Чанде пеш дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар деҳаи Равоти нави деҳоти «Пӯлодон» вохӯрии аъзои Шӯрои фаъолзанони шаҳр бо соҳибхоназанҳои деҳаҳои Равот ва Равоти нав дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ ва хушунат дар оила» баргузор гардид.
Раиси Шӯрои фаъолзанони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Ҳанифа Юсуфова Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»-ро шарҳ дода, муассир будани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва нақши онҳо дар пойдориву устувории оиларо таъкид намуд. Аз ҷумла гуфт, ки зан — модар дар таълиму тарбияи фарзандон ва пешрафти иҷтимоии онҳо нақши муҳим дорад. Насли наврас бояд дар оилаи солим ва устувор тарбия ёбад ва баҳри мукаммалсозии генофонди миллат саҳмгузор бошад.
Сипас, раиси Шӯрои собиқадорони соҳаи тандурустӣ Фароғат Садриддинова оид ба усулҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, натиҷаҳои никоҳи бармаҳал, никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он, пешгирии касалиҳои сироятӣ, дастгирии равонии духтарон дар давраи гузариш, синни ба балоғатрасӣ ва гигиенаи шахсӣ андешаҳои худро баён дошт.
Раиси Шӯрои занони деҳаи Равот Матлубахон Набиева оид ба татбиқ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила ва одоби муоширати байни арӯсу хушдоман сухан ронд.
Иштирокдорон гузаронидани чунин ҷамъомадҳоро барои паст намудани сатҳи ҳодисаҳои номатлуб, махсусан, пешгирии хушунату зӯроварӣ дар оила мувофиқи мақсад арзёбӣ карданд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»