21 март – Рӯзи байналмилалии шеър

№39-40 (3519-3540) 19.03.2016

Тахти баланди Наврӯз

Ҳар ҷо баланд бошад, он ҷост ҷойи тоҷик,

Силсилакӯҳсорон шуд, муттакойи тоҷик.

Наврӯзи Тоҷикистон рамзи баландӣ бошад,

Аз гул гуҳар бубезад з — он ҷо ба пойи тоҷик.

Найсони Ваҳдат ин ҷо резад зи авҷи гардун,

Бар боғу киштаҳои неъматфизойи тоҷик.

Тахти баланди Наврӯз, бахти баланди миллат,

Чун тахти бегазанди кишваркушойи тоҷик.

Аз хони ҳафтсинаш лабрези шаҳд созад,

Бо косаҳои лола паймонаҳойи тоҷик.

Дар хони ҳафтшинаш, шин як дамею бингар,

Дасти расойи тоҷик, файзу сахойи тоҷик.

Наврӯз шуд ҷаҳонӣ, чун рамзи ҷовидонӣ,

Бошад нишони фахру фатҳу бақои тоҷик.

Гардида гулбадомон, сабзу шукуфаафшон,

Чун гулистони сабзи меҳру вафойи тоҷик.

Наврӯз арҷмандӣ, Наврӯз бегазандӣ,

З — он ҷӯр сози олам, шуд бо навойи тоҷик.

Ҷумъа Қувват

Шеър

Эй муниси ҷону ёварам, шеър,

Гулбоғи даруни дафтарам, шеър.

Аз ҳамлаи ғам ба ҳар куҷое

Ман дар ту паноҳ мебарам, шеър.

Чун ҳадя барои модари ҷон

Як даста гули муаттарам, шеър.

Саршор зи розу аз муҳаббат

Арзи дили ман ба дилбарам, шеър.

Чун дасти дуои нек бошӣ,

Бар ҳар амале ту раҳбарам, шеър.

Ҳангоми намоз сатрҳоят

Ҳар гаҳ ба забон оварам, шеър.

Дар ҷодаи пурфарози ҳастӣ

Эй зӯру тавону боварам, шеър.

Аз ҳасрату дард дар амонам,

Зеро ту мудом дар барам, шеър.

Бар ҳикмати туст эътимодам,

Хуштадбиру некдоварам, шеър.

Аз кини аду чу ҷавшан астӣ,

З-ин ҷост, ки ман музаффарам, шеър.

Гар ҷозибае ба гуфтанам ҳаст,

Бо шеваи ту суханварам, шеър.

Дар ҳар сафаре чу тӯшаи раҳ

Бо хеш туро ҳамебарам, шеър.

Аз ҳастии ту дилам фараҳрез,

Наврӯзи нишотоварам, шеър.

   

Абдурауф МУРОДӢ