Тағйироти кадрӣ

№43 (3523) 31.03.2016

Бисту нуҳуми марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Вазорати корҳои хориҷӣ як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнов Музаффар Маҳмуродович аз вазифаи Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамзамон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия озод ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Давлатзода Парвиз аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой таъин гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимӣ Заробиддин Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъин гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» озод карда шуд.

Сатторов Имомиддин Мирзоевич, ки айни ҳол Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мебошад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон таъин гардид.

Инчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Зоҳир Озодович Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамзамон ба вазифаи Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон таъин шуд.

***

30 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ворид намуд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ Иззатуло аз ин вазифа озод ва ба вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд, Ятимзода Акбар Табар аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Аҳмадзода Раҷаббой аз вазифааш озод ва ба вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва Шарифзода Шариф Файз аз вазифаи раиси шаҳри Роғун озода шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» таъин карда шуд. Инчунин, бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ёқуб Борон аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва Файзуллозода Қурбоналӣ директори Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

 www.president.tj