на воситаи пулситонӣ
Баҳор ба шаҳри Истаравшан, ки дар доманаи кӯҳҳо ҷойгир аст, нисбат ба дигар минтақаҳои вилояти Суғд 15-20 рӯз дертар фаро мерасад ва ба 15-20-уми март рост меояд. Дар қисмати шимолии шаҳр, ки ҷамоатҳои деҳоти «Савристон» ва «Ниҷонӣ» ҷойгиранд, накҳати «арӯси сол» охири даҳаи аввалу оғози даҳаи дуюми ин моҳ ба машом мерасад. Мардуми шаҳр ба истиқболи Наврӯз омодагӣ мебинанд. Хонабаророн (баровардани амволи хона, таконидани қолинҳо, дар офтоб паҳн кардани кӯрпаву болиштҳо ва амсоли он), тозаву сафед кардани деворҳо ва танаи дарахтон, шинонидани ниҳол, пухтани суманак, пӯшидани сару либоси тоза суннатҳои ин ҷашн маҳсуб мешаванд.
Бойчечак навъи гулест, ки пеш аз ҳамаи рустаниҳо аз замин сар мебарорад. Бино ба шаҳодати Қомуси Шӯравии Тоҷик, дар ҷаҳон 46 намуди чунин гулҳои наврӯзӣ мавҷуд буда, онҳо дар Афғонистони Шимолӣ, Эрон, Осиёи Хурд, Африқои Шимолӣ низ арзи вуҷуд карда, 31 намудаш дар кишварҳои собиқи шӯравӣ (асосан дар Осиёи Миёна, Қазоқистон ва қисман дар Қафқоз) мерӯянд. Дар Помиру Олой бошад, мувофиқи маълумоти китоби «Флораи Тоҷикистон», 14 намуди худрӯи гулҳои наврӯзӣ маълуманд.
Дар асоси тадқиқоти фолклоршиноси машҳури тоҷик шодравон Раҷаб Амонов, дар кишвари мо гулҳои намудашон зард бо номи «гулҳои наврӯзӣ» ва гулашон бунафш ё бунафши сиёҳтоб бо номи «сияҳгӯш (сиёвуш)» машҳуранд.
Бино ба гуфтаи ин донишманди фақид, навъҳои зардгули он дар шаҳрҳои қадимаи Бухоро, Самарқанд, Истаравшан ва ғайра маъмул буда, онро «бойчечак» меноманд. Бойчечак 10 — 15 см қад дошта, пиёзакаш ғафс, баргаш достшакл ва гулаш зардтоб буда, дар як бех аз як то чор гул дорад. Баробари аз зери барф сар баровардани гул бачаҳо онро бо ҳавас рӯи даст гирифта, ба минтақаҳои серодами шаҳру деҳот мешитобиданд. Сари роҳ ба ин гурӯҳ бачаҳои дигар низ ҳамроҳ мешуданд. Баъд онҳо хона ба хона гашта, баробар суруд мехонданд:
Бойчечак аз дур омад,
Аз почакаш хун омад.
Бойчечак-бойчечак
Дар аксар ҳолат аз бачаҳо як нафарашон байт мехондааст. Масалан:
Бойчечако уварӣ,
Майдони бовом ҷуварӣ.
Дигарон бо як овоз ба нақарот ҳамроҳ мешуданд:
Бойчечак — бойчечак.
Садои бачаҳоро шунида, соҳибони хона, аксар вақт занону пиронсолон, ба берун мебаромаданд ва бойчечакро гирифта, бӯй мекашиданд ва ба чашмонашон молида, мегуфтанд:
- Шукр, ки чашмонам туро, муждаи баҳорро боз мебинанд. Сад бор шукр, ки боз ба Соли нав ва баҳори нав расидем. Эй гули ҳамаи гулҳо, вазниниҳои маро гиру сабукиҳоятро деҳ. Моро боз ба Соли нави дигар бирасон!
Баъд аҳли ҳар хонадон ба бачаҳо туҳфа медоданд.
Охири моҳи декабр ба дафтари корам ду писарбачаи тақрибан 10-12 — сола даромаданд ва ба сурудхонӣ сар карданд:
- Бойчечак, бойчечак…
Соат тақрибан 11-и рӯз буд, яъне вақти дарсхонии мактаббачаҳо. Бачаҳо ҷузвдонҳои мактабиро дар пушташон паноҳ медоштанд. Дар дасти яке аз онҳо бойчечак буд.
Ба чашмонам бовар накардам. Бойчечак одатан дар фарҷоми фасли сармо, вақте ки ҳаво нарму замин қадре гарм мешавад, аз замин сар мебарорад.
- Инро аз куҷо ёфтед? — бо ҳайрат пурсидам ман.
- Ба мо аз домани кӯҳҳо чида оварданд, — гуфт писараке, ки дар даст гул дошт.
- Шумо дар кадом мактаб мехонед ва чаро дар вақти дарс ба чунин корҳо машғул ҳастед? Сониян, бойчечакро як касу ду кас гирифта намегардад, одатан барои ин кор 10-12 бача ҷамъ мешавад, хона ба хона гашта, як нафар суруд мехонад, дигарон ба нақарот ҳамроҳ мешаванд. Мақсад аз чунин гулгардонӣ табрик кардани одамон бо фарорасии фасли баҳор аст. Шумо бошед, дар чиллаи зимистон бойчечакхонӣ омадед, — гуфтам ман.
Бачаҳо диданд, ки ба ҷои он ки барояшон чанд танга бидиҳам, чунин суолборон дорам, чизе нагуфта берун шуданд.
Аз байн чанд рӯз гузашту айнан ҳамин ҳолатро дар ноҳияи ҳамсояи Деваштич дучор омадам. Дар назди идораи рӯзномаи «Овози Ғончӣ» бо рӯзноманигор ва нависандаи ҳаҷвнигор Эгамназари Соҳибназар суҳбат доштаму писараке ба гуфтугӯи мо эътиборе надода, рост наздамон омад ва таври низомӣ рӯ ба рӯи ман қарор гирифта, дар даст гули бойчечак дошт ба сурудхонӣ даромад.
- Қимоб кардетон. Сари роҳ, дар бозор, кӯча, идора «бойчечакгӯӣ». айба намедонед, равед, мактабро нағз хонед. Бегоҳӣ 10-15 нафар ҷамъ шаведу баъд хона ба хона гашта, «бойчечакхонӣ» кунед. Лекин гуфта монам, ҳоло ба омадани баҳору бойчечакхонӣ барвақт, — гуфт Эгамназари Соҳибназар.
Ин дам мӯйсафеде ба суҳбати мо ҳамроҳ шуд. Мазмун ба гуфтугӯи мо эътибор медодааст.
- Ин бачаҳо хона ба хона намегарданд, зеро соҳибхонаҳо ба инҳо қанду қурс, нону ширинӣ доданашон мумкин, вале ин бачаҳо пул кор кардан мехоҳанд. Ба фикрам, бойчечакҳоро дар гармхонаҳо парвариш карда, аз вақташ барвақттар сабзонида, онро ба воситаи пулситонӣ табдил додаанд, — бо кароҳат даст афшонда, гуфт мӯйсафед.
Гуфтаҳои таҳдору дилсӯзонаи мӯйсафед маро ба андеша водор кард.
Бойчечак рамзи баҳор аст, маросими мавриди назар аз суннатҳои қадима буда, он таърихи бисёрҳазорсола дорад. Биноан, ба падару модари чунин бачаҳо ва муаллимонашон муроҷиат карданиам:
- Ба ҳеҷ ваҷҳ имкон надиҳед, ки ин маросими зебои гулгардониро ба воситаи пулёбию пулситонӣ табдил диҳанд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»