Душанбе ба ҷашни 25-солагии истиқлолият омодагӣ мебинад

№50 (3530) 16.04.2016

Ба ин хотир 11 апрели соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ доир гардид.

Аз ҷумла, қарор шуд, ки Комиссияи марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо ҷалби мутахассисони соҳа ҳолати каналу селпарто ва дигар хатҳои муҳандисию инфрасохторӣ ва зарурати азнавсозии онҳоро мавриди санҷиш қарор дода, барои тадбирандешӣ хулосаи асоснок пешниҳод намояд.

Ҳамчунин, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи муовинони раиси шаҳр ва ноҳияҳоро ба масъалаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва татбиқи нақшаҳо оид ба таҷлили сазовори Рӯзи пойтахт нигаронида, онҳоро муваззаф сохт, ки дар робита ба ин тадбирҳои судманд андешанд.

Ш. Саидов