Чордаҳуми апрели соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи ҷаласа тасдиқ шуд.
Масъалаҳои аввали рӯзнома – «Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи идораи маблағҳои Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия аз 9 июни соли 2009», «Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Шартнома оид ба таъсиси Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия аз 9 июни соли 2009» ва «Дар бораи Шартномаи консессияи Неругоҳи барқи ҳароратии «Шӯроб» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Hos Powertech International SDN BND»-ро муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов мухтасар шарҳ доданд.
Аъзои Шӯро масъалаҳоро «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Насриддинзода Э. С.» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Акрамзода Б. И.» низ баррасӣ намуданд.
Масъалаҳои мазкур тибқи қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуданд.
Масъалаҳои дигари рӯзнома – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)», «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хуҷанд, Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ва «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» баъди муҳокима бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.
Ҳамчунин, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузориши роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон аз 16 то 26 феврали соли 2016» қарор қабул намуд.
Самариддин АСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ