Соли равон дар 66 шаҳру ноҳия бо иловаи се вилоят — ВМКБ, Суғд ва Хатлон 104 — солагии иди матбуотро хотирмон таҷлил карданд. Ғайр аз ноҳияи Муъминобод. Ноҳияе, ки аввалин аъзои Иттифоқи журналистони СССР ва Тоҷикистонро дар ҳудуди Кӯлоб зодааст ва имрӯз даҳ аъзо дорад. Шоирону нависандагонаш Салими Хатлонӣ, Барот Абдураҳмон, Сафар Амирхон, Одина Мирак дар рӯзномаю радио ва телевизион таҷриба андӯхта, ба олами адабиёт қадамҳои устувор гузоштаанд.
Муовини раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Ҷумъаева, мудири шуъбаи маънавиёт Олим Табаров ва боз ду нафар мутахассис масъули бахши иттилооти ноҳияанд. Вале дар рӯзи ҷашни матбуот аз санг садо омаду аз онҳо не. Ҳол он ки ин ноҳияи зебоманзар 12 Аълочии матбуот, 14 Аълочии фарҳанг, ҳашт аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва 52 мухбири ҷамоатӣ дорад.
Нашрияи ноҳиявии «Субҳи меҳнат» се сол боз ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза алайҳи коррупсия, нашъамандӣ мегардад. «Субҳи меҳнат» шояд дар ҷумҳурӣ ягона нашрия бошад, ки саҳифаҳои махсуси ҳармоҳаи «Шифо», «Сарфаи неру», «Инсон ва қонун», «Ҳифзи табиат» ва «Об барои рушди устувор» дорад.
Банда 37 маротиба дар таҷлили рӯзи матбуот ширкат варзидаам. Борҳо ифтихорномаю мукофот гирифтаам. Нахустин бор мебинам, ки масъулини ноҳияамон ба рӯзноманигорон ва нашрияи ягонаашон чунин беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Шояд ба масъулони ноҳияи Муъминобод Рӯзи матбуоти тоҷик маъқул набошад ва онҳо мехоҳанд, ки матбуотчиёни ноҳияро дар рӯзи 3 май — Рӯзи байналмилалии озодии сухан табрик намоянд?
Муҳаммадталаб НАЗРУЛЛОЕВ, сокини деҳаи Шаймирии ноҳияи Муъминобод, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, собиқадори 40 — солаи матбуот