Наврӯз ба ягон дину мазҳаб робита надорад

№41-42 (3521-3522) 28.03.2016

ХамоишИштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни кишвар

Дар вохӯрӣ шумораи зиёди зиёиёни мамлакат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷ — иштирокчиёни Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз иштирок карданд.

Ҳамоишро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим пури Ҷаҳонгир ифтитоҳ карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аҳли толор, кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи онҳоеро, ки Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил менамоянд, самимона табрик намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, меҳмонони Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯзро аз номи мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон хайра мақдам гуфт.

Таъкид гардид, ки дар кишвари мо ҷашни ҷаҳонишудаи Наврӯз бо Симпозиуми байналмилалии илмии «Наврӯз дар адабу ҳунари ҷаҳон» оид ба баррасии масъалаҳои муҳимтарини ташаккулу таҳаввули Наврӯзи байналмилалӣ оғоз ёфт ва ин пайки тозаи баҳорӣ аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хизмати олимону донишмандон ва адибону фарҳангиёни оламро дар масъалаи тарғиби оини башардӯстонаи Наврӯз, аҳамияти инсондӯстона ва сулҳпарваронаи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани мақом ва манзалати ин ҷашни хусравонӣ муҳиму назаррас арзёбӣ кард.

Аз хизматҳои арзандаи шоирони классику нависандагони муосири зиндаёди тоҷик ёдовар шуда, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки маҳз бо талошҳои шоистаи онҳо ҷиҳатҳои писандидаи Наврӯз, ки беш аз шаш ҳазор сол таърих дошта, барои инсон ва зиндагии хушу хуррами инсоният хизмат мекунанд, бо илова намудани оину рамзҳои нави ҳаётдӯстона ба рӯзҳои мо расидааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Наврӯз бо ягон дину мазҳаб робита надорад, балки ҷашни фарҳангиест, ки аз суннату оинҳои инсондӯстона ва ваҳдатсозу сулҳпарварона иборат мебошад ва маҳз бо ҳамин мушаххасоташ ба ҷашни оммавӣ табдил гардидааст.

Ҳадафи ба Тоҷикистон даъват кардани шумораи зиёди донишмандону адибони маъруф аз кишварҳои мухталифи дунё ва баргузор кардани ҳамоиши адибонро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон воситаи муҳими тарғибу ташвиқи аҳамияти фарҳангпарваронаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ва оини башардӯстонаи он ба оламиён арзёбӣ кард. Ҳамоиши байналмилалии мазкур низ ба таҳкими робитаҳои дӯстиву адабӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам меорад, ки ширкаткунандагони он масъалаҳои муҳими адабиётро баррасӣ намоянд ва барои рушди минбаъдаи он заминаи устувор муҳайё созанд.

Зикр гардид, ки яке аз рамзҳои неку фараҳбахши Наврӯзи ҷаҳонӣ аз рӯзгори кӯҳан то ба имрӯз барпо намудани базмҳои шеър мебошад, ки бо қарори ЮНЕСКО «Рӯзи ҷаҳонии шеър» таҷлил мегардад.

Дар робита ба арзиши баланди шеъру сухан Сарвари давлат қайд намуд, ки Ҳукумати кишвар бо мақсади ба насли имрӯза расонидани афкору ашъори бузургони адабиёт аз ҳисоби Фонди захираи Президент нашри панҷоҳҷилдаи «Ахтарони адаб» — ро ба роҳ монд ва намунаҳои беҳтарини осори адибон интишор гардид.

Сипас, як гурӯҳ иштирокчиёни Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз бо зикри хусусиятҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ ба ташаббусҳои арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷаҳонӣ гардонидани Наврӯзи Аҷам баҳои баланд доданд ва ин хизматҳои шоистаи Пешвои тоҷикони ҷаҳонро намунаи олии башардӯстию фарҳангпарварии Эмомалӣ Раҳмон маънидод карданд.

 www.president.tj