Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар доираи нақша - чорабиниҳои тарҳрезинамуда бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 — солагии таъсиси «Хонаи адибони Фархор»- ро таҷлил намуд.
Ба ин муносибат дар толори қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади хотирнишин баргузор гардид. Раиси ноҳия Раъно Раҳимзода зимни ироаи сухани табрикии худ изҳор намуд, ки соли 2006 бо дастгирию кумаки молии раиси онвақтаи ноҳия Ғуломалӣ Бояков «Хонаи адибони Фархор» таъсис ёфт. То ин давра аз ҷониби қаламкашони ноҳия дар жанрҳои гуногун 36 номгӯй китоб рӯи чоп омад. «Қомусномаи «Фархор», «Фархориён», «Фархор, фарзандони ту», «Бонувони Фархор», «Гаҳвораи маърифат», «Чордодарон», «Армуғони Фархор» аз ҷумлаи он китобҳоеанд, ки ба таърихи гузаштаву имрӯзаи ноҳия бахшида шудаанд. Айни ҳол «қомусномаи Фархор» бо таҳриру иловаҳои нав омодаи чоп аст.
Соҳибкор Ғуломалӣ Бояков пешниҳод намуд, ки «Хонаи адибони Фархор» ба расмият шинохта, китоби «Армуғони Фархор» бо таҳриру иловаҳо аз нав чоп шавад.
- Дар сурати ба нашр омода гардидани китоби мазкур, — афзуд ӯ, — ман масрафи онро пардохт менамоям.
Ғуломалӣ Бояков, инчунин ба «Хонаи адибони Фархор» як компютер ва як телевизор туҳфа намуд.
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб «Сипоснома»-и ба унвони адибони ноҳия ирсолнамудаи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро қироат кард.
Шоири хушбаён Алимуҳаммад Муродӣ зикр намуд, ки бо ташаббус ва дастгирии «Хонаи адибони Фархор» чанд китобаш рӯи чоп омада, шабҳои эҷодиаш дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.
Рӯзноманигор Аскар Абдусамадов баъд аз суханронӣ ба чанд нафар шаҳодатнома ва нишони Аълочии матбуоти Тоҷикистонро супурд. Масъулону аъзои «Хонаи адибони Фархор» Бурҳониддини Усмон, Аскар Абдусамадов, Имомалӣ Нуралӣ, Ҳабибулло Афзалов, Файзулло Ҳалимов, Зебониссо Раҳимова, Акрам Бойматзода, Шариф Асозода, Ҳасан Бобоев, Эргаши Хоркаш, Раҷабалӣ Ҷалилов ва дигарон бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор қадр гардиданд.
Ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз эҷодиёти адибон- аъзои ин боргоҳи сухан шеъру порчаҳои насрӣ қироат карданд.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»