Иқдоми нав баҳри таъмини рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ

№52 (3532) 21.04.2016

Аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ лоиҳаи се Низомномаи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Бехатарии маҳсулоти хӯрок­ворӣ», «Бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ» ва «Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ» таҳия гардида, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои марбутаи кишвар барои қабул ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Аз «Тоҷикстандарт» ба мо иттилоъ доданд, ки ин низомномаҳои техникӣ барои таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ ва рушди истеҳсолот, баланд бардоштани сифати маҳсулоти ватанӣ, рақобатпазирии маҳсулот дар қиёс бо маҳсулоти воридотӣ ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ мусоидат хоҳанд кард.

Р. ҲАБИБОВ, «Садои мардум»