Суханронии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар Ҷаласаи умумии машварати якуми раисони парламентҳои кишварҳои Авруосиё
Муҳтарам ширкаткунандагони Машварат!
Хонумон ва ҷанобон!
Иҷозат диҳед, миннатдории самимонаи худро ба Ҳукумати Федератсияи Россия ва Раиси Думаи давлатии ин кишвар барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозӣ баён дорам ва ба созмондиҳандагони Машварат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид изҳори ташаккур намоям.
Боиси хушҳолист, ки Машварати имрӯза идомаи силсилаи мулоқоту вохӯриҳо дар заминаи густариш ва таъмиқи ҳамгироии авруосиёӣ баргузор шуда, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди байниҳамдигарӣ ҷараён мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан пешниҳоди Ҷумҳурии Кореяро дар мавриди баргузории Машварати раисони парламентҳои кишварҳои АвруОсиё бо мақсади баррасии ҳамаҷонибаи усулҳо ва имкониятҳои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳамгироӣ дар минтақа ҳамчун қаламрави ягонаи сулҳу субот, оромии иҷтимоии арзишҳои умумидошта ва имкониятҳои баробар, ҳуқуқу озодиҳои ҳар фарди ҷомеа, ҳифзи муҳити атроф ва густариши муносиботи шарикӣ ҷонибдорӣ менамояд. Мо боварӣ дорем, ки тавсия ва пешниҳодоти дар ин Машварат ироашуда барои татбиқи амалӣ ва муваффақонаи лоиҳаҳои ҳамгироӣ, густариши равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва байнипарлумонии кишварҳоямон мусоидат менамоянд.
Дурнамои таъмиқи ҳамгироии авруосиёӣ бо афзоиши аҳамияти АвруОсиё барои тиҷорат ва иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳамчун қутби муҳими сулҳҷӯйи дунё, ки дар асоси ҳуқуқу озодиҳои ҳар миллат барои ноил шудан ба пешрафтҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ поягузорӣ шудааст, алоқамандии зич дорад.
Дар шароити ба вуҷуд омадани хатарҳои нав ба ҷаҳони якқутбӣ ва афзоиши ҷаҳонишавии иқтисодӣ нақш ва аҳамияти ҳамгироии авруосиёӣ ба маротиб бештар мешавад. Дар натиҷа, тақозо мегардад, ки ҷиҳати такони нав бахшидан ба минтақа барои рушди устувори дар асоси равандҳои одилона ба хотири дастрасии ҳамаи кишварҳо ба зерсохторҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, манбаъҳои гуногун ва бозорҳо, ҳамчунин масъулияти муштарак дар инкишофи иқтидори инсонии ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Татбиқи самтҳои асосии таъмиқи ҳамгироии авруосиёиро дар бештар маврид дурнамои рушди устувори кишварҳои минтақа дар даҳсолаи наздик (дар давоми пас аз соли 2015) муайян мекунад ва он ба ғояҳои меҳварии лоиҳаи «АвруОсиёи Бузург», ки имконияти муттаҳид шудан дар атрофи барномаи ҳамгироии асри XXI Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Камарбанди иқтисодии Роҳи бузурги абрешим ва Иттиҳоди АвруОсиёро фароҳам оварда, таъминкунандаи хусусиятҳои фарогир ва гуногунҷанбаи ҳамгироии умумимиқёсии авруосиёӣ мебошад, алоқамандии зич дорад.
Татбиқи ҳамаҷонибаи ин ташаббусҳо шароити ҳақиқии таъмини гардиши озоди молу маҳсулот, хизматрасонӣ ва сармояро фароҳам меорад ва барои ташкили модели нави ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни кишварҳои мо, ки дар асоси баррасиҳои тарафайн ва пазируфтани манофеи ҳамаи кишварҳо ва миллатҳои АвруОсиё, нақшаҳои шарикии стратегии миёни ҳамаи ҷумҳуриҳои минтақаи АвруОсиё таркиб ёфтааст, замина мегузорад.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки татбиқи лоиҳаи Шоҳроҳи бузурги абрешим дар асоси меъёрҳои «баррасиҳои муштарак – бунёдгузориҳои муштарак – истифодаи муштарак» барои ҳамаи ҷаҳон имконоти ниҳоят хуб фароҳам оварда, раванди оламшумулро дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва рушди қитъаи АвруОсиё ба вуҷуд меорад. Таъмини зерсохтории ин ташаббус, аз ҷумла бунёди шоҳроҳҳои оҳану мошинрав ҳаҷми транзитро аз кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором ба Аврупо коҳиш медиҳад.
Боиси хушнудист, ки АвруОсиё барои афзоиши ҳаҷми тиҷорати ҷаҳонӣ аҳамияти бузург дорад ва марҳила ба марҳила ба қаламрави муҳими ҳамкориву тиҷорат, қутби ҳамоҳангсоз, майдони муҳим барои созиши мутақобилаи тарафҳо, механизми манофеи ҷонибҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ мубаддал мешавад. АвруОсиё дорои имконот ва иқтидорҳои бузург мебошад, ки метавонад ба маркази нави ҷалби маблағ ва сармоя табдил ёбад ва дар бахши ҷуғрофиёи сиёсӣ ва иқтисодӣ майдони муҳими таъминкунандаи амният ва таҳаммулпазирӣ бошад.
Таваҷҷуҳи махсус бояд ба масъалаҳои (механизмҳои) таҳияи мақсад ва ҳадафҳои созишномаҳои тиҷорати минтақавӣ ва талаботи мувозинати системаи тиҷорати ҷаҳонӣ бо дарназардошти таъмини шаффофият ва гуфтугӯйи ошкоро ва шартҳои ин созишномаҳо зоҳир гардад.
Мехоҳам таъкид намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ иқдомоти ҷиддиро дар заминаи амалисозии ислоҳоти иқтисодӣ дар ҳамаи бахшҳои иқтисоди кишвар бо мақсади расидан ба субот ва устувории макроиқтисодӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум рӯи даст гирифт. Дар ин давра парлумони кишвари мо бо мақсади таъсиси маҷмӯи ҳуқуқӣ ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иқтисодии мамлакат 292 қонун, 14 кодекс, 10 қонуни конститутсиониро таҳия ва қабул намуда, беш аз 300 созишнома ва қарордоди байналмилалиро тасдиқ кардааст. Дар ин самт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бештари кишварҳои АвруОсиё робитаи мустаҳками худро идома дода, бо таваҷҷуҳи махсус ғояҳо ва афкори нави марбут ба тасдиқи лоиҳаҳои минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва инфросохторӣ, ҳамгироии васеи кишварҳоро бо мақсади муттаҳидии минтақа ва ҷаҳонишавӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Тоҷикистон ба тақвияти муносиботи неки ҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ бо ҳамаи ҳамсоягони худ дар қаламрави АвруОсиё манфиатдор аст. Чунин равобит ба афзоиши иқтисоди Тоҷикистон, истифодаи самарабахши иқтидорҳои бузурги табиӣ-иқтисодӣ, тиҷоратӣ-сармоягузорӣ ва инсонӣ мусоидат менамояд. Илова бар ин, иштироки васеи Тоҷикистон дар лоиҳаҳои гуногуни ҳамгироии авруосиёӣ ба вазифаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ комилан мувофиқат мекунад. Ҳамин тавр, Тоҷикистон ҳанӯз моҳи сентябри соли 2014 Ёддошти тафоҳум дар бораи татбиқи лоиҳаи «Камарбанди воҳид, роҳи ягона»-ро имзо кард, ки аллакай дар дасти иҷро қарор дорад. Кишвари мо, ҳамчунин узви комилҳуқуқи Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ гардидааст.
Тоҷикистон, инчунин ба татбиқи самтҳои дурнамои ҳамгироии авруосиёӣ бо роҳи иштироки васеъ дар таъсиси бозорҳои муштараки молу маҳсулот ва қабл аз ҳама, манобеи энергетикии марбут ба тақвияти амният ва устувории иншооти барқу гармидиҳии кишварҳои авруосиёӣ, таъсиси шароити мусоид барои таъмини аҳолӣ бо манбаъҳои энергетикӣ ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ дар иншооти энергетикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Барои мо, муҳимтар аз ҳама, имкониятҳои (дурнамои) иштирок дар лоиҳаҳои гуногуни ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошад. Беҳтар аст, ки кишварҳо дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ ва инфросохтории минтақавӣ ширкат намоянд. Тазаккур додан бамаврид аст, ки Тоҷикистон, ҳамчун кишваре, ки роҳи баромад ба бандарҳои баҳриро надорад, дар ҳалли мушкилоти таъсиси бозори муштараки ҳамлу нақли нақлиётӣ ва содагардонии мавриди дастрасии он ба хизматрасонии мошинҳои боркаш ва нақлиёти роҳи оҳан дар қаламрави ҳамаи кишварҳои АвруОсиё, ҳамчунин осонгардонии муқаррароти системаи иҷозатдиҳӣ дар бахши ҳамлу нақли нақлиёти байналмилалӣ манфиатдор аст. Ҳамин тавр, татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти роҳи оҳани минтақавии Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон пайванди муҳим дар ҳалқаи байналмилалии ҳамлу нақли байналмилалӣ ба шумор меравад, ки боиси ҳавасмандии ҷонибҳо барои ба роҳ мондани муносиботи тиҷоратӣ байни кишварҳои минтақа мегардад. Дар ин замина кам шудани хароҷоти нақлиётӣ аз ҷониби ҳукумат ҳамчун омили мунтазам баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва дар маҷмӯъ, гуногунсозии иқтисоди миллӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии минтақавӣ, ки барои аз байн бурдани камбуди неруи барқ ва ташкили бозори энергетикии ягона дар минтақа равона шудааст, хеле манфиатдор аст. Сохтмони хатти лӯлаи газ аз Туркманистон то Хитой (ба воситаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон) холигии даҳлези иқтисодиро, ки Осиёи Марказиро бо Хитой мепайвандад, пурра мекунад.
Мехоҳам илова намоям, ки сохтмони хатти интиқоли гази Афғонистон (ТАПИ), CASA-1000 ва хатти роҳи оҳани Туркманистон — Афғонистон-Тоҷикистон на танҳо ҳавасмандии комилро барои дурнамои рушди соҳаҳои нақлиёту энергетикаи минтақа ба вуҷуд меорад, балки боиси тақвияти пояи ҳамгироӣ байни Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мегардад, ки метавонад иштироки Афғонистонро дар рушди ҳамгироии авруосиёӣ таъмин намояд.
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои АвруОсиё муҳим аст, ки маҷмӯи мутобиқсозии қонунҳоро бо роҳи содагардонии тартиби мусоидат ва назорати лоиҳаҳои ҳамгироии минтақавӣ ва байниминтақавӣ бо ҷалби шарикон, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таъмин намоем.
Ҳамчунин, муҳим аст, ки табодули таҷрибаро дар бахши фаъолияти қонунофарӣ ва парлумонӣ бо роҳи тақвияти фаъолияти муштараки байнипарлумонӣ, мониторинг ва мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои ҳамгироӣ ва барномаҳои сатҳҳои гуногун, ба роҳ мондани алоқаҳои зич байни кумита ва комиссияҳо, гурӯҳҳои вакилон бо мақсади муттаҳидсозии маҷмӯи қарордодиву ҳуқуқии муносиботи байнипарлумонии кишварҳои минтақа таҳким бахшем. Бинобар ин, таъмиқи ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, башардӯстона ва дигар бахшҳо дар минтақа бояд якҷоя бо густариши доираҳои гуфтугӯйи фарҳангӣ дар заминаи ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ бо фарогирии дастгирии ҳамаҷонибаи равобити башардӯстона ва фаъолияти хайрхоҳона ба роҳ монда шавад. Қобили зикр аст, ки татбиқи нақшаи рушди ҷуғрофиёи иқтисодии АвруОсиёи Бузург бо ҷодаи марказӣ ва ҳаётан муҳим — Роҳи бузурги абрешим кафолати аслӣ ва муҳими суботу шукуфоӣ ва оромии мардумони қитъаи АвруОсиё ба шумор меравад. Чунин сиёсат, бидуни шак, самти асосии мубориза бо гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ, ҳамчун мушкили асосӣ барои ҳамаи инсоният, дар минтақаҳои дурдасти АвруОсиёи Бузург хоҳад шуд.
Барои мамлакатҳои мо густариш ва таъмиқи ҳамгироии авруосиёӣ интихоби стратегӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инкишофи экологӣ ҳамроҳ бо таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги ҳамгироии минтақавӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад. Мо фикр мекунем, ки чунин тарзи фаъолият бояд ҳамроҳ бо гузаронидани ислоҳоти иқтисоди миллӣ, ки ба тақвияти рақобатпазирӣ ва ҷалби сармоя нигаронида шудааст, анҷом дода шавад.
Дар баробари ин, мо муътақидем, ки манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, инфросохторӣ ва экологӣ, дар ҳоли ба ҳадди ақал расонидани оқибатҳои эҳтимолии манфии чунин ҳамгироӣ бояд талошҳо дар мавриди коркарди ташаббусҳои институтсионалӣ ва қонунгузорӣ, беҳбуди равобити инсонӣ ва фарҳангии байни кишварҳои моро ба ҳамроҳ дошта бошад. Иҷрои вазифаҳои стратегии рушди дарозмуддати иқтисоди миллӣ дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ, афзоиши таҳдиду хатарҳо ва мушкилоти вобаста ба омилҳои беруна бояд дар радифи самтҳои афзоиши самарабахшии ҳамгироии иқтисодии авруосиёӣ ба назар гирифта шавад. Дар ин ҳолат ба инобат гирифтан зарур аст, ки ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ ба рушди савдо, бахши тиҷорат, сармоя ва дигар навъҳои фаъолияти иқтисодӣ неруи қавӣ мебахшад ва афзоиши фаъолнокии иқтисодӣ дар натиҷаи ҳамгироии кишварҳои минтақа ҳамроҳ бо шукуфоиву некуаҳволии мардум дар қаламрави кишварҳои авруосиёӣ ба даст меояд.
Мо боварӣ дорем, ки густариши барномаҳо, мизони ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳамгироии кишварҳои АвруОсиё дар заминаи эҷоди фазо ва фурсатҳои нав дар пешрафту шукуфоии кишварҳои мо комилан бо талаботи замон ва ормонҳои мардумонамон мутобиқ буда, метавонад боиси иштироки ҳар чӣ бештари кишварҳои минтақа дар мадори муносиботи иқтисоди ҷаҳонӣ, афзоиши рақобати иқтисодӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардум гардад.
Ҷониби Тоҷикистон ба талошҳои Ҷумҳурии Корея ва Федератсияи Россия барои ташкил ва гузаронидани Машварати якуми раисони парламентҳои кишварҳои АвруОсиё баҳои баланд дода, ҳамзамон ҳавасмандии комили худро ба тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳоямон баён медорад.
Дар интиҳо ба тавсеаи минбаъда ва дарозмуддати ҳамкориҳо дар раванди густариши равобити байнипарлумонии кишварҳои АвруОсиё изҳори умед ва ба ҳамаи шумо, барои саҳми арзандаатон дар тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба манфиати мардум ва кишварҳоямон изҳори сипос менамоям.
Ташаккур барои таваҷҷуҳ !