Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Манзура Рустамова дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи дуюми байналмилалии «Истеҳсоли Покистон» гуфт, ки ба наздикӣ намояндагии се ширкати покистонӣ дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекунад. Ин ширкатҳо марбут ба соҳаҳои саноати сабук ва сохтмон мебошанд, ки баъди ба фаъолият шурӯъ кардан якчанд нафар сокини мамлакат дар онҳо соҳиби ҷойи кор мешаванд.
Дар намоишгоҳи мазкур, ки аз 8 то 10 апрел идома ёфт, намояндагони ширкатҳои рангбарории «Ҳапалак», давоҳои гиёҳии «Марҳабо лабораториз», равғану собунбарории «Сӯфӣ», «Покистон кабел», «Нутрабиотикс», шишабарории «Алӣ» ва ғайра маҳсулоти худро пешкаш намуданд.
Ҳамчунин, дар доираи фестивали савдо ва фарҳанги Тоҷикистону Покистону ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар ва «Шоми фарҳангӣ» баргузор шуд.
- Хусусияти хоси намоишгоҳи мазкур ин аст, ки на танҳо ҳолати рушди соҳаҳои афзалиятноки ду кишварро дар шароити ҳозиразамон инъикос, балки ояндаи рушди ҳамкориҳои мутақобиларо дар доираи васеъ муайян менамояд, — гуфт Манзура Рустамова.
С. Сайфиддин, «Садои мардум»