Шашуми майи соли 2013 дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ бо иштироки васеи аҳли ҷамоатчигӣ, роҳбарони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу институтҳои намояндагӣ ва имом-хатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеи шаҳр баргузор гардид.
Дар ҷаласа дар радифи масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, маротибаи навбатӣ баҳри иҷрои вазифаҳои барномавии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки аз Паёми ироагардидаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли ҷорӣ бармеоянд ва вусъати корҳои таблиғотию оммавӣ миёни сокинони шаҳр дар иртибот ба он аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев дастуру роҳнамоиҳои мушаххас сурат гирифт.
Дар ин зимн таъкид гашт, ки Паёми мазкур ҳамчун санади мукаммали роҳандозии фаъолияти аҳли ҷамоатчигӣ ва кулли субъектҳои хоҷагидории шаҳр дар соли ҷорӣ, баҳри расидан ба таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, мавриди амал қарор дода шуда, талқини муҳтавои он бо истифода аз потенсиали аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ва ҳайати комиссияи ҷамъиятии созмоншаванда ба ҳар як сокини пойтахт расонида шавад.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати таъмини амалисозии нишондодҳои Паём, илова ба тадбирҳои тарҳрезишуда, чораҳои дигари муассир низ андешида шаванд.
Бо истифода аз ҳузури намояндагони васеи аҳли ҷамоатчигии шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба сифати таълим ва ҳолати тарбия дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нигаронида, аз коллективҳои омӯзгорӣ, кумитаю ассотсиатсияҳои волидон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақозо намуд, ки нисбати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, гузашта аз ин, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз байн бурдани ҷинояткорӣ миёни ноболиғон дар ҳамоҳангӣ фаъолияти густурдаро роҳандозӣ намоянд.
Раиси шаҳр ҳамчунин аз вазъи риояи танзими расму оин дар пойтахт изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки мутаассифона, натиҷаи санҷишҳои муштараки бахшҳои танзими расму оин ва дигар мақомоти дахлдори шаҳрӣ собит месозанд, ки рӯзҳои охир зимни баргузории ҷашну маъракаҳо вайронкунии муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби бархе аз мансабдорон ва дигар хизматчиёни давлатӣ ба мушоҳида мерасанд. Дар ин самт макомоти прокуратураи шаҳрро зарур аст, ки ба хотири халалдор накардани оромии сокинон оид ба риояи регламенти шаҳр аз тарафи субъектҳои хизматрасонию фароғатӣ бе ягон хотирбинӣ чораҳои қатъӣ андешад.
Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои таъмини волоияти қонун дар самти заминистифодабарӣ, сари вақт баровардани партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, дастрасии сокинон ба оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар ташкилоту идораҳои шаҳрӣ ва риояи фарҳанги ҳамзистии осоиштаи тамоми қишрҳои ҷомеаи пойтахт, омодагӣ ба таҷлили рӯзҳои Ғалаба, ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷом аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд, сурат гирифт ва муқаррар гардид, ки минбаъд ин усули қабули шаҳрвандон дар ҳама ҷаласаҳои назди раиси шаҳри Душанбе баргузоршаванда таъмин карда хоҳад шуд.
Ш. САИДОВ, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе