Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№55 (3040) 08.05.2013

Доир ба натиҷаи интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39, бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколати вакили аз нав интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мувофиқи  моддаи  54 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси протоколи комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба натиҷаи интихоботи  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили  хориҷшуда дар  ҳавзаи  якмандатии интихоботии  Восеъ №39,

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:

Сафаров Зайниддин, ки 5 майи соли 2013 дар ҳавзаи  якмандатии  интихоботии Восеъ №39 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст, ба қайд гирифта шуда, ваколати ӯ тасдиқ карда шавад.

 

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                Ш. Шоҳиён

 

Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии   

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                В. Наимова 

ш. Душанбе,  6 майи соли 2013 №28