Дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мадди назар аст, муҳофизат ва баҳри рушди ҷомеа истифода намудани моликияти зеҳнӣ самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Бо дарназардошти ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як қатор қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла «Дар бораи ихтироъ» (соли 2004), «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» (2004), «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ» (2006), «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» (2007), «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» (2007), «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (2008) мавриди амал қарор доранд. Татбиқи ин қонунҳо имкон медиҳанд, ки ҳифзи ҳуқуқи муаллифон ва ихтироъкорон дуруст ба роҳ монда шавад. Нуктаи муҳим он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони эълони истиқлолият пояҳои асосии қонунгузории худро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ бунёд ва дар моддаи 40- уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудааст, ки «Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст».
Зимни суҳбат сардори шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмонҷон Муқимов зикр намуд, ки бо пешрафти техникаву технологияи нави муосир имкон фароҳам меояд, ки дар муддати кӯтоҳтарин маҳсули эҷоди моликияти зеҳнӣ — асарҳои муаллифони дохиливу хориҷӣ сабт ва бо тарзи гуногун истифода шаванд ва ин кор бояд ҳатман дар асоси қонун ва санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, сурат гирад. Аз ин хотир, кишвари мо дар бахши ҳифзи ҳуқуқи муаллифон ба як қатор шартномаҳои байналмилалӣ – «Конвенсия дар бораи таъсиси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ» (Тоҷикистон соли 1991 ҳамроҳ шудааст), «Созишномаи Париж дар бораи ҳифзи моликияти саноатӣ» (1991), «Созишномаи Мадрид дар бораи сабтгирии байналхалқии нишонҳо» (1991), «Созишномаи Нис дар бораи таснифоти молҳо ва хизматҳо» (1991), «Созишномаи Локарн дар бораи таъсис додани Таснифоти байналхалқии намунаҳои саноатӣ» (1991), «Шартнома оид ба ҳамкории патентӣ» (1991), Созишномаи Страсбург оид ба Таснифоти байналхалқии патентӣ (1991), «Шартномаи Будапешт дар бораи эътирофи байналхалқии ҳифзи микроорганизмҳо» (1991), «Шартномаи Найроби оид ба ҳифзи рамзи олимпӣ» (1991), «Конвенсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи муаллиф» (1992), «Созишномаи ҳамкорӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф» (байни 11 кишвари ИДМ, 1993), «Конвенсияи Берн оид ба ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ» (2000), «Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи манфиатҳои ҳунармандон – иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва ташкилотҳои радио ва телевизион» (2008), «Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф» (2009), «Созишнома оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси мубодилаи байнидавлатии иттилоот ва ташкили махзани маълумоти миллии ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 2010), «Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо» (2011), «Конвенсия оид ба ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони фонограммаҳо аз истифодаи ғайриқонунии фонограммаҳои онҳо» (2012) ҳамроҳ шудааст.
Тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи умум ва беҳтар намудани тафаккур дар бораи моликияти зеҳнӣ ва нақши он дар ҳаёти имрӯза, кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) 26 апрелро Рӯзи моликияти зеҳнӣ эътироф намуданд. Ҳоло 188 кишвар аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ мебошанд.
Моликияти зеҳнӣ ва ҳифзи ҳуқуқии он яке аз рукнҳои муҳимтарини иқтисоди муосир ба шумор меравад, ки он бо номи «иқтисоди донишбунёд» маъруф мебошад. Таваҷҷуҳи рӯзафзуни мутахассисони соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавзӯи моликияти зеҳнӣ ҳам маҳз ба аҳамияти дар солҳои охир касбнамудаи он вобаста аст.
- Ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ ба муаллифон имконият медиҳад, ки аз асари эҷоднамудаи худашон фоида ба даст оранд ё барои эҷоди он соҳиби сармоя гарданд. Ин ҳуқуқ дар моддаи 27- уми Эъломияи ҳуқуқи инсон сабт шудааст, — афзуд Н. Муқимов
Истифодаи ғайриқонунии объектҳои моликияти зеҳнӣ на танҳо ҷанбаҳои манфии маънавӣ дорад, балки он ба обрӯи байналмилалии ҳар кишвар таъсир расонида, ба иҷрои уҳдадориҳо, ки аз санадҳои умимиҷаҳонӣ бармеоянду онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, халал мерасонад. Барои дар амал татбиқ намудани талаботи қонун ва дигар ҳуҷчатҳои дар ин соҳа қабулгардида, ҳамчунин ҳар чӣ беҳтар ҳифз намудани ҳуқуқи муаллифону ихтироъкорон ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳамкории мақомоти дахлдор ва муаллифону ихтироъкорон омили муҳим мебошад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»