Хабарҳо аз ВМКБ

№53 (3533) 23.04.2016

Изҳори нигаронии раиси вилоят

 

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед дар машварате, ки  бо роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардорони идораву муассисаҳо гузаронд, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки омодагӣ  ба 19 — солагии  Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бахусус дар самти таҳияи барномаҳои фарҳангию ҳунарӣ ва суръати кор дар иншооти бунёдшаванда, қонеъкунанда нест. Ба таҳияи барномаҳои қабули меҳмонон, маросими баҳрабардорӣ қарор додани иншоот бо иштироки роҳбарияти кишвар ва меҳмонони хориҷӣ бояд беҳтарин истеъдодҳо ва эҷодкорон ҷалб шаванд.

- Бояд ҳар як сокини вилоят барои дар сатҳи олӣ баргузор гардидани ин ҷашни миллӣ иштироки фаъолона намояд. Мо чунин таҷриба ва имконоти зеҳниро дар ихтиёр дорем ва бояд аз онҳо оқилона истифода барем, — гуфт раиси вилоят.

 «Корвони китоб» дар Бадахшон

Сафари намояндагони «Корвони китоб» дар шаҳру навоҳии ВМКБ ба як ҳамоиши тантанавӣ мубаддал гардид. Ин иқдом бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи чорабиниҳои ҷашни умумиҷумҳуриявии 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ шуд.

Ба воситаи «Корвони китоб» беш аз 11 000 нусха китоб вориди вилоят гардид. Китобҳои тозанашр аз ҷониби Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ройгон ба китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят тақсим гардид.

Ҳамчунин, аз тарафи «Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 500 номгӯй китобҳои адибони классику муосир ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд.

 Сарчашмаи ғановати маънавии инсон китоб аст

Фестивали вилоятии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» имсол дар муассисаи таълимии Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ гардид.

Ҳадафи фестивал-озмун ташвиқи китоб дар байни кӯдакону наврасон, баланд бардоштани мақоми китоб  ҳамчун сарчашмаи ғановати маънавии инсон маънидод шуд.

Садри шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан ва сарвари муассисаи таълимии Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ Арамбегим Маҳтобшоева ҳозиринро бо оғози фестивал шодбош гуфта, оид ба ҷойгоҳи китоб дар ҳаёти инсон сухан ронданд.

Шоирон Алидоди Чароғабдол ва Гулнисои Ато аз ашъорашон шеърҳо қироат намуданд.

Хонандагони Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат  ва мактаби мусиқии шаҳри Хоруғ бо шеъру тарона ва намоиши саҳнача чорабиниро рангин сохтанд.

Ш. Шоҳқосимов,  «Садои мардум»