Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишеро бо номи «Артиши миллӣ – зодаи Истиқлолияти давлатӣ» доир намуданд.
Дар чорабинӣ беш аз 200 нафар афсару сарбоз, намояндагони идораву ташкилот, кормандони воситаҳои ахбори омма, толибилмони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи умумии кишвар ширкат варзиданд.
Ҳамоишро директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода ифтитоҳ намуд. Ин чорабиниро хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 67-и пойтахт бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан ва родмардони меҳан рангин гардониданд.
Баъд меҳмонон ба тамошои намоиши «Артиши миллӣ – зодаи Истиқлолияти давлатӣ» даъват гардиданд. Дар намоиш 114 экспонат ба маъраз гузошта шуд. Дар ороиши он мутахассисони шуъбаҳои бозсозии экспозитсионӣ ва дизайн, таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштаанд.
Қобили зикр аст, ки дар намоиши мазкур ба воситаи ҳуҷҷату матолиби таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос шудааст.
Воқеан, шиносоӣ бо мероси таърихию фарҳангии бисёр пурғановати ниёгон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ, ташаккули ҳаёту фаъолияти онҳо таъсири мусбат мерасонад.
Шаҳло АБДУЛЛОЕВА, корманди калони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон