Имрӯз агар шахс меҳмони шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод гардад, ҳеҷ бовар намекунад, ки як деҳаи нообод дар муҳлати кӯтоҳ симояшро дигаргун кардааст. Тӯли даҳ соли охир бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бунёдкорӣ тавсеа ёфта, биноҳои зебо қомат афрохтаанд. Сокинони ноҳия аз бунёдкориҳои Сарвари давлат боифтихор сухан мегӯянд ва шукронаи сулҳу амонии кишварро менамоянд.
Соҳаи тиб низ дар ноҳия рушд ёфта, кормандони он ба дастовардҳо ноил гардидаанд. Дар ноҳия беморхонаи марказӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, панҷ беморхонаи минтақавӣ, панҷ маркази саломатии деҳот, 31 бунгоҳи тиббӣ ва 17 дорухона ба сокинон хизмат менамоянд.
Бинои беморхонаи марказӣ аз се ошёна иборат буда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Системаи гармидиҳии беморхона бо қувваи барқ ва ангишт фаъолият намуда, дар фасли зимистон дафтари кории табибон ва ҳуҷраҳои беморон гарму озодаанд. Тибқи нақша дар паҳлуи ин бино дар ояндаи наздик сохтмони бинои дуюм ба нақша гирифта шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷавори беморхонаи марказӣ сохтмони бинои нав барои васеъ намудани шуъбаи занона бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад ва он яке аз туҳфаҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии мамлакат маҳсуб мешавад.
Ба соҳаи тандурустии ноҳияи Нуробод мутахассиси ҷавон Усмон Қувватов сарварӣ мекунад. Маҳз дар давраи роҳбарии ӯ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ беморхонаи минтақавии Деҳоти Хулозӣ бо мошини ёрии таъҷилӣ таъмин гардид. Ин беморхона, ки кормандонаш ба 16 ҳазор аҳолии деҳот хизмат мерасонанд, солиёни зиёд аз набудани нақлиёт ба мушкилот мувоҷеҳ буд.
- Албатта, дар ҷое кор ҳаст, камбудию мушкилот низ пайдо мешавад, — мегӯяд Усмон Қувватов. — Сарфи назар аз ин, итминони комил дорам, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод онҳоро рафъ намуда, барои табибон тамоми шароитро фароҳам меорем, то дар ҳифзи саломатии мардум саҳми бориз дошта бошанд. Раиси ноҳия Ҳасан Дӯстзода мунтазам аз аҳволи мо хабар мегирад ва дастгириҳои ӯро эҳсос мекунем.
Чанде қабл оид ба камбудиҳои соҳа бо раис суҳбат доштам. Аз нарасидани мизу курсӣ, кату ҷевон, иваз намудани баъзе таҷҳизоти куҳнашуда, таъмири баъзе биноҳои бунгоҳҳои тиббӣ шикоят кардам. Раис дар маҷлиси васеъ ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод. Супориш дод, ки масъулин барои ҳалли масоили зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки Усмон Қувватов намояндаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аст. Дар ҳалли масоили иҷтимоии сокинони ноҳия ҳиссаи худро мегузорад.
– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъкид намуданд:
«Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар — Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».
Ба андешаи ман, ҳар як ҷавони солимақли кишвар, новобаста аз он ки дар кадом гӯшаву канори дунё кор мекунад, бояд ин суханҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор диҳад, — гуфт дар фарҷом ҳамсуҳбатам.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум». Суратгир Мирзосафар РИЗВОНОВ