Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи рӯзноманигор А. Муродовро таҳти унвони «Суръати ҳосилғундорӣ суст аст», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» 17 октябри соли 2015 таҳти №137- 138 рӯи чоп омадааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.
Зикр кардан бамаврид аст, ки пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамчун маҳсулоти асосии содиротӣ баҳри ғанӣ гардонидани иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбат мерасонад. Дар мақолаи мазкур муаллиф оид ба сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта бо муовини сардори раёсати растанипарварӣ К. Холов мусоҳиб шуда, маълумот, андешаҳои ӯро дар ин самт, ҳамчунин ақидаву маслиҳатҳои худро ба пахтакорон пешниҳод намудааст, ки истифодаи он барои рушди соҳаи пахтакорӣ, махсусан ҷамъоварии ҳосили беталафи пахта, мусоидат хоҳад намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки пахтакорони ҷумҳурӣ соли сипаригардида, дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта 276068,2 тонна ҳосил ба даст оварданд, ки ин далел аз меҳнати пурсамари онҳост.
Соли ҷорӣ низ бояд дар 189974 гектар кишти пахта гузаронида шавад. Айни замон кишти пунбадона оғоз гардидааст ва то 4 марти соли 2016 дар ҷумҳурӣ 19618,6 тонна чигити тухмӣ захира шудааст, ки барои кишти пахта басанда мебошад.
Мутахассисони вазорат ва олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ба кишоварзони ҷумҳурӣ мунтазам маслиҳатҳои муфид дода, ҳамкориҳои самарабахшро ба роҳ мондаанд.
Роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони рӯзномаи «Садои мардум» изҳори миннатдорӣ намуда, умед дорем, ки минбаъд низ баҳри рушди соҳаи аграрии мамлакат аз кумаку дастгириҳои шумо баҳравар мешавем.
Ҷамила САИДОВА, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон