Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Ашт ва мулоқот бо сокинони ноҳия
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Мулоқоти имрӯзаи мо дар идомаи баргузории чорабиниҳои Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар ҳамаи гӯшаву канори кишварамон бо рӯҳияи баланд ва ифтихор аз истиқлолу пойдории сулҳу субот таҷлил мегардад, доир шуда истодааст.
Наврӯзи Аҷам, ки аллакай дар бисёр кишварҳои олам соли панҷум ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил карда мешавад, ҳар сол ба сарзамини тоҷикон файзу баракати нав меорад.
Ин ҷашни қадимаи миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо мазмуну муҳтавои тоза шукӯҳу шаҳомати бузургтар касб намуда, эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдату иттиҳоди халқи моро таҳким бахшидааст.
Шукӯҳу тантанаҳои наврӯзӣ гувоҳи он мебошад, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои бостонӣ арҷ гузошта, барои пойдорӣ ва боз ҳам ғанӣ гардонидани онҳо пайваста иқдом менамояд. Зеро мо эҳё кардан ва эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги деринаи миллиамонро ба сифати ҳадафи марказии сиёсати фарҳангиамон ҳисобида, пайваста талош ба харҷ медиҳем, ки ҳар амали дар ин самт анҷомдодаамон боиси баланд рафтани эҳсоси ватандориву худшиносии миллӣ, ифтихор аз давлатдории мустақил, омили муҳими таҳкиму пойдории дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати ҷовидонаи халқамон гардад.
Аз ин хотир, дар ин лаҳзаҳои фасли зебои баҳор ва идомаи тантанаҳои ҷашни аҷдодӣ тамоми сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Аштро бо ҷашни муқаддаси миллиамон – Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо ва тамоми мардуми ноҳия фазои орому осуда ва барору комёбӣ орзу карда, барои истиқболи самимиатон изҳори сипос менамоям.
Бигзор Наврӯзи оламафрӯз ба хонадони шумо баракати зиндагиро афзун намуда, боиси хушҳоливу хушрӯзии боз ҳам бештари ҳар якатон гардад.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Зикр кардан бамаврид аст, ки даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои ноҳияи Ашт барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он марҳалаи тоза маҳсуб мешавад.
Дар ин муддат дар қаламрави ноҳия даҳҳо корхонаҳои хурду миёна, марказҳои хизматрасонӣ ва муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки барои бо ҷойи корӣ таъмин намудани садҳо нафар сокинон ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат карда истодаанд.
Чунонки медонед, соли гузашта сохтмони хатти интиқоли барқи 220 киловолтаи Гулистон — Ашт мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо фаъол гардидани хатти барқи мазкур ва зеристгоҳҳои нави он, ки дар онҳо таҷҳизоти навтарини стандарти ҷаҳонӣ насб шудаанд, ноҳия ба шабакаи ягонаи энергетикии кишвар пайваст гардид.
Иқдоми зикршуда имконият дод, ки ҳаҷми интиқоли неруи барқ ба ноҳия чор баробар афзуда, талафоти техникии он бамаротиб коҳиш ёбад.
Дар натиҷа имкони таъминоти аҳолӣ ва пойгоҳҳои обкашии ноҳия бо неруи барқ хеле беҳтар гардида, барои азхудкунии заминҳои бекорхобида имконияти васеъ фароҳам оварда шуд.
Айни замон, бо мақсади беҳтар намудани таъминоти ноҳия бо неруи барқ дар Вазорати энергетика ва захираҳои об лоиҳаи сармоягузорӣ ҷиҳати бунёди хатти барқи 35 — киловолта ба масофаи 17 километр ба самти Шайдон — Понғоз ва зеристгоҳи барқии Хиштхона мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ҳукумати мамлакат дар ояндаи наздик ҷиҳати пурра аз миён бардоштани мушкилоти энергетикӣ, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, азхудкунии заминҳои нав ва таҷдиду азнавсозии пойгоҳҳои обкашии ноҳия тадбирҳои иловагӣ меандешад.
Иҷрои ин амал, агар аз як ҷониб, боиси ба гардиши кишоварзӣ ворид гардидани заминҳои бекорхобида шавад, аз ҷониби дигар, чун манбаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиш додани содироти он ба хориҷи кишвар мегардад.
Соли гузашта корхонаҳои саноатии ноҳия пурмаҳсул фаъолият намуда, ба маблағи зиёда аз 125 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли 2014 беш аз 11 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳукумати кишвар ҳамасола ба корҳои ободу зебо гардонидани ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Ашт таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, барои пешрафти бахшҳои мухталиф, ҷалби маблағгузорӣ, бунёди иншооти зарурии иҷтимоиву маишӣ ва ободонии маҳалҳои аҳолинишин барномаҳои зиёдро амалӣ менамояд.
Натиҷаи татбиқи барномаҳои то имрӯз қабулшуда ба истифода дода шудани силсилаи иншооти таъиноти гуногун мебошад, ки мо имрӯз ба фаъолияти чанде аз онҳо, аз ҷумла Кохи фарҳанг барои 800 ҷойи нишаст, бинои нави таълимӣ дар назди мактаби деҳаи Хиштхонаи деҳоти «Понғоз» ва чойхонаи миллӣ дар шаҳраки Шайдон ҳусни ифтитоҳ бахшидем.
Бояд гуфт, ки сохта, ба истифода додани ҳама гуна иншоот, аз ҷумла коргоҳҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои тандурустиву фарҳанг, варзиш, мактабу синфхонаҳои нав ва марказу нуқтаҳои хизматрасонӣ нишонаи фарҳанги созанда ва суннатҳои ободгаронаи мардуми куҳанбунёди мо буда, зарур аст, ки чунин раванди нек бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва дар ҳамаи гӯшаву канори Ватани маҳбубамон вусъат бахшида шавад. Зеро ин ҳама ба муҳайё гардидани ҷойҳои нави корӣ, афзудани даромади аҳолӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Маҳз бо ҳамин мақсад дар ҳудуди ноҳияи Ашт дар вақтҳои охир, аз ҷумла имрӯз 20 иншооти нави иҷтимоиву истеҳсолӣ ва хизматрасониву маишӣ бо таъсис додани беш аз 100 ҷойи иловагии корӣ ба истифода супорида шуд.
Тибқи нақша соли ҷорӣ дар шаҳраки Шайдони ноҳия коргоҳи коркарду бастабандии зардолу ва корхонаи хурди дӯзандагӣ ба истифода супорида мешаванд, ки дар онҳо низ беш аз 100 ҷойи кории нав муҳайё мегардад.
Ҳозирини гиромӣ!
Соҳаи кишоварзӣ омили асосии пешбарандаи иқтисодиёти ноҳияи Ашт буда, барои аксари сокинон ҳамчун манбаи асосии даромад ва шуғли доимӣ ба ҳисоб меравад.
Соли 2015 кишоварзони ноҳия ба маблағи беш аз 300 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Гарчанде соли гузашта истеҳсоли ғалладона, картошка, сабзавоту полезӣ ва хӯроки чорво афзоиш ёфтааст, вале бо сабаби сард омадани ҳаво дар соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли меваю ангур назар ба соли 2014 қариб 24 ҳазор тонна кам гардид.
Бо вуҷуди ин, дар давоми шаш соли охир дар ноҳия ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ аҳамияти хосса зоҳир намуда, дар майдони 4 ҳазору 600 гектар боғу токзори нав бунёд ва қариб 1300 гектар боғу токзори куҳна барқарор карда шудааст.
Иқлими мусоиди ноҳия имконият медиҳад, ки кишоварзон дар қатори дигар зироатҳои кишоварзӣ, инчунин аз ҳисоби бунёд намудани боғу токзор даромади зиёд ба даст оранд.
Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати интихоби навъҳои серҳосилу содиротии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла зардолу, инчунин таъминот бо оби полезӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот ба хоҷагиҳои кишоварзӣ кумаки амалӣ расонанд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки доир ба беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои ҳудуди ноҳия, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва умуман, ҷиҳати истифодаи оқилонаву самараноки замин ва рӯёнидани на кам аз ду ҳосил чораҳои муассир андешида шавад.
Чунки беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо дар баробари аз худ намудани заминҳои нав яке аз роҳҳои асосии афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ҷойи кор таъмин шудани аҳолӣ аҳамияти калон дорад.
Бо ин мақсад, Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт вазифадоранд, ки дар бобати таъмиру барқарор намудани пойгоҳҳои обкашии ҳудуди ноҳия, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Дӯстони азиз!
Тавре ки зикр кардам, имрӯз мо шоҳиди боз як рӯйдоди хотирмони фарҳангӣ дар ҳаёти сокинони ноҳияи Ашт – ифтитоҳи Кохи фарҳанг дар маркази ноҳия гардидем, ки бо тарҳи бисёр зебо ва тибқи талаботи замони муосир бунёд шудааст.
Сохтмони он бо харҷи 22 миллион сомонӣ ва бо сифати баланди меъморӣ ба анҷом расидааст.
Бино аз толори асосӣ, саҳна, толори маҷлис, толори хурд, синфхона барои машғулияти ҳунармандон, дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ва шабакаи мустақили гармидиҳӣ иборат аст.
Корҳои пардозгарии толору ҳуҷраҳо ва даромадгоҳу дарвозаҳо бо истифода аз усулҳои меъмории миллӣ ва гаҷкорӣ иҷро шудаанд, ки аз таърихи бой, фарҳанги куҳанбунёд ва ҳунармандии халқамон шаҳодат медиҳад.
Фикр мекунам, ки бунёди чунин Кохи зебои фарҳанг туҳфаи беҳтарини наврӯзӣ ва армуғони арзанда ба муносибати 25 — солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон барои мардуми заҳматдӯсту бонангу номуси ноҳияи Ашт мебошад.
Бо истифода, аз фурсати муносиб, ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва тамоми сокинони ноҳияро ба ифтихори мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Кохи фарҳанг табрик гуфта, ба бинокорону масъулони ин иқдоми ободгарона миннатдорӣ баён менамоям.
Басо рамзист, ки Кохи фарҳанг дар ҳудуди боғи ба номи ҳунарманди маъруфамон Маҳмудҷон Воҳидов қомат афрохтааст.
Ба андешаи ман, рӯҳи абадзиндаи ин ҳунарманди маъруф ба насли имрӯзаи ҳунармандони ноҳияи Ашт мадад мекунад ва дар оянда аз миёни онҳо низ фидоиёни фарҳанги тоҷик ба камол мерасанд.
Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири абадӣ гардонидани номи ҳунарманди маъруфи халқамон ва ба поси хизматҳои шоёни ӯ Кохи фарҳанг низ ба номи Маҳмудҷон Воҳидов гузошта шавад.
Дар таърихи давлатдории навинамон намояндагони ватандӯсту худогоҳи ин сарзамини куҳантаърих дар қатори дигар фарзандони шуҷои Ватан ҷиҳати пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти мамлакат, аз ҷумла дар самти таҳкиму қонуну тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сохти конститутсионӣ, рушди илму маориф ва фарҳанги миллиамон саҳми намоён гузоштаанд.
Ва бовар дорам, ки наслҳои имрӯза, яъне наврасону ҷавонони ноҳия аз кору пайкори меҳандӯстонаи падарону бобоёни худ сабақи ибратбахш мегиранд ва минбаъд низ аз соҳибдавлативу соҳибватанӣ шукрона карда, дар ҷодаи ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Инчунин, итминон дорам, ки ноҳияи Ашт бо заҳмати содиқонаи мардуми сарбаландаш ва бо мадади рӯҳи поки мардони некномаш ҳамеша ободу файзбор мемонад ва ин гӯшаи хоки муқаддаси кишвари азизамон — Тоҷикистон боз ҳам ободу пешрафта мегардад.
Шубҳае нест, ки Кохи фарҳанги имрӯза ба макони баргузории маҳфилу чорабиниҳои муҳими фарҳангиву сиёсӣ табдил ёфта, ба мардуми ноҳия дар роҳи шинохти боз ҳам бештару беҳтари асолати миллӣ, омӯзиш ва тарғиби фарҳангу тамаддуни волои аҷдодӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳифзу эҳтироми истиқлолият, марзу буми Ватан ва сулҳу суботи ҷомеа хизмат менамояд.
Бо камоли итминон иброз медорам, ки мардуми сарбаланд ва бонангу номуси ноҳияи Ашт дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо заҳмати созандаву ободкориҳои худ баракати зиндагиро боз ҳам афзун менамоянд.
Бори дигар тамоми мардуми меҳмоннавози ноҳияи Аштро ба ифтихори ҷашни Наврӯз табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо дар соли барои миллатамон фархунда, яъне соли таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хонаи обод, иқболи баланд ва дар ҷодаи ободкориву пешрафти кишвари азизамон барору комёбиҳои тоза орзу менамоям.
Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!