Ҷавонон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим доранд. Таваҷҷуҳ нисбат ба онҳо аз чанд сабабу омили иҷтимоӣ — иқтисодӣ ва сиёсӣ маншаъ гирифтааст. Якум, ҷавонон ояндаи ҷомеа ва посдорандаи арзишҳои инсонӣ мебошанд. Дуюм, шахси ҷавон қувваи зиёди ҷисмонӣ ва маънавӣ дошта, ба дигаргуниҳои ҳаёт тобовар аст. Сеюм, зудбоварӣ, зудтағйирёбӣ, ниёзмандӣ, дастнигарӣ, тақлидкорӣ ва ғайра хоси ҷавонон мебошад.
Бо дарназардошти ин ва бо мақсади талқини сулҳу дӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ байни ҷавонон соли 1965 Декларатсияи Ассамблеяи генералии СММ «Оид ба дар байни ҷавонон паҳн намудани идеалҳои сулҳ, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва якдигарфаҳмии байни халқҳо» қабул гардид, ки дар он гуфта мешавад: «Ҷавонон дар ҳама соҳаҳои фаъолияти инсон нақши муҳим доранд ва сарукоргирӣ ба тақдири инсоният сарнавишти онҳо мебошад».
Имрӯз 50 дарсади аҳолии ҷаҳонро шахсони то 30 — сола ташкил медиҳанд. Дар 122 кишвари ҷаҳон сиёсати миллии ҷавонон бо дарназардошти низоми махсуси идоракунии давлатӣ татбиқ мегардад. Садҳо декларатсия, барнома, стратегия ва нақшаи хусусияти байналмилалидошта аз ҷониби СММ ва ташкилотҳои соҳавии он, ЮСАИД, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Шӯрои Аврупо ва ғайра қабул ва амалӣ гардида истодаанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро дар ташаккули муносибатҳои байналмилалии ҷавонон инъикос менамоянд.
Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт тадбирҳои зиёд андешидааст. Имрӯз, бинобар 70 дарсади шаҳравандонро ташкил додани ҷавонони то 30 — сола, мувофиқан ба 25 сол рост омадани синну соли миёнаи аҳолӣ ва 35 фоизи захираи фаъоли инсониро ташкил намудани ҷавонон, Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз мамлакатҳои ҷавонтарин ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (моҳи марти соли 1992) дар Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфт.
Таваҷҷуҳи Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон зиёд буда, ба боло рафтани нақши онҳо дар ҷомеа мусоидат намудааст. То имрӯз шаш маротиба мулоқоти Президенти мамлакат бо ҷавонони ҷумҳурӣ доир гардидааст.
- Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат ҳастанд. Гузашта аз ин, онҳо дар раванди дигаргунсозӣ такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд, — иброз дошта буданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти расмӣ бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013.
Бо ин мақсад тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, аз ҷумла:
- сиёсати давлатии ҷавонон яке аз шаш самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат муайян гардид;
- мақоми ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон бо таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи олӣ бароварда шуд;
- заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва молиявии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон ва Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон ташаккул дода шуд;
- шароит барои зиёд намудани шавқу рағбати ҷавонон, ҳавасманд гардонидан ва қадр намудани фаъолият ва дастовардҳои онҳо дар самти такмили фаъолиятҳои илмӣ — амалӣ ва эҷодӣ бо таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илму техника, Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва ғайра муҳайё гардид.
Дар Тоҷикистон, тибқи маълумоти оморӣ, захираи асосии иқтисодӣ ва меҳнатиро насли ҷавон ташкил медиҳад ва ҳар сол зиёда аз 150 ҳазор нафар ба бозори меҳнат мебароянд.
Халқ ва миллати тоҷик аз қадимулайём тамаддунофар мебошад ва то ба имрӯз фарзандони он ҳазорҳо ихтирооту навгониҳоро ба ҷаҳониён эҳдо кардаанд. Дар ин росто, эҷодиёти Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва ғайраро метавон хотирнишон намуд.
Дар шароити ҷавон будани Тоҷикистон қишри зиёди аҳолии фаъоли иқтисодӣ, захираи асосии меҳнатӣ ва қувваи асосии муосири зеҳнӣ — амалии кишварро ташкил додани ҷавонон ва дар сурати аз насли ҷавон вобаста будани тақдири имрӯзу оянда ва амнияти ҷомеаву давлат зарурат ба миён меояд, ки дар сатҳи мақоми олии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва қонунгузории ҷумҳурӣ ва дар маҷмӯъ, дар низоми конститутсионии давлат тадбирҳои мусоидаткунанда ба таҳкими муносибатҳои муосир ва муносиб, далелнок ва таъхирнопазир — эътимодбахш, ҳавасмандкунанда ва ҳидояткунандаи ҷавонон ба иштирок ва саҳми фаъол дар рушду нумӯи мамлакат андешида шаванд.
Таҳкими ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавонон ва фароҳам овардани шароит барои иштироки онҳо дар идораи ҳокимияти давлатӣ, бахусус роҳбарӣ ва ишғоли мансабҳои сиёсӣ, айни муддао ва тақозои ҷомеаи муосир мебошад, зеро бо ин восита метавон ҳавасмандии насли ҷавонро баланд бардошта, қудрат ва неруи онҳоро дар рушду нумӯи ҷомеа ва давлат бомаром истифода намуд.
Бо ин мақсад ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба поён овардани меъёри синнусолӣ, яъне васеъ гардонидани имконоти ҷавонон барои ишғоли мансабҳои баланди хизмати давлатӣ боиси дастгирии ҳамаҷониба мебошад. Ҳамин тариқ, пешниҳод намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст намудани синни шаҳрвандон барои узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобу таъин шудан имкон медиҳад, ки ҷавонон барои иштирок дар раванди таҳкими заминаҳои қонунгузорӣ ва сиёсии давлат ҳавасманд гарданд ва барои ин мақоми баланди сиёсӣ бо итминони комил талош варзанд.
Поён овардани ин меъёр барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан эътимод ва боварӣ маҳсуб мешавад. Албатта, бо эҳсос ва дарки ин боварӣ рӯҳияи ҷавонон баланд гардида, баҳри боз ҳам ободу шукуфон гардонидани Ватан талош меварзанд, зеро Тоҷикистон худ ҷавон аст.
Ба инобат гирифтани ин омил дар интихоби судяҳо низ далолати таҳкими низоми судӣ бо усулҳои нав ва муосир мебошад, чунки ин аломатҳои муҳими идоракунӣ ва таъминкунандаи адолат маҳз дар ҷавонон дида мешаванд.
Биноан, ҷавононро мебояд ин боварию ғамхориро қадр карда, тамоми қувва ва саъю кӯшиши худро баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат равона созанд.
Қиёмиддин МИРАЛИЁН, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон