Бегоҳии рӯзи шашуми майи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Ширкати роҳҳои оҳани Федератсияи Россия Владимир Якунинро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлат-ҳои Мустақил ва назди баҳри Балтика дар бахши нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ шуд.
Аз натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони сохторҳои марказии ин кишварҳо дар бахши роҳи оҳан, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, изҳори хушнудӣ карда шуд.
Владимир Якунин ҳавасмандии Федератсияи Россияро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ин ва дигар самтҳо судбахш таъкид намуд.