Аз он рӯзе, ки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Раҳмоналӣ Амир раиси шаҳри Ваҳдат таъин гардид, ду сол сипарӣ мешавад. Албатта, ин муҳлат барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳое, ки вай татбиқ кардан мехоҳад, нокифоя аст. Сарфи назар аз ин, ӯ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда кӯшиш мекунад ва барои иҷрои нақшаҳои пешгузошта тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Мардуми ҷумҳурӣ медонанд, ки ҳангоми ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов (моҳи ноябри соли 1992) тамоми сохтори давлатдорӣ фалаҷ гардида, аз давлат танҳо ном монда буду халос. Бар дӯши Сарвари тозаинтихоб бори вазнину сангини давлатдорӣ бор шуд ва хушбахтона, ин абармард тавонист, ки дар муҳлати кӯтоҳ соҳаҳои фалаҷшударо барқарор ва аз нав бунёд намояд, гурезагонро баргардонад, сокинони кишварро ба роҳи бунёдкориву созандагӣ равона созад.
Дар ҳамон солҳо як мушкили асосӣ ҳалли масоили кадрӣ буд, зеро аксари роҳбарони пешин тарзи роҳбарии навинро таҳаммул намекарданд ва бо иллати тарсуӣ пешниҳоди мансабро қабул надоштанд. Сарвари давлатро зарур буд, ки аз миёни садҳо нафар кадр ёбад, ки дар шароити сангину вазнин ва бенизомиву бесарусомонии он солҳо манфиати шахсии худро қурбони манфиати давлативу ҷамъиятӣ намоянд ва пайи осудагиву ободӣ, тинҷиву амонии кишвар бошанд. Яке аз ҳамин гуна нафароне, ки боиси эътимоди Роҳбари давлат шуд, Амирзода Раҳмоналӣ Амир буд, ки чун мутахассиси варзида дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, дар самти татбиқи сиёсати Президент саҳми арзанда ва босазо гузоштааст.
Номбурда ҳангоми дар вазифаи раиси шаҳри Исфара иҷрои вазифа намудан аз малакаи дар мактаби дипломатии Президенти кишвар андӯхтааш моҳирона истифода бурд, зеро он солҳо нофаҳмиҳое вобаста ба марз байни шаҳрвандони наздисарҳадии ду кишвари ҳамсоя сар зада буданд ва надоштани таҷрибаи кофии дипломатӣ метавонист ба муноқишаи давомдор оварда расонад. Хушбахтона, раис, ки дорои қобилияти хуби ташкилотчигӣ ва лаёқати роҳбарӣ буд, тавонист ба таври мусолиматомез масъалаи муноқишаи сарҳадиро ҳал намояд.
Дар ду соли раиси шаҳри Ваҳдат будан ба ободкориҳои зиёд даст зад ва аллакай мардум ба ин арҷ мегузоранд. Ба охир расидани сохтмони муассисаҳои таълимии замонавӣ дар деҳаҳои Яфрак, Лиҷак, Сангпар, Ҳуснобод, Арбобдара, Зарнисор, хобгоҳ барои муаллимон дар деҳаи дурдасти Варваи деҳоти «Ромит», беморхонаи минтақавӣ ва шуъбачаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар деҳаи Тангаӣ, бунёди кӯпрукҳо дар болои наҳри «Роҳатӣ» ва дарёчаи Ёси минтақаи Ромит, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар деҳаи Чилламазор, корхонаи сементбарории «Тоҷчайн» дар деҳаи Қалъаи Малик, корхонаҳои коркарди пӯст ва лӯлаҳои пластикӣ дар маҳаллаи Шаҳристон, сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои сокинони деҳаҳои Истиқлолият, Арбобдара, Меҳнатобод, Сиёҳхор, Холмуродӣ ва Кӯҳдоман, ки аз заминларза зарар дида буданд, бунёди боғчаҳои бачагонаи «Марям» ва «Бону» дар деҳаи Ҳуснобод, ду корхонаи дӯзандагӣ дар маркази шаҳр ва даҳҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонии дигар дар партави сиёсати ободкоронаи Сарвари давлат бевосита дар давраи роҳбарии ин раиси ободкор амалӣ гардид.
Дар баробари ин, тибқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону бунёди 32 иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва манзилҳои истиқоматӣ дар назар дошта шудааст. Айни замон сохтмони варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст, боғи замонавии фарҳангию фароғатӣ, бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, ки санги асоси онҳоро Президенти кишвар гузоштааст, сохтмони чойхонаи миллии ҳозиразамон, корхонаи коркарди меваю сабзавот, филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», Корхонаи истеҳсолии металлургияи рангаи ҶДММ «Покрӯд», се муассисаи таълимӣ барои 240, 640 ва 1240 ҷойи нишаст бомаром идома дорад, ки аксари онҳо дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон аст. Амирзода Раҳмоналӣ Амир баробари ба вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат таъин шудан барои иҷрои саривақтӣ ва сифатноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба ҳал намудани муроҷиатҳои онҳо тадбирҳои иловагӣ андешид. Бо ин мақсад нақшаи нави қабули шаҳрвандон тарҳрезӣ ва вохӯриҳои раис бо сокинон на танҳо дар марказ, балки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ ба роҳ монда шуд.
Ҳангоми қабул сокинони деҳот таъмирталаб будани роҳҳо, бунёди муассисаҳои таълимӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, норасоии оби нӯшокиву полезӣ дар баъзе деҳаҳо, ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва боз даҳҳо масъалаи дигари заруриро ба таваҷҷуҳи раис расониданд, ки баҳри ҳалли онҳо тадбирҳои мушаххас андешида шуд. Натиҷаи чунин чораандешиҳо буд, ки дар муҳлати кӯтоҳ камбудиву норасоиҳои зиёди ҷойдошта ҳалли худро ёфтанд. Махсусан, тайи ду соли охир зиёда аз се ҳазор нафар соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва зиёда аз ду ҳазор хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ташкил гардид.
Амирзода Раҳмоналӣ Амир ба арзишҳои миллӣ ҳамчун як тоҷики сарбаланд арҷ мегузорад. Аз ҳамин хотир, ба номҳои зебои тоҷикӣ иваз намудани номҳои куҳнаи гӯшхарошро ба миён гузошт, ки аз ҷониби сокинон, намояндагони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр самимона пазируфта шуд. Баъдан, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдатро дастгирӣ намуд. Ҳамин тавр, номи деҳаҳои Ҳоҷиқатаған ба Зарафшон, Қирғизон ба Шаҳристон, Ҷарбошӣ ба Зарнисор, Қипчоқ ба Шодмонқалъа, Ҳайталӣ ба Гулафшон, Юмсуроқ ба Файзрез, Гургхӯрда ба Чаманзор, Обидараи чунгак ба Обшор, Калтуч ба Шифобахш ва Пустхӯр ба Шоҳрух иваз шуданд.
Соли 2014 бо дастури Президенти мамлакат номбурда бо мақсади вохӯрӣ бо соҳибкорони зодаи шаҳри Ваҳдат бо як гурӯҳ шахсони мутасаддӣ ба шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия сафар намуд. Имрӯз баъди мулоқоти судманд дар маркази шаҳр аз ҷониби соҳибкорон сохтмони як қатор иншооти истиқоматию хизматрасонӣ, аз ҷумла даҳҳо бинои 5 — 7 — 9 ва 13 — ошёна қомат афрохта, сохтмони бинои 26 — ошёна бомаром идома дорад.
Хиёнати Ҳоҷӣ Ҳалим, ки нақзи аҳду паймон, хиёнат бар амонат, ба Ватан ва бевафоиву аҳдшиканӣ буд, моҳи сентябри соли гузашта фазои орому осудаи мардуми на танҳо шаҳри Ваҳдат, балки кишварро, ноором кард. Андешаи Ҳоҷӣ Ҳалиму пайравонаш он буд, ки аз ҷониби мардум дастгирӣ меёбанд. Онҳо фаромӯш карда буданд, ки Ваҳдати соли 2015 Кофарниҳони соли 1992 нест. Сокинони Ваҳдат ба қадри Истиқлолияти давлатӣ расида, кайҳо боз аз вартаи бенавоию камбизоатӣ раҳо ёфтаанд ва дигар ҳеҷ гоҳ имкон намедиҳанд, ки дастаи хуношоме оромии ҷомеаву хонаводаҳояшонро халалдор созад, молу амволашонро ба яғмо барад, нисбат ба аҳли оилаву ҳамдиёронашон фисқу фасодро раво бинад.
Ҳамин тариқ, мардум бо сарварии раиси шаҳр Амирзода Р. А. зидди дастаи хуношоми Ҳоҷӣ Ҳалим бархостанд. Пас аз нобуд гардидани гурӯҳи ҷиноятпеша Амирзода Раҳмоналӣ Амир бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Ҷасорат» қадрдонӣ шуд.
Боварии комил дорем, ки сокинони шаҳри Ваҳдат таҳти роҳбарии Амирзода Р. А., ки рисолаташ ободкорист, 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишондиҳандаҳои назаррас пешвоз мегиранд.
Қиёмуддин АБДУЛЛОЕВ, шаҳри Ваҳдат