30 марти соли равон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ҷараён гирифт.
Дар хусуси Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истирдод, Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон кор мекунанд, дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, аз 4 майи соли 2006, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгӯи масъалаҳоеанд, ки зимни ҷаласаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аламшозода Абдураҳмон, муовини якуми вазири корҳои дохилии мамлакат, Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Назарзода Ҳотам Нарзулло, муовини якуми Прокурори генералӣ, Холиқзода Абдуманон Ғафор, муовини якуми вазири адлия, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафаров, Миралӣ Достиев, Мавлуда Қаландарзода, Муродулло Давлатов, Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад, Зайниддин Сафаров, Рустам Қудратов, Олимҷон Салимзода ва Насиба Содиқова масоили зикршударо шарҳу тавзеҳ дода, доир ба ҳар яки онҳо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
(Гузориши муфассал аз ҷараёни ҷаласа дар шумораи баъдии рӯзнома нашр мешавад). Самариддин АСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ