Сатрҳои миннатдорӣ

Кори хубу роҳи ҳақро эътибори дигарест

№45 (3525) 05.04.2016

Дар идораи рӯзнома машғули  кор будам, ки ҷавоне иҷозат пурсида, ба утоқи кориам ворид шуд. Пас аз салому алейк саргузашташро ҳикоя кард ва хоҳиш намуд, ки онро дар рӯзнома чоп кунам.

- Соли 2013 буд, — ба нақл даромад Файзулло Алиев, ки худро истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, бинои 128, ҳуҷраи 20 муаррифӣ намуд. Рӯзе сардори корхонае, ки дар он ба тиҷорат машғул будем, бовар карда, 30 000 доллари ИМА-ро, ки барои хариди молу маҳсулоти зарурӣ муайян шуда буд, ба дастам дод. Аз содалавҳӣ  маблағи мазкурро ман ҳам бовар карда, дар мағозаи рафиқонам, ки ба тиҷорати қисмҳои эҳтиётии мошинҳо машғуланд (воқеъ дар гардиши хатсайри №28, маҳаллаи Қазоқони пойтахт), амонат гузоштам. Баъди чанд рӯз омада, амонатамро пурсон шудам.  Дар ҷавоб шунидам, ки пулҳоро касе аз мағозаашон дуздидааст. Бо ҳамин давуғеҷи ман миёни идораҳо сар шуд. Қариб ягон идораи дахлдоре намонд, ки муроҷиат накарда бошам, аммо ба ғайр аз ваъдаҳои хушку холӣ касе ба додам намерасид. Болои сӯхта намакоб, сарсониву саргардониҳо, бехобию асабоният ва харҷҳои беҳудаи навбатӣ ҳоламро харобтар менамуданд. Агар пулҳои худам ё дар ҳаҷми кам мебуд, шояд ин қадар азоби рӯҳӣ намекашидам. Хулоса, ҳоли зорамро худам медонистаму Худо. Кор ба  ҷое расид, ки аз оламу одам дилам монд. Умеди ёфтани пулҳоро низ баъди гузашти қариб ду соли сарсониву саргардонӣ пурра аз даст дода будам.

Хушбахтона, баъди чанде бовар кардам, ки дар дунё одамони нек кам набудаанд. Чанд моҳ қабл аз ҳодисаҳои номатлуби  моҳи сентябр дар ҷумҳурӣ дилу бедилон барои даромадан ба назди прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳмон Юсуф Аҳмадзода таваккал кардам. Ӯ маро хуш қабул ва бодиққат гӯш кард. Баъдан, ба Ҷамшед  Мирзохонзода – сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ супориш дод, ки ин қазияро тафтиш  намояд. Ҷамшед Мирзохонзода дар якҷоягӣ бо муфаттиши калони раёсати номбурда Ҳаитмурод Исмоилзода паи таҳқиқи ҳодиса шуданд. Дар натиҷа, дар як муддати кӯтоҳ гунаҳкорон маълум ва ба кирдорашон иқрор шуданд. Маблағи мазкур аз онҳо рӯёнда, ба ман бозгардонда шуд. Рафиқони хиёнатпешаам Озодӣ  Заррабеков ва Қобил  Уроқов дар ҳақиқат рост гуфта будаанд, ки пулҳоро дуздон бурдаанд, вале нагуфтанд, ки дуздон худи онҳо мебошанд.

Дар ин дунёи дурӯза бадӣ кардан ҳеҷ мушкилӣ надорад, вале некӣ кардан аз дасти на ҳама кас меояд. Ба ҳамин хотир, хоҳиш кардам, ки ба он бадбахтони гумроҳ танбеҳи сахт дода, бинобар ҷавониашон  имконияти ислоҳшавӣ диҳанд, то роҳи дурустро пеша карда, бо меҳнати ҳалол зиндагӣ кунанд.

Муҳимтар аз ҳама, баробари  дарёфти маблағ, садоқати касбӣ, кордонии  генерали муҳтарам  Раҳмон Юсуф Аҳмадзода ба ман умеду дилгармӣ ба зиндагӣ, эътимоду боварӣ ба одамон ва мақомоти қудратии мамлакатро баргардонд. Акнун қарзи инсонии худ меҳисобам, ки ба воситаи рӯзномаи парлумонии мамлакат миннатдории самимонаамро ба номбурдагон баён намоям, зеро бе кумаки онҳо намедонам, ки ҳоли ман чӣ мешуд.

Баракати рӯзгору касбу кор насибашон бод! — гуфт ҷавон дар охир ва оҳи сарде кашид.

Ӯро гусел кардам ва бо эҳсоси роҳатбахше аз аъмоли  инсонҳои накукор сари мизи корӣ нишастам…

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»