Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Норак

№56 (3536) 28.04.2016

26670822735_282c46575a_o27 апрели соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Нораки вилояти  Хатлон сафари корӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 — и деҳаи Чашмаи деҳоти «Дӯконӣ» расман оғоз бахшид, ки бо харҷи ду миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳиддин Табаров бунёд гардида, аз ду ошёна ва 14 синфхонаи таълимӣ иборат аст. Муассисаи мазкур, ки дар он 240  нафар дар як баст ба таълим фаро гирифта мешавад, синфхонаҳои барҳавои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, маркази ҳунаромӯзии духтарон, синфхонаи компютерӣ, толори маҷлисгоҳ ва ошхонаи замонавӣ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо сифати  корҳои  сохтмонӣ  ва шароити  таълимӣ  аз амали  неки  соҳибкор  Муҳиддин Табаров  барои саҳмгузории фаъол дар раванди бунёдкорию ободонӣ ситоиш кард.

Сарвари давлат дар синфхонаҳои алоҳида ва маркази технологии ҳунаромӯзии муассисаи таълимӣ хонандагонро даъват кард, ки бо рафтору кирдори намунавӣ таҳсил намуда дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, азхуднамоии технологияҳои компютерӣ ва касбу ҳунар  фаъол бошанд.

Бо бунёди муассисаи таълимии нав дар деҳаи Чашма роҳҳои маҳаллӣ ва кӯчаю гузаргоҳҳои деҳа низ навсозию мумфарш ва ободу зебо шуда, заминаи мусоиди пешбурди  зиндагии беҳтару хубтари сокинон муҳайё  гардидааст.

27 апрели соли 2016 дар шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи гармхонаҳои доимоамалкунанда» шинос шуд.

Ин маҷмаа соли 1982 бунёд гардида, дар замони истиқлолият пурра мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифт. Масоҳати умумии он 12 гектар буда, дар 6 гектари он, ки шаш гармхона бунёд шудааст, сабзавоти барвақтӣ, аз қабили помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ, карам ва кабудиҳо парвариш мешавад.

Мавсими имсола деҳқонон аз шаш гармхонаи мавҷуда тақрибан 100 тонна сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла 69 тонна помидор, беш аз 3,5 тонна бодиринг ва 5 тонна дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ карда, бо нархи дастрас барои фурӯш бароварданд ва то охири мавсим ин нишондод дар маҷмӯъ ба 250 тонна расонида мешавад, зеро ба ҳисоби мутахассисон ҳосили интизорӣ аз ҳар як гармхона тахмин 28 тоннаро ташкил медиҳад.

Соли гузашта аз ин гамрхонаҳо 170 тонна помидор ва 50 тонна бодиринг ҷамъоварӣ шудааст.

Зикр гардид, ки бо анҷоми корҳои агротехникӣ ва интихоби тухмиҳои хушсифат ҳосилнокии зироат дар гармхонаҳо аз ҳар гектар ба 360-400 сентнер расонида шуд ва деҳқонони соҳибтаҷриба барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ аз тамоми имконияту шароити мавҷуда оқилона истифода мебаранд.

Айни замон дар ин гармхонаҳо зиёда аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд.

Маҷмааи гармхонаҳои мазкур, дорои шабакаи ягонаи гармидиҳӣ мебошад, ки аз замони ба кор оғоз кардан, яъне 34 сол, ба воситаи қувваи барқ фаъолият мекунад. Тибқи нақша дар ояндаи наздик дастгоҳҳои буғхонаи маҷмаа мавриди таҷдид қарор хоҳанд гирифт.

Ба андешаи деҳқонон хароҷоти қувваи барқ имрӯз арзиши маҳсулотро боло мебарад ва онҳо гузаштан ба сӯзишвории алтернативӣ, аз ҷумла ангиштро ба манфиати кор медонанд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳамкории пайвастаи деҳқонони КВД «Маҷмааи гармхонаҳои доимоамалкунанда»- и шаҳри Норак бо олимони соҳаи кишоварзӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор меорад.

Ба хотири рушди бахши сабзавоткорӣ дар ҳар як гармхона барои муайян намудани тобоварӣ ва ҳосилнокии зироати кишоварзӣ қитъа­ҳои таҷрибавӣ таъсис шудааст, ки анҷоми ин кор дар оянда ба деҳқонон барои ба даст овардани ҳосили фаровон кумак хоҳад кард.

Аз ин ҷост, ки имрӯз маҷмааи гармхонаҳои мазкур барои донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар самти парвариши сабзавоти барвақтӣ пойгоҳи омӯзишӣ ба ҳисоб меравад, зеро онҳо ба таври амалӣ дар ин ҷо таҷриба меомӯзанд. Дар баробари ин, олимони соҳа бо анҷоми таҳқиқоти илмӣ ба деҳқонони кишвар навъҳои серҳосили зироати кишоварзиро пешниҳод мекунанд.

Деҳқонони ин гармхонаҳо дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамчунин сабзавоти тару тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг­ро  ба Федератсияи Россия содирот мекунанд.

27 апрели соли 2016 дар маҳаллаи «Сари гузар» — и деҳоти «Дӯконӣ»-и шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Гимназияи давлатии № 1 оғоз бахшид.

Ба муносибати ифтитоҳи муассисаи нав хонандагон Сарвари давлатро бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ истиқбол гирифта, барои ғамхорӣ ба соҳаи маориф арзи сипос карданд.

Бинои гимназия дар асоси шартномаи тарафайн миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сохта шуда, корҳои сохтмонӣ дар он бо гузоштани санги асос аз ҷониби Пешвои миллат соли 2013 оғоз гардид. Бинои он бо харҷи 30 миллион сомонӣ дар зарфи се сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он барои 360 ҷой пешбинӣ шуда, бо тамоми ашёи хониш таъмин гардидааст. Шаш кабинети муҷаҳҳази техникӣ, 11 синфхона, китобхона, толори варзишии замонавӣ, ошхона барои 92 ҷойи нишаст ва кабинети таълимии ҳунарҳои мардумӣ ба хонандагону устодон пешкаш шуд.

Дар саҳни ҳавлии гимназия майдони футбол, волейбол, теннис бо стандартҳои байналмилалӣ бунёд ёфтааст. Барои таълими хонандагон 20 нафар омӯзгор ва 15 корманди техникӣ ҷалб гардидааст.

Бинои таълимгоҳ бо стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар он нозукиҳои меъмории хос ба соҳаи маориф риоя гаштааст. Барои гарму муътадил нигоҳ доштани синф­хонаҳо масолеҳи замонавии аз ҷиҳати экологӣ безарар истифода шудааст. Ҳамзамон шабакаи гармидиҳии мустақил бун­ёд гардидааст, ки тамоми биноро дар фасли сармо бо гармӣ таъмин менамояд.

Қаблан, аз сабаби набудани чунин бинои замонавӣ, хонандагон то синфи 8 таҳсил намуда, сипас, барои идомаи таълим ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дигар деҳаҳо мерафтанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои сохтмонӣ ва синфхонаҳову кабинетҳои фаннӣ шинос шуда, ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки бунёди чунин муассисаҳо сол то сол зиёд гашта, имкони беҳ гардонидани сатҳу сифати таълимро бештар намуда, барои омода кардани кадрҳои болаёқат заминаи хубро фароҳам мегардонад.

27 апрел, ҳамчунин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии «Норак» ташриф оварда, муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ – дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии — 500 кВ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Сохтмони бинои дастгоҳи мазкур соли 2012 дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Масоҳати ҷойгиршавии он, ки дар солҳои аввали баис­тифодадиҳии иншоот 4,5 гектарро ташкил медод, айни замон дар 0,10 гектар замин ҷойгир аст. Ба ғайр аз ин, эътимоднокӣ ва кафолати 25 — сола дорад.

Дастгоҳ бо дастгирии Фонди рушди Осиё ба маблағи 54 миллиону 770 ҳазор доллари амрикоӣ аз тарафи ширкати олмонии «Алстом» сохта шудааст.

Таҷҳизоти асосии дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ (ДТПЭ), кабелҳои баландшиддат, таҷҳизоти муҳофизатию назоратӣ ва таҷҳизоти системаи телекоммуникатсионӣ дар давлатҳои Фаронса, Италия, Испания ва Олмон истеҳсол гардидаанд.

Соли 2013 низ бо ҳидояти Пешвои миллат ва тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 кВ дар НБО-и «Норак» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

27 апрели соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ бахшид.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак 13 августи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Рӯдакӣ барои оғози корҳои сохтмонии муассисаи таълимии мазкур санги асос гузошта буд.

Ин муассисаи таълимӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи 40 миллион сомонӣ аз ҳисоби кумаки бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шуд. Корҳои сохтмонӣ аз тарафи пудратчӣ — ширкати «Ентсзиен»-и Чин аз 6 июни соли 2014 оғоз гардида, 6 декабри соли 2015 ба анҷом расид.

Муассиса сеошёна буда, барои 1220 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст ва аз 22 синфхона, 8 кабинети фаннӣ, аз ҷумла технологияи иттилоотӣ, лингофонӣ, химия, физика, математика, биология, толорҳои суруду мусиқӣ ва китобхонӣ, толори варзишӣ, маҷмааи майдончаҳои варзишии футбол бо 700 ҷойи нишаст, теннис, ду майдони волейбол, баскетбол, ошхона бо 120 ҷойи нишаст, китобхона ва бунгоҳи тиббӣ иборат мебошад.

Баъди ифтитоҳи муассисаи таълимӣ дар синфхонаҳои барҳаво Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони хуштолеъ, ки бо шарофати Пешвои миллат соҳиби чунин як бинои боҳашамату зебо гардидаанд, суҳбати самимӣ доир кард. Сарвари давлат хонандагонро ба хониши хубу аъло, омӯзиши илмҳои муосир, технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуд.

Хонандагон дар навбати худ ваъда доданд, ки дар ҷавоб ба ҳама ғамхорӣ бо баҳои хубу аъло мехонанд.

Муассисаи таълимӣ, инчунин дорои системаи алоҳидаи барқу гармидиҳӣ, аз сӯхтор нигоҳдоранда, хатти алоқа ва дастгоҳи махсуси идоравӣ мебошад. Таҷҳизоти кабинетҳои фаннӣ ва ошхона аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак харидорӣ шудааст ва ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Дар ин ҷо ба тариқи озмун омӯзгорони ботаҷриба ва дорои маълумоти олӣ ба кор қабул мешаванд.

Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар ин муассисаи наву замонавӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодони муассиса ва фаъолони шаҳр суҳбати самимӣ доир кард.

Нахуст Президенти мамлакат ҳозиринро бо ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ табрику таҳният гуфта, бунёди он ва дигар иншооти он рӯз дар шаҳри Норак мавриди баҳрабардорӣ қарордодаро туҳфаи арзандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумат ба мардуми меҳнатқарини шаҳри Норак дар соли таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тон маънидод кард. Зимни баромади худ сокинони шаҳр, намояндагони касбу кори гуногун ба Пешвои миллат, роҳбари хирадманду ояндасоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббусу ғамхориҳояш изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

www.president.tj