Бисту дуюми апрели соли равон дар Кохи Ҷомии пойтахт нахустнамоиши филми «Маро бубахш» баргузор гардид, ки аз рӯи ҳикояи Зарринаи Акрамдухт наворбардорӣ шуда, коргардон-таҳиягар Муҳаббат Сатторӣ мебошад.
Дар он саргузашти Нигин ном духтаре қисса мешавад, ки дар ятимхона ба воя расида, як муддат ба дуздӣ машғул шудааст. Ин амали номатлуби Нигин дар охир боиси марги фоҷиавии Азиза мегардад, зеро, ҳангоме ки Азиза маошашро гирифта, ба мағоза меравад ва барои писараш мошинча хариданӣ мешавад, Нигин дар фикри аз худ кардани пули ӯ меафтад. Ӯ ҷузвдони Азизаро кашида мегирад ва гурехта ба бинои навсохте ворид мешавад. Азиза ба хотири бозпас гирифтани пулҳояш Нигинро дунболагирӣ карда, ӯро дар дохили бино пайдо менамояд. Ҳангоме ки ҷузвдонашро бо зӯрӣ гирифтанӣ мешавад, кӯлоҳи Нигин аз сараш меафтад ва духтар буданаш ошкор мегардад. Азиза аз дидани ин манзара ба таҳлука афтода, қафонокӣ меравад ва аз бинои баландошёна сарозер шуда, ҷон медиҳад. Нигин аз кори карда пушаймон мешавад ва мехоҳад ихтиёрӣ худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорад, аммо модархондаш ба кори ӯ монеъ шуда, вайро дар кӯдакистон ба кор мемонад. Дар он кӯдакистон фарзандони Азиза низ тарбия меёфтанд ва тасодуфан Нигин мошинчаи харидаи Азизаро дар дасти писари ӯ дида, мешиносад ва ба тарбияи духтар ва писари Азиза аҳамияти хоса медиҳад. Дар ин ҷо Нигин аз зиндагии Азизаву Маъруф огоҳӣ меёбад. Маълум мешавад, ки онҳо низ дар ятимхона тарбия ёфта, хешу табори наздик надоштаанд. Шавҳари Азиза-Маъруф пас аз марги ҳамсараш майхора мешавад ва фарзандонаш бо азоб зиндагӣ мекунанд. Аз ин сабаб кӯдаконашро ба ятимхона месупорад. Нигин аз ин хабардор шуда, ба ятимхона меравад ва кӯдакони Азизаро хабар мегирад ва барои меҳмонӣ ба хонааш оварда, Маъруфро низ, ки ба беморхона афтида буд, хабар мегирад. Маъруф аз меҳрубониҳои Нигин нисбат ба фарзандонаш хабардор мешавад ва барои тарбияи фарзандонаш ба Нигин пешниҳоди хонадоршавӣ мекунад…
Умуман, «Маро бубахш» зиндагии кӯдакони ятимро хеле хуб инъикос намуда, ҷанбаи хуби тарбиявию ахлоқӣ дорад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»