Наврӯз ҷашни оғози баҳору эҳёи табиат, киштукори деҳқониву мавсими кори чорводорон, ҷашни на танҳо инсон, балки ҳама мавҷудоти олам низ мебошад.
Дар Бадахшон ин ҷашни хуҷаста ва фархундаро дар баробари «Наврӯзи олам» баъзан «Наврӯзи султонӣ» ҳам мегуфтанд. Дар Шуғнон ва Роштқалъа онро «Хидир-айём» (иди калон, иди бузург ё иди идҳо) мегӯянд. Серистеъмолтарин калима нисбат ба ин ҷашни бостонӣ қариб дар ҳама ҷо истилоҳи «Шогун» ё «Шогун баҳор» мебошад. Дар Ванҷу Дарвоз онро «шавгун» низ ном мебаранд.
Дар Дарвоз ба Наврӯз як моҳ омодагӣ мебинанд. Мардҳо пайи таъмини хонавода бо хӯрокаву ҳезуманд, зеро баъди Наврӯз сад кунда бисӯз гуфтаанду барои гулхани Наврӯзӣ низ ҳезуми зиёд даркор аст.
Анъанаи хубе, ки байни мардум аз насл ба насл боқӣ мондааст, бахшиши гуноҳҳо ва берун кардани кинаҳо аз дил мебошад. Тахминан соатҳои чори шаб ҷавонон дар маркази деҳа гулхани калони Наврӯзиро фурӯзон мекунанд ва то дамидани субҳ зери садои мусиқӣ рақси гулдухтарону ҷавонписарон идома меёбад. Пас аз он аловпарак оғоз мегардад. Дар яке аз деҳаҳои нисбатан калони водии Вахон — Вранг ва деҳаҳои ҳамсояи он таоме бо номи Хужгмил пухта мешавад, ки маҳсулоти он аз орди гандум (ҳафт-ҳашт кг), кӯфтаи сабзаи хушкардаи гандум (як кг), мағзи кӯфташудаи зардолуи талхак (ним кг) ва пораҳои ях (як ҷувол) таркиб меёбад.
Маълум аст, ки суманак файзу баракати хонадон, ширинии рӯзгор, покӣ ва хуррамии зиндагиро ифода мекунад. Дар ин таоми маросимӣ баробари суманак, талхӣ (мағзи зардолуи талхак) ва сардӣ (пораҳои яхи аз кӯҳ овардашуда) низ истифода шудааст, ки онҳо маънии зиндагӣ ва нияти мардумро дақиқтар бозгӯйӣ мекунанд. Яъне, зиндагӣ дар як сатҳ қарор намегирад. Он ҳам ширину талх аст ва оқибати сардӣ бошад, гармист. То солҳои 50-60 — уми асри гузашта дар Рӯшон, бахусус баъзе деҳаҳои водии Бартанг, як моҳ қабл аз Наврӯз маросиме бо номи «Бат-айём» бо шукӯҳу тантана чун пайки баҳор ҷашн гирифта мешуд. Дар ин ид мардҳо дар дегҳои калон таоми «бат» мепухтанд (имрӯз ҳам дар ҷо-ҷо мепазанд), ки маҳсулоти он аз яхоб ва орди гандуми навъи сурхак иборат буда, маза ва рангаш ба сумалак то андозае шабеҳ аст.
Дар иртибот ба калимаи «сурхак» зикри чанде аз расму оини дигари наврӯзӣ мувофиқи матлаб аст. Дар бархе аз деҳаҳои Шуғнон ва Ишкошим агар зане субҳи барвақт (ӯро касе бояд дучор наояд, чаро ки аз рӯи бовар яке агар саъд бошад, дигаре «наҳс» аст) барои оби хӯрокиҳои Наврӯзӣ ба сари чашма, ҷӯй ё лаби дарё равад, вай бояд ҳатман куртаи сурхранг ба бар ё рӯмоли сурхтоб дар сар кунад. Дар деҳаҳои алоҳидаи ноҳияҳои ёдшуда то даҳсолаҳои наздик расме буд, ки мувофиқи он марди хона ба дамидани субҳи рӯзи аввали таҷлили Наврӯз (ӯро ҳам бояд касе набинад) ба ҷое, ки зардбед аст, рафта, чанд дона (одатан ҳафт дона) навдаи онро гирифта оварда, онҳоро гулбурӣ мекунад ва дар ягон ҷои сақфи хона мегузорад. Пас аз анҷоми ин амал, ки он ҳам нияти неки ҳар хонаводаро ифода мекунад, он мард ягон чизи (одатан матоъ ё ришта) сурхрангро гирифта, болои бом мегузорад. Ин расмро «сурхгузорӣ» ё «сурхбарорӣ» мегӯянд.
Расми сурхбарорӣ, аз як тараф, рамз ё муждаи фаро расидани Наврӯзи олам бошад, аз ҷониби дигар, он нишонаи тансиҳатӣ аст. Мисли дигар халқҳои ориёитабор дар Бадахшон ҳам, ҳанӯз расми «аловпарак» ё «чоршанбеи сурӣ» барқарор аст. Дар деҳаи Тусён (Роштқалъа) агар як авлод дар шабе, ки таоми маросимӣ – боҷ мепазанд, анъанаи фалакзаниро риоя кунанд, авлоди дигар бегоҳии он шаб дар ҷои ҳамворе гулхан фурӯзон мекунанд, бо навбат аз болои он ҷаҳида: «Зардии рӯи ман аз ту, сурхии ту аз ман» мегӯянд. Дар деҳаҳои Барзуду Дерзуд, Хуфу Баҷув (Рӯшон) ва деҳоти «Сохчарв» (Шуғнон) низ то солҳои наздик дар арафаи ҷашни Наврӯз расми «аловпарак» бо ибораи «Чоршанбеи сурик» (сурик – калимаи паҳлавӣ – аз гули сурх) барпо мегаштааст, ки қабл аз болои алангаи оташ паридан ё гирдаш гаштан ба гиребон ва миёнбанд пораи матоъ ё ресмони сурх баста, ҳангоми аз болои гулхан ҷаҳидан мӯе аз либосашон ба он партофта, «балоҳо рад» ё «рафъи балоҳо» мегуфтанд.
Дар деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз дар рӯзи аввали ҷашни Наврӯз аз хурд то калон либоси наву тоза ба бар мекунанд. Махсусан, духтаракон ба нишони фасли баҳор ва рамзи сарсабзию хуррамӣ либоси сабзранг мепӯшанд ва дар чанд ҷои деҳа ҳойҳо (арғунчак) баста, ҳойравак мекунанд. Бегоҳии ҳамон рӯз онҳо бо нияти хушбахтӣ ва бахти сафед либоси сафед пӯшида, расми ордгиракро ба ҷо меоваранд. Онҳо гурӯҳ – гурӯҳ шуда, бо орди худ дар хонаи яке аз дугонаҳояшон ҷамъ омада, зиёфат ва базм ташкил мекунанд. Ҳангоми ба ҷо овардани ин расму таомулҳо духтарон, ҳамчунин мӯйҳояшонро ҷавакбофӣ мекунанд, ки он рамзи муҳаббати пок аст.
Ин аст чанде аз махсусиятҳои Наврӯзи Бадахшон.
Ш. Шоҳқосимов, «Cадои мардум»