11 апрели соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи ҳамдардӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари нохуши ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани садҳо шаҳрванди Ҳиндустони дӯстро бар асари сӯхтори шадид дар яке аз ибодатгоҳҳои иёлати Керала дар ҷанубу ғарби кишвар бо андӯҳи бузург дарёфтам.
Дар робита ба ин фоҷиаи вазнин ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».
www.president.tj