Дар таърихи навини халқи тоҷик номи Эмомалӣ Раҳмон бо номи Тоҷикистон ва сарнавишташ бо сарнавишти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон корномаҳои таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заҳмату ҷонбозиҳои ӯро дар бунёду пойдории давлати навини тоҷикон ва барқарории ваҳдати миллӣ қадр намуда, ин шахсияти бузургро ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат эътироф кард. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ба ин эътирофи умумимиллӣ мақоми расмӣ бахшид. Истиқболи гарму пазироии самимии ҳама қишри ҷомеа аз қабули ин қонуни таърихӣ бори дигар аз сарҷамъии мардум дар атрофи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Ҳама ёд дорем, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон ба майдони даргириҳои шадид табдил ёфт. Кашмакашу хунрезиҳо боиси фалаҷшавии рукнҳои давлатдорӣ гардид. Тибқи нишондоди омор, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 1992 нисбат ба соли 1990 якбора қариб 40 фоиз поён рафтааст. Дар баробари ин, кишвар ва миллат низ дар вартаи нобудӣ қарор доштанд.
Дар чунин шароити печида, ба бахти миллат дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадяи тақдир Сарвари давлати тоҷикон интихоб гашт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдорӣ ва якпорчагии давлату миллат хеле заҳмат кашид, аз худ кордонию ташаббускории беназир нишон дод. Аз ҷумлаи хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон муҳимтаринашон инҳоянд:
Якум. Қонуну қарорҳои қабулшуда дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии кишвар ба эҳёи давлатдорӣ замина гузошта, рушди минбаъдаи кишварро ҳамчун давлати соҳибистиқлоли демократӣ таъмин намуданд. Маҳз дар ин Иҷлосияи таърихӣ бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали бинои давлати навини тоҷикон гузошта шуд ва самти асосии рушди он муайян гашт. Дар ин раванд мо ба дастовардҳои азим ноил гардидем ва ҳоло дар марҳилаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фатҳи зинаҳои нави рушди иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорем. Хулоса, заҳматҳои пайгиронаи Роҳбари давлат боиси эҳёи рӯҳияи тамаддунофари миллат шуд.
Дуюм. Ба Сарвари давлати мо муяссар гашт, ки шароит ва заминаи асосии рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро поягузорӣ кунад. Заминаи асосии барқарорӣ ва ташаккули муносибатҳои солими иҷтимоӣ ва рушди ҳаёти иқтисодӣ маҳз ба вуҷуд омадани умед ба сулҳу оромӣ буд.
Дар ҳақиқат, сулҳу оромии кишвар омили бунёдии рушду такомули ҷомеа мебошад. Дар ин масъала ба хотир овардани андешаи яке аз поягузорони илми иқтисодиёт Адам Смит бисёр бамаврид аст, ки гуфта буд: «Барои он ки давлатро аз зинаи пасти ҷаҳолат ба зинаи олии некукориву тамаддун ҳидоят намоем, пеш аз ҳама, бояд сулҳу ризояти ҷомеа, андози сабуку муътадил ва идоракунии тоқатпазирро фароҳам овард». Ин ҳақиқат дар ҷомеаи Тоҷикистон исботи худро пайдо кард ва истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ ба омили пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ табдил ёфт.
Солҳои 1997-2000, яъне пас аз истиқрори сулҳ, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ беҳтар гардид, ММД дар ҷамъбасти соли 1997 нисбат ба соли 1996 — ум 101,7 фоиз, соли 1998 — ум 105,3 фоиз ва соли 2000-ум то 108,3 фоиз зиёд шуд. Пас аз пойдории сулҳу субот дар кишвар марҳила ба марҳила такмили низоми андоз ва ислоҳоти идораи давлатӣ сурат гирифт.
Бо ташаббусҳои созанда Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ низ эътибори хоса дорад. Чунончӣ, ташаббусҳои ӯ дар масъалаи дастрасии башарият ба оби ошомиданӣ, рӯ овардан ба иқтисодиёти сабз, эҳёи тамаддуни ориёӣ, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил додани Наврӯзи Аҷам ва ғайра аҳамияти ҷаҳонӣ доранд. Ҳамин тариқ, ӯ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайваст.
Эмомалӣ Раҳмон вазъияти кишварро хеле амиқ дарк мекунад, аз равандҳои дохилӣ иттилои комил дорад ва қарорҳое қабул менамояд, ки манфиати ҷомеаро дар бар мегиранд. Ӯ андешаи ҷаҳонӣ дораду кӯшиш мекунад, ки татбиқашро дар мамлакати худ дарёбад ва мехоҳад, ки кишвараш ҳамқадами кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бошад. Хушбахтона, мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри ин ҳадяи тақдир мерасанд ва ояндаи худро маҳз бо кору фаъолияти Пешвои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд медонанд.
Ҳокимҷон ХОЛИҚОВ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон