҷҳизонидани коллеҷҳо бо дастгоҳҳои нав, ворид кардани таҷҳизоти замонавӣ барои дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун мусоидат менамояд. Тӯли панҷ соле, ки ин лоиҳа амалӣ мешавад, касбҳои нав ба вуҷуд меоянд ва инро дар лоиҳа ба эътибор гирифтан зарур аст.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ (Маблағгузории беруна) оид ба Лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд 0453- TAJ (ЕF) ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи дуюми рӯзнома — «Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ (Амалиёти махсус) оид ба Лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд 3309- TAJ (SF), 0452- TAJ (SF) ном дорад, ки ҳаммазмуни масъалаи аввали рӯзнома буда, аз ин хусус вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин, раиси кумитаи дахлдори Маҷлиси намояндагон ба шумо маълумоти зарурӣ пешниҳод карданд.
Боз ягон маълумоти дигар ба шумо лозим аст? Лоиҳаи қарорро ба овоз монам?
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ (Амалиёти махсус) оид ба Лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд 3309- TAJ (SF), 0452 – TAJ (SF) ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи ҷаласа — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.
Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2016 таҳти №545 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намоядагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.
Мақсади қонуни мазкур иборат аз пешгирӣ ва коҳиш додани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи муомилот бо асъори хориҷӣ, мусодираи асъори ба таври ғайриқонунӣ истифодашуда мебошад.
Дар мувофиқа бо қисми 10) моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки татбиқи ҷазоро дар намуди ҷарима муқаррар намуда, пешбинӣ мекунад, ки дар ҳолати иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима ва ё ҷазои ҷарима ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ як шабонарӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки 40 сомонӣ аст, барои содир кардани ҷинояти дар қисми 1 моддаи 286 Кодекси мазкур пешбинишуда мутобиқ ба маҳрумкунӣ аз озодӣ ба муҳлати аз шаш моҳ то як сол ҷазои ҷарима дар ҳаҷми аз дусад то сесаду шасту панҷ нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо таъин карда шавад.
Бо назардошти принсипи мазкур, дар санксияҳои қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур, дар заминаи зиёд шудани муҳлати ҷазои маҳрумкунӣ аз озодӣ маблағи ҷазои ҷарима низ зиёд мегардад.
Қонуни мазкур аз Буҷети ҷумҳурӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Тамоми кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати такмили он ҳашт таклифу пешниҳод манзур намуданд, ки аз онҳо ҳафттоаш қабул гардида, як таклиф қабул шуд.
Бо назардошти пешниҳоду таклифҳои пешниҳодгардида, дар мувофиқа бо намояндаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳа такмил дода шуд.
Лоиҳа ба Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунад.
Эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ба тарафдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.
РАИС: - Вакилони гиромӣ!
Бо дарназардошти хеле муҳим будани масъалаи мазкур, мо ба ҷаласаи имрӯза муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиевро даъват намудем. Аз ӯ хоҳиш менамоем оид ба масъалаи мавриди баррасӣ нуктаи назари Раёсати Бонки миллии Тоҷикистонро манзур намояд.
Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Аз фурсати муносиб истифода бурда, бо камоли эҳтиром арзи сипос ва миннатдории худро барои дастгирии доимиатон баҳри дар амал татбиқ намудани ислоҳоти низоми бонкӣ, нигоҳ доштани суботу устувории вазъи молиявию иқтисодӣ, пешбурди муваффақонаи сиёсати пулию қарзӣ ва такмили қонунгузорӣ иброз менамоям.
Чуноне маълум аст, имрӯз аксари кишварҳои шарику ҳампаймонро буҳрони иқтисодию молиявӣ фаро гирифтааст, ки таъсири манфии он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мерасад.
Дар чунин вазъи буҳронӣ Бонки миллии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки иҷрои вазифаҳои ба зиммааш вогузоршударо уҳдабароёна амалӣ гардонад. Аз ҷумла барои идома додани ислоҳоти самарабахши низоми бонкӣ ва рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ пайваста кор бурда, баҳри ноил гардидан ба сатҳи муътадили таваррум ва устувории қурби пули миллӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Яке аз вазифаҳое, ки дар назди Бонки миллии Тоҷикистон гузошта шуда буд, ин дар муҳлати кӯтоҳтарин коҳиш додани тафовути байни қурби расмӣ ва бозори нақдии асъори хориҷӣ (доллари ИМА) мебошад. Тавассути тадриҷан кам кардани тафовути байни қурбҳо имрӯз фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби нақдии бозории асъори хориҷӣ ба танзим дароварда шудааст.
Минбаъд низ дар самти баланд бардоштани дараҷаи боварию эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, нигоҳ доштани сатҳи муътадили таваррум ва устувории пули миллӣ, афзун намудани захираҳои байналмилалии кишвар, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, тақвият додан ба фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок, коҳиш додани сатҳи долларизатсия дар иқтисодиёт ва пешгирии муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Яке аз чунин тадбирҳо пешгирии муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ мебошад, ки татбиқи он зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдорро ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд.
Бо ин мақсад лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ва пешгирии содиркунии ҷиноят таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Амалияи татбиқи ҷазо барои содир кардани ҷинояти бо моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда (муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) дар намуди ҷарима ва ё маҳрум кардан аз озодӣ, бо маблағи даромадҳои ғайриқонунӣ бадастовардаи ҷинояткорон муқоисанашаванда буда, ҳамчун воситаи пешгирии ҷиноят таъсири назаррас надоранд.
Аз ин рӯ, дар лоиҳа тағйиру иловаҳои дахлдор ба моддаҳои 57 ва 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Тибқи илова ба банди а) қисми 1 моддаи 57 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад, ки маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки дар натиҷаи содир намудани ҷинояти дар қисми 3 моддаи 286 Кодекси мазкур ба даст оварда шудаанд, бояд аз маҳкумшуда мусодира карда шаванд.
Тағйирот ба моддаи 286 Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ менамояд, ки ҷазои ҷиноятӣ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дар намуди ҷарима ва маҳрумӣ аз озодӣ пурзӯр карда шавад, яъне:
- дар санксияи қисми 1- уми модда андозаи ҷарима ба ҷои аз сад то яксаду ҳаштоду се, ба андозаи аз дусад то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ карда мешавад;
- дар санксияи қисми 2- юми модда андозаи ҷарима ба ҷои аз панҷсаду чилу ҳафт то нуҳсаду дувоздаҳ ба андозаи аз ҳафтсаду сӣ то як ҳазору наваду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва муҳлати маҳрумӣ аз озодӣ ба ҷои аз се то панҷ сол ба муҳлати аз чор то шаш сол пешбинӣ карда мешавад;
- дар санксияи қисми 3- юми модда андозаи ҷарима ба ҷои аз нуҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст, ба андозаи аз як ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт то як ҳазору шашсаду чилу ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва муҳлати маҳрумӣ аз озодӣ ба ҷои аз панҷ то ҳашт сол ба муҳлати аз ҳафт то нуҳ сол пешбинӣ мешавад.
Ҳаҷми чаримаҳо бо дарназардошти талаботи банди 10) — уми моддаи 49 Кодекси ҷиноятӣ, яъне (ҳангоми иваз намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷазои ҷарима ва баръакс) ба 50 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (20 сомонӣ) баробар будани як шабонарӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ, пешбинӣ шудааст.
Барои таваҷҷуҳатон арзи сипос намуда, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатии рӯзнома – Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба Нуруллоевна дода мешавад.
Насиба СОДИҚОВА : — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ҳангоми муомилот бо асъори хориҷӣ ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ таҳия гардидааст, ки мувофиқи он санксияи моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода мешавад, ки андозаи ҷарима пурзӯр карда, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 546 аз 8 феврали соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, барои такмил ёфтани он аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 таклиф пешниҳод гардид.
Кумитаи масъул 3 марти соли 2016 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, дар он 15 таклифи кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуд, ки 11-тои он қабул гардида, чор таклиф қабул нашуд.
Бо назардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд. Аз ҷумла лоиҳа ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ карда, матни русии лоиҳа бо матни тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад ва аз Буҷет давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Бо назардошти нукоти зикршуда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории ин лоиҳа овоз диҳед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолият ва чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Ассамблеяи байнипарламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ҳоло вазифаи ифтихории худ медонам, ки ба чанде аз ҳамкасбонамон – вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизаҳои ин ассамблеяҳоро тақдим намоям.
Бо қарори Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ Хайринисо Юсуфӣ бо олитарин мукофоти ин ассамблея – Ордени «Иттиҳод» («Содружество») мукофотонида шудааст.
Бо қарорҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ Бибидавлат Авзалшоева, Олимҷон Сафаров ва Дилшод Исматуллоев бо Ифтихорномаи фахрии ин ассамблея мукофотонида шуданд.
Бо қарори Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир бо Ифтихорномаи фахрии ин ассамблея сазовор дониста шуд.
Ман ҳамаи онҳое, ки бо ин мукофотҳои олӣ сазовор гардиданд, аз номи шумо — вакилони гиромӣ муборакбод гуфта, барояшон муваффақият ва амалӣ шудани орзуҳои наҷибашонро таманно мекунам.
Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ