14 апрели соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳо, аз қабили «Дар бораи пешбарӣ намудани номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4», «Дар бораи рафти иҷрои Қарори раиси шаҳри Душанбе № 125-19 аз 27 феврали соли 2015 «Дар бораи омодагӣ ба таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Шаумяни шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Томини шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Шмидти шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Глинкаи шаҳри Душанбе», «Дар бораи номивазкунии кӯчаи Добролюбови шаҳри Душанбе», «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №14», «Дар бораи ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси шаҳри Душанбе» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар робита ба масъалаи якуми рӯзнома – «Дар бораи пешбарӣ намудани номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Душанбе №4 номзадии роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ пешбарӣ шуд.
Баъд аз музокираҳо, тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пӯшида вакилон якдилона номзадии Раҳмон Озода Эмомалиро ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома — «Дар бораи омодагӣ ба таҷлили 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, ки минбаъд, аз 20 апрел то 31 августи соли 2016, раванди иҷрои қарори марбутаи раиси шаҳр, бо тавсеа бахшидани нақшаи чорабиниҳои фарогир, ҳар рӯз дар сатҳи раисони чор ноҳияи пойтахт, ҳар ҳафта дар сатҳи муовинони раиси шаҳр ва моҳе ду маротиба дар сатҳи раиси шаҳр бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо натиҷагирӣ мешавад.
Дастур шуд, ки раванди корҳои омодагӣ мутаносибан пайваставу пайгирона зери назорати раисони комиссияҳои дахлдори доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор дода шавад.
Илова бар он, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи вакилон, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро ба тарҳрезии дақиқи барномаи ободонию омодасозии бинову манзилҳои истиқоматӣ, ба ифоқа овардани намои берунаи онҳо дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо нигаронида, супориш дод, ки аз ҷониби масъулин инвентаризатсияи кӯчаву хиёбонҳо ва роҳҳои дохили шаҳраку маҳаллаҳо гузаронида шавад.
Зимни баррасии масъалаҳои навбатии рӯзномаи иҷлосия номи кӯчаи Шаумяни шаҳри Душанбе ба номи Суҳроб Шарипов, кӯчаи Глинка ба номи Нурафзо, кӯчаи Томин ба номи Само, кӯчаи Шмидт ба номи Сафо ва кӯчаи Добролюбов ба номи Садоқат иваз шуданд.
Ҳамчунин, дар иҷлосия аз ҷониби вакилон ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №14 Латофат Назирова, бинобар сабаби ба вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданаш, пеш аз муҳлат қатъ шуд ва барои доир намудани интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии №14 Комиссияи шаҳрии интихобот ташкил гардид.
Ш. САИДОВ