Ҳаштод нафар даъватшавандаи шаҳри Ҳисор бо азми қавӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иродаи матин баҳри хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар комиссариати ҳарбии шаҳр ҷамъ омаданд. Ба ин муносибат чанде пеш дар саҳни ҳавлии комиссариати ҳарбӣ ҷамъомад доир гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат, падару модарон суханронӣ намуданд.
- Хурсандиовар аст, ки сол аз сол сафи ихтиёриён барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ меафзояд, — зикр карданд иштирокдорон ва аз он ки соли ҷорӣ бо ташаббуси комиссариати ҳарбӣ даъватшавандагон ба курси ронандагӣ фаро гирифта шуданд, изҳори хушнудӣ намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода ҳангоми гусели наваскарон гуфт, ки мо самараи ин ташаббуси некро дида истодаем, зеро ҷавонон баробари омӯхтани касби ронандагӣ, то андозае аз талаботи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ воқиф гардиданд.
Комиссари ҳарбии шаҳри Ҳисор полковник Мирзохон Гадоев қайд кард, ки моҳи марти соли равон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва комиссариати ҳарбии шаҳр дидорбинии волидайн бо фарзандон дар қисмҳои низомии воқеъ дар вилояти Суғд ба роҳ монда шуд. Онҳо бо чашмони хеш диданд, ки шароити хизмат ва таъминот бо озуқа, сару либос дар қисмҳои низомӣ ба талабот ҷавобгӯй мебошад.
Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки хизмат арзи садоқат ба Ватан — Модар, пос доштани арзишҳои миллӣ ва манфиати давлату халқ мебошад.
Муҳаммад ЗОКИР,«Садои мардум»