Ташкили 36 участкаи раъйпурсӣ дар хориҷи кишвар

№35 (3515) 14.03.2016

11 марти соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласа баргузор гардид.

Дар он як қатор масъалаҳои муҳими давраи омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд.

Бинобар тағйир ёфтани номи баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2016 амалӣ карда шуд ва дар асоси талаботи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба қарори худ аз 15 феврали соли 2016 таҳти №4 тағйироти зеринро ворид намуд, ки мувофиқи он ҳавзаи раъйпурсии Ҳисор №15 ба ҳавзаи раъйпурсии шаҳри Ҳисор №15, ҳавзаи раъйпурсии Ҷиргатол №16 ба ҳавзаи раъйпурсии Лахш №16, ҳавзаи раъйпурсии Тавилдара №12 ба ҳавзаи раъйпурсии Сангвор №12, ҳавзаи раъйпурсии Қайроққум №29 ба ҳавзаи раъйпурсии Гулистон №29, ҳавзаи раъйпурсии Чкалов №33 ба ҳавзаи раъйпурсии Бӯстон №33, ҳавзаи раъйпурсии Ғончӣ №37 ба ҳавзаи раъйпурсии Деваштич №37, ҳавзаи раъйпурсии Ҷалолиддини Румӣ №57 ба ҳавзаи раъйпурсии Ҷалолиддини Балхӣ №57, ҳавзаи раъйпурсии Қумсангир №58 ба ҳавзаи раъйпурсии Ҷайҳун №58, ҳавзаи раъйпурсии Ҷиликӯл № 66 ба ҳавзаи раъйпурсии Дӯстӣ №66, ҳавзаи раъйпурсии Шӯрообод №68 ба ҳавзаи раъйпурсии Шамсиддин Шоҳин №68 иваз карда шуд.

Инчунин, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҳар чӣ бештари шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият доранд, ба раъйпурсии умумихалқӣ мувофиқи талаботи моддаҳои 14 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати ташкили участкаҳои раъйпурсӣ дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар қарор қабул намуд.

Бояд қайд намуд, ки мувофиқи қарори мазкури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар 29 давлати ҷаҳон дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 участкаи раъйпурсӣ ташкил карда шуд. Участкаҳои раъйпурсӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардиданд, ба ҳавзаи раъйпурсии Шоҳмансур №3 тибқи рақамҳои аз 41 то 76 мансубанд ва комиссияҳои участкавии раъйпурсии мазкур натиҷаҳои овоздиҳиро доир ба раъйпурсӣ ба комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Шоҳмансур №3 пешниҳод менамоянд.

Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, инчунин як зумра масъалаҳои муҳими давраи омодагӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ баррасӣ гардид.

 

М. Аъзам, «Садои мардум»