Соли 2015 — cоли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор

№34 (3514) 11.03.2016

(Аввалаш дар шумораҳои гузашта)

 12-Афгонистон  (14)Доктор Абдулло Абдулло ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар робитаҳои хориҷии Афғонистон басо баланд арзёбӣ кард. Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили амниятӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зоҳир гардид.

9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории бисёрпаҳлуи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун бори дигар ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дода, ҳамзамон, барои дар сатҳи баланд ва бо мудирияти мусоид ба роҳ мондани конфронси байналмилалӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқоти судманди дуҷониба анҷом дод.

Сарвазири Покистон аз баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) изҳори қаноатмандӣ намуд.

Муҳаммад Навоз Шариф ба Эмомалӣ Раҳмон барои пазироӣ ва меҳмоннавозие, ки зимни сафар нисбат ба ҳайати Покистон сурат гирифт, изҳори сипос намуд.

13 июл сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Баррасии масоили вобаста ба таҳкими муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории судбахши Тоҷикистону Ҳиндустон нахуст дар мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ оғоз ёфта, зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ бо таваҷҷуҳ ба мақоми муносиби Тоҷикистон дар муносиботи хориҷии кишвараш изҳори бовар намуд, ки сафари давлатиаш ба Тоҷикистон дар роҳи таҳким ва густариши робитаҳои ду кишвар нақши намоён мегузорад.

Бо ёдоварӣ аз натиҷаҳои хуби ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа ва энергетика изҳори бовар карда шуд, ки минбаъд робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ низ тавсеа меёбанд. Таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва иштироки ширкатҳои Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон аз ҷумлаи роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодӣ номида шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ се санади нав дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонида шуд. Зимни изҳороти матбуотӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои робитаҳои ду кишвари дӯст баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки «мо аз он қаноатмандем, ки байни роҳбарияти ду давлат сатҳи баланди эътимод ва ҳамраъйӣ таъмин гардида, ҳамкории дуҷониба ва чандҷониба пайгирона густариш меёбад».

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз Тоҷикистон, ки 14 сентябр бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо баргузории маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди  Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат сурат гирифт. Сарони ҳар ду давлат аз имкони ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадани муносиботи Тоҷикистону Қазоқистон изҳори хушҳолӣ карданд.

Зимни мулоқоти хоса ва музокироти расмӣ, ки баъдан бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардид, масоили вобаста ба густариши робитаҳои сиёсӣ, ҳарбию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию маърифатӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

(Давом дорад)

 

Абдуфаттоҳ Шарифзода,  

Заробиддин Қосимӣ,  Айниддин Самариддин