Мамнун Ҳусайн: «Эмомалӣ Раҳмон воқеан сазовори унвони олии Пешвои миллат аст»

№39-40 (3519-3540) 19.03.2016

IMG_9301Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон воқеан ба унвони олии Пешвои миллати тоҷик сазовор аст, зеро вай дар даврони роҳбарии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кишвари ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯбарӯшударо ба як давлати пешрафта ва амну субот табдил дод.

Ин нуктаро Мамнун Ҳусайн, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон 16 марти соли равон зимни пазироии самимии ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар Исломобод зикр кард. Президенти Покистон саломи гарму ҷӯшони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ пазируфта, мушарраф гардидани Сарвари давлати моро ба унвони олии Пешвои миллат табрик намуд. Мамнун Ҳусайн аз ҷумла чунин зикр кард: «Мо шоҳиди онем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари дар ҳоли рушд мубаддал гардидааст. Мо аз пешрафтҳои кишвари дӯсти Тоҷикистон бениҳоят хушҳол ҳастем. Воқеан, мардуми шарафманди Тоҷикистон мардуми хушбахт ҳастанд, ки чунин роҳбари хирадманду сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ доранд».

Бо дахли ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвар Президенти Покистон таъкид кард, ки аз сатҳу сифати ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҳама соҳа қаноатманд буда, хостори тақвияти равобит дар сатҳи боз ҳам баландтар мебошад. Зикр шуд, ки имконоти ду кишвар дар заминаи тақвияти равобит дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, туризму фарҳанг ва варзиш, ҳамчунин амният хеле зиёданд ва мебояд аз онҳо самаранок истифода намуд.

Мамнун Ҳусайн таъкид кард, ки талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тақвияти ҳамкории Душанбе ва Исломобод зиёд аст ва аз ҷониби мо низ ин кӯшишҳо дида мешаванд. Сафару боздид­ҳои расмиву кории роҳбарияти олии Тоҷикистону Покистон аз кишварҳои ҳамдигар, мулоқоту вохӯриҳои дӯстонаву самараноки онҳо ва ба имзо расонидани созишномаю дигар санадҳои ҳамкории байнидавлатӣ дар ҷараёни ин сафарҳо барои дурнамои тавсеаи равобити мутақобилан судманд мусоидат менамояд.

Мамнун Ҳусайн сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Покистон, ки моҳи ноябри соли 2015 сурат гирифт, қадами муҳим дар рушди равобити ҳасанаи Душанбе ва Исломобод арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, Мамнун Ҳусайн нақши палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистонро дар фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ ва қонунии Тоҷикистон дар самти ба роҳ мондани робитаҳои гуногунсоҳа ва рушди он муҳим арзёбӣ кард.

Мамнун Ҳусайн таъкид кард, ки Покистон омода аст дар амалӣ шудани лоиҳаҳои хурду миёна ва бузурги Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад.

- Мо лоиҳаи бузурги САSA-1000 — ро, ки интиқоли неруи барқро ба кишвари Покистон интиқол хоҳад дод, ҷонибдорӣ менамоем ва интизори ҳар чӣ тезтар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он ҳастем, -  афзуд Мамнун Ҳусайн.

Дар фарҷоми мулоқот Президенти Покистон рушди муносиботи Душанбею Исломободро дар ҳама бахш ба манфиати мардуми ҳар ду кишвари дӯст — Тоҷикистон ва Покистон маънидод кард.

Мавриди зикр аст, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  дар доираи сафари расмӣ ба Покистон дар кори иҷлосияи навбатии Ассамблеяи миллии Покистон иштирок намуда, бо аъзои Гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Покистон мулоқот намуд.

 

16 марти соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Исломобод бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки  Ҷумҳурии Исломии Покистон дар марҳилаи кунунӣ яке аз кишварҳои зудрушдёбандаи Осиёи Ҷанубӣ маҳсуб меёбад ва рушди  босуботи иқтисодиёти он барои Тоҷикистон низ имкониятҳои васеъро фароҳам меорад. Ба Покистон Тоҷикис­тон метавонад ба наздиктарин бандарҳои баҳрии Қарочию Гвадар роҳ ёбад. Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба, инчунин таҳкими равобити ҳасана ва афзалиятноки иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покис­тон яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод гардид.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон сармоягузорони Покистонро ҷиҳати  сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат — Суғд, Ишкошим, Панҷ ва Данғара даъват намудааст.

- Дар оянда низ ният дорем, ки бо дӯстони покистонии худ лоиҳаҳои муштаракро, ки ба суди на танҳо ду кишвар, балки минтақа низ мебошанд, амалӣ намоем, — афзуд Шукурҷон Зуҳуров.

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф изҳор дошт, ки аз шунидани хабари тасмими ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати бар иловаи тарҳи CASA-1000 интиқол додани неруи барқи иловагии беш аз 1000 MВ ба Покистон хушҳол ва онро ҳамчун армуғон қабул намудаанд.

- Ҳамкориҳои кишварҳоямон дар бахши энергетика рӯ ба рушд овардааст,  аммо мо бояд дар баробари ин, ба рушди дигар соҳаҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Фазои ҳуқуқӣ ва қонунии мусоид барои ҳар ду тараф фароҳам оварда шудааст ва ман итминон дорам, ки масъулони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистону Покистон ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳанд кард, — афзуд Навоз Шариф.

Сарвазири Покистон ҳамкориҳои байнипарлумониро асоси барқарорӣ ва тақвияти муносиботи дуҷониба дар ҳама соҳа дониста, гуфт, ки таҳкими ин равобит метавонад заминаи мусоидро барои инкишофи робитаҳои дигар фароҳам орад.

Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо низ баррасӣ шуданд.

 

17 марти соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ёвари Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба сиёсати хориҷӣ Ториқ Фотимӣ  мулоқот намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот изҳор намуд, ки густариши муносибатҳои шарикӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба, аз ҷумла таҳкими робитаҳои сиёсию иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақа, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикист­он маҳсуб мешавад.

- Зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон (11-13 ноябри соли 2015) ба кишвари Шумо масъалаҳои марбут ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Дар музокирот бо роҳбарияти олии кишвари Шумо таваҷҷуҳи бештар ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, саноат ва рушди шабакаҳои нақлиётии минтақа зоҳир гардид. Итминон дорам, ки дар ин самтҳо ҳамкориҳои байни сохторҳои давлатӣ ва бахшҳои хусусии ду кишвар фаъолтар хоҳанд шуд. Дар ин соҳаҳо, ҳамчунин, аҳамияти таҳкими робитаҳои минтақавӣ ба назар гирифта мешавад, — изҳор дошт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки бо дарназардошти он ки бандарҳои покистонӣ роҳҳои наздиктаринро барои расидан ба баҳр таъмин мекунанд, ҷониби Покистон бандарҳои баҳрии худро ба Тоҷикистон барои воридот ва содироти мол бо имтиёзҳои матлуб пешниҳод намудааст. Мо боварӣ дорем, ки ин иқдом боз як омили тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии байни кишварҳоямон мегардад.

Ба вазъи амниятии минтақа, дахл намуда, Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки Тоҷикистон ва Покистон  ҷонибдории худро аз раванди мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон, ки барои сулҳ ва субот дар ин кишвар ва минтақа ниҳоят муҳим аст, таъкид мекунанд.

- Мо, ҳамчунин, ҷонибдории худро аз қалби Осиё — раванди Истанбул, Конфронси минтақавии иқтисодӣ барои Афғонистон ва дигар равандҳои бисёрҷонибае, ки ба истиқрори  сулҳу субот дар Афғонистон ва минтақа мусоидат мекунанд, изҳор менамоем, — иброз дошт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.

Ҷаноби Ториқ Фотимӣ дар нав­бати худ аз ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва энергетикӣ байни Душанбе ва Исломобод изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори таҳкими ҳар чӣ бештари ин равобит шуд.

Ӯ гуфт, ки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ соҳиби шуҳрату обрӯи баланд гардидааст ва робитаи хуб дош­тани сарвари ҳар кишвар бо чунин шахси ҷаҳонӣ метавонад робитаҳои тарафайнро густариш бахшад.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба масъалаҳои марбут ба амният, мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир изҳори назар карда шуд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон