Вакил ва интихобкунанда

Раҳнамо барои расидан ба зиндагии шоиста

№55 (3040) 08.05.2013

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Сафаралӣ Раҷабов бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Муъминобод № 38 мулоқоту вохӯриҳои зиёд доир намуд.

Ҳавзаи интихоботии Муъминобод № 38 ҳудуди ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг ва Шӯроободро дар бар мегирад. Сафаралӣ Раҷабов мулоқотҳои хешро аз шаҳраки Муъминободу ҷамоатҳои деҳоти он шуруъ намуда, вобаста ба нуктаҳои Паёми имсолаи Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, таъкид намуд, ки ин ҳуҷҷати тақдирсоз моро барои расидан ба зиндагии шоиста раҳнамойӣ мекунад.

Сокинони ноҳияи Ховалинг ташрифи Сафаралӣ Раҷабовро хуш истиқбол гирифтанд ва ҷамъомаде, ки  дар толори барҳавои шуъбаи фарҳанг бо сокинони маркази ноҳия ва кормандони ташкилоту муассисаҳои  ноҳиявӣ баргузор гардид, шаҳодати ин гуфтаҳост. Сафаралӣ Раҷабов дар суханрониаш тамоми паҳлуҳои Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро  муфассал шарҳу эзоҳ дода, зикр намуд, ки иҷрои нуктаҳои ин ҳуҷҷати тақдирсоз сокинони кишвари моро ба ҳаёти ободу зебо  наздик мекунад.

Вохӯриҳои Сафаралӣ Раҷабов бо интихобкунандагон идома дорад.

***

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Гулов бо сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва як қисмати ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Восеъ силсилаи вохӯриҳо баргузор намуд.

Вохӯриҳои баргузорнамудаи номбурда бо сокинони деҳаҳои Гулобод, Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, Сайроб, Зафарободи Ҷамоати деҳоти Панҷоб, шаҳраки Маскав, Дараи Калот, Марғоби Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон, Метантуғай, Иқбол, Советободи Ҷамоати деҳоти ба номи Турдиев, ба номи Сафар Гадоӣ, Сафедоби Ҷамоати деҳоти Панҷрӯд, Файзобод, Дашти Гулои Ҷамоати  деҳоти Дашти Гуло роҷеъ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат гирифта, муҳтавои ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби иштирокчиён ҳамовозии ҳамаҷониба пайдо намуд. Сафаралӣ Гулов дар ин мулоқотҳо ба интихобкунандагони  хеш бештар оид ба дастовардҳои ҳафт соли охири  мардуми кишвар, бахусус  сокинони ҳавзаи интихоботӣ ва нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои расидан ба зиндагии шоиста мусоидат мекунад,  суханронӣ карда, даъват намуд, ки бояд дар роҳи  расидан ба ин ҳадафҳои  бузург,  аз хурд то бузург саҳм бигиранд.

Вохӯрию мулоқотҳои Сафаралӣ Гулов бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Гулистон ва ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ низ баргузор шуд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»