Истеъмолкунанда ҳама вақт нисбат ба истеҳсолкунанда, фурӯшанда, иҷрокунандаи кор ва хизматрасонӣ бартарият дорад. Қонунгузорӣ низ барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда меъёрҳои мушаххасро муайян кардааст. Дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ба истеъмолкунанда таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Тавре сармутахассиси раёсати ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Бозоров иброз дошт, тибқи резолютсияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 9 апрели соли 1985 «Асосҳои роҳбарӣ барои ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон» ва қарори ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 ноябри соли 2011 15-уми март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон қабул гардидааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истеъмолкунандагон тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҳимоя мегардад.
Бино ба гуфти номбурда, моддаи сеюми қонуни мазкур ҳуқуқҳои истеъмолкунандаро мушаххас пешбинӣ намудааст. Истеъмолкунанда ба маълумот доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он, бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ), интихоби озод, сифати муносиб ва ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст, ҳуқуқ дошта, метавонад ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ муроҷиат намояд. Ғайр аз ин, ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) уҳдадор аст, ки ба истеъмолкунанда расидҳои (чек) мол ва хазинадориро диҳад.
- Мутобиқи талаботи моддаи 8-уми қонуни мазкур истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) вазифадор аст, ки дар давоми муҳлати муқарраргардида кафолат ё муҳлати коршоямии мол (кор) бехатарии мол (кор) -ро таъмин намояд. Зараре, ки дар натиҷаи таъмин накардани бехатарии мол (кор) ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи истеъмолкунанда расонида шудааст, бояд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.
Тибқи талаботи моддаи 18- уми қонун истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, моли дорои сифати ҷавобгӯи талаботнабударо ба истеҳсолкунанда баргардонад ва маблағи барои он пардохтшударо талаб намояд, — изҳор дошт ҳамсуҳбатам.
Аз Н. Бозоров оид ба муроҷиати шаҳрвандон, бинобар сабаби поймол шудани ҳуқуқҳояшон ҳамчун истеъмолкунанда пурсон шудем. Ӯ изҳор дошт, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкили марказҳои машваратӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои муайянро ба сомон расонидааст. Ин марказҳо шикояти истеъмолкунандагонро баррасӣ намуда, ба онҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон маслиҳат медиҳанд.
Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 56 маркази машваратӣ ташкил гардиданд, ки ба вилояти Хатлон — 25, вилояти Суғд — 18, ВМКБ — 4, шаҳри Душанбе — 1, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 4 ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо дарназардошти зерсохторҳо — 4 марказ рост меояд.
Соли 2015 ба марказҳои мазкур 339 муроҷиати хаттӣ ва шифоҳӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон- 113, вилояти Суғд — 143, шаҳри Душанбе — 41, инчунин дар дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисорӣ 45 ариза оид ба вайронкунии ҳуқуқи истеъмолкунандагон баррасӣ гардида, 49 115,88 сомонӣ ба истеъмолкунандагон ҳисоббаробарӣ карда шудааст. Муроҷиатҳо асосан ба сатҳи пасти хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ, вазъи роҳҳои автомобилгард, хизматрасонии коммуналӣ, фурӯши мол, кору хизматрасониҳо дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳо рабт доранд.
Шаҳрвандон низ мебояд пайи талаб кардани ҳуқуқҳояшон кӯшиш намоянд, зеро ин фаъолияти мақомоти марбута дар соҳаи ҳуқуқи истеъмолкунандагон маҳз дар асоси муроҷиати шаҳрвандон амалӣ мешавад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»