Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Акбаралӣ Песнанӣ

№54 (3039) 06.05.2013

Чоруми майи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Намояндагии доимии Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон Акбаралӣ Песнаниро ба ҳузур пазируфт.

Хазинаи Оғохон

Дар мулоқот доир ба ҷараёни ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи  Оғохон оид ба рушд ва дурнамои муносиботи судбахш гуфтугӯй сурат гирифт.

Ба тавсиаи самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бунёди зербинои ҷаҳонгардӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои минтақавии интиқоли барқ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҳар ду ҷониб изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.prezident.tj