Ҷашни дӯстӣ
Дар варзишгоҳи деҳоти «Хистеварз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия фестивали наврӯзии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон таҳти унвони «Сулҳ аз мо оғоз меёбад» баргузор гардид. Иштирокдорони он бо баргузор намудани барномаи рангини фарҳангӣ , ки аз суруду рақсҳои тоҷикиву қирғизӣ иборат буд, иди Наврӯзро бошукӯҳ ва дар рӯҳияи дӯстиву бародарӣ таҷлил намуданд.
Бобоҷониён Раъно Маҳмудӣ — муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Амирова Роҳатой — муовини ҳокими ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон зимни суханронӣ мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва таҳкими равобит даъват карданд.
Ифтитоҳи бинои нав
Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»- и шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни ифтитоҳи бинои мазкур вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Шариф Назарзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ ва дигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бинои нав дуошёна буда, аз таҳхона, ҳафт ҳуҷраи корӣ, силоҳхона, қисми навбатдорӣ, маҷлисгоҳ барои 40 нафар, ошхона бо 20 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ ва мошинсарой иборат мебошад.
Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»