- Оила рукни муқаддаси ҷомеа, омили асосии ташаккули маърифати инсон аст. Эълон шудани соли 2015 ҳамчун Соли оила моро ба бунёди оилаҳои устувор ҳидоят карда, падару модаронро ҳушдор дод, ки ба тарбияи фарзандони худ дар самти оилаву оиладорӣ ҷиддан машғул бошанд,- мегӯяд сарвари Маркази машваратии ташкилоти ҷамъиятии «Пайроҳаи хушбахтӣ »- и назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом Мавҷуда Зоҳирова.
Бино ба гуфтаи номбурда, дар вилояти Суғд бо мақсади пешгирии пошхӯрии оилаҳо, никоҳи хешутаборӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ва тарғиби ҳаёти ибратбахши оилаҳои беҳтарин чораю тадбирҳо андешида мешаванд.
Маркази машваратии ташкилоти ҷамъиятии «Пайроҳаи хушбахтӣ» моҳи майи соли сипаригашта ба фаъолият оғоз карда буд.
- Ҳадафи асосии ин ташкилот пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, омӯзонидани фарҳанги оиладорӣ ба ҷавонон, тарғиби таҷрибаи пешқадам ва дигар масъалаҳои марбут ба оила ва оиладорӣ буда, ба он собиқадорон ва коршиносони соҳа, адибону ҳуқуқшиносон, уламои дин, омӯзгорони соҳибтаҷриба шомиланд. Тӯли фаъолият ба ин маркази машваратӣ 53 оилаи дар марҳалаи ҷудошавӣ қарордошта муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 23 оила барқарор гардида, 17 оилаи дигар дар марҳалаи оштишавӣ қарор доранд.
Соли 2016 дар вилояти Суғд «Соли фарди солим» эълон гардидааст. Соли оила ва соли фарди солим бо ҳам тавъаманд. Мутмаинем, ки дар соли фарди солим низ аҳли ҷомеа баҳри мустаҳкамию пойдории оилаҳо мекӯшанд, зеро фарди солим аз оилаи солим сарчашма мегирад, — чунин аст андешаи фаъолони ин ташкилоти ҷамъиятӣ.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»