Зиёда аз як моҳ мешавад, ки расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ аз тараддудҳои як гурӯҳи ташаббускор ҷиҳати таъсис додани ҳизбе бо номи «Тоҷикистони нав» дарак медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистони 8 миллионнафара (аз онҳо тақрибан 3,6 миллион нафар дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошанд), ҳашт ҳизби сиёсӣ озод фаъолият карда истодаанд. Онҳо тамоми намудҳои идеологияи сиёсӣ — аз коммунистию сотсиалистӣ сар карда, то ақидаи диниро тарғиб мекунанд. Ҳар фарде, ки ба сиёсат рӯй орад, метавонад аз миёни идеологияи ин аҳзоб ба худ мувофиқашро пайдо намояд ва баҳри расидан ба мақсаду ғояҳояш ба он бипайвандад.
Аммо яке аз соҳибкорони шинохтаи кишвар Зайд Саидов мехоҳад ба сиёсат аз дарвозаи дигар ворид шавад. Тариқи худхоҳиву худнамоишдиҳӣ, ташкили нишастҳои матбуотӣ эълон карда истодааст, ки ҳизби худашро таъсис доданист. Дар он худаш ҳам раис бошаду ҳам шӯрои сиёсӣ, хоса ташкилоти сиёсие, ки пурра дар дасти худаш бошад. Бо ваъдапардозиҳову суханони фиребанда як гурӯҳ тоҷирону иқтисодчиёнро дар атрофаш гирд оварда истодааст. Вақте ки вазир буду дар деги сиёсат меҷӯшид, боре ҳам аз таъсиси ҳизб наандешида буд. Ҳизбҳои монанди «Тоҷикистони нав»-ро «кисагӣ» меноманд, зеро он аз ҷониби фарди муайян барои ҳифзи манфиатҳои шахсӣ таъсис дода шуда, ба орзую ормони мардум, идеалҳои сиёсии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ягон робита надоранд.
Суоли матраҳ ин аст, ки то кадом дараҷа ин ҳизб ба дарди мардуми тоҷик ва интихобкунандагон мехӯрад? Дар сурате, ки барои бароварда сохтани ниёзи як нафар ва дар марҳилаи мушаххаси зиндагиаш таъсис дода шудааст. Хулоса, «Тоҷикистони нав» танҳо барои худи Зайд Шерович ва ширкатҳои сершумори ӯ лозим шудааст.
Маҳз ҳамин худхоҳии Зайд Саидов буд, ки ӯ тавонист соҳиби ин қадар сарвату молу мулк гардад. Таърих исбот кардааст, ки афроди аз ҷиҳати табиӣ ноқис (аз хонандаи азиз маъзарат мехоҳам, аммо барои кушодани симои аслии Зайд Шерович ин нукта ниҳоят муҳим аст) хеле худхоҳу бераҳм мешаванд. Баҳри расидан ба мақсадҳои хеш аз ягон роҳу восита рӯй наметобанд.
Саидов ҳангоми нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта ҳамчун узви созмони Иттиҳоди мухолифини тоҷик яке аз масъулони молиявӣ буду вазифаҳояш аз ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва интиқоли маблағҳои пулии созмон иборат будааст. Дар натиҷаи фаъолияти «пурсамараш» дар як муддати кӯтоҳ бо маблағҳои ҳангуфте, ки аз ҷониби сарпарастон барои гурезагон ва беваву бечорагон ҷудо мешуданд, дар ҳудуди Федератсияи Россия якчанд мағозаҳои калонро харидорӣ намуд. Тавре ҳолдонҳо нақл мекунанд, маблағҳоро аз рӯйи салоҳдид ва бештар барои ниёзҳои худаш сарф карда, ба марҳум Абдуллои Нурӣ ҳисоботи бардурӯғ пешкаш менамуд.
Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз рӯйи тақсимоти 30 фоизи Ҳукумат аз Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба вазифаи раиси Кумита ва баъдан вазири саноат пешбарӣ ва таъин гардид. Ин марҳилаи зиндагиаш барои ҷамъоварӣ намудани сарвати бештар шароит фароҳам овард. Фаъолияти «пурмаҳсулаш» асосан ба хусусигардонии иншооти давлатӣ ва ба шахсони сеюму чорум фурӯхтани онҳо равона гардида буд. Дар ҳамин давра корхонаи дӯзандагии «Гулистон», «Тоҷикмармар», «Тоҷиккристал», боз чанд муассисаҳои дигари давлатӣ аз ҷониби ӯ бо нархҳои арзон харидорӣ карда шуданд. Ҳамчунин мавсуф аз мансаби вазирӣ истифода намуда, мавқеи ширкатҳояшро дар Федератсияи Россия низ устувор кард.
Мисоли навбатии мо шояд дахолат ба ҳаёти шахсии як шаҳрванд ва дар айни ҳол, Зайд Саидов дониста шавад. Аммо ба хотири аз ҷониби собиқ вазир вайрон намудани талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ ва суханрониҳои авомфиребонааш дар атрофи эҳтиромаш ба сохти дунявии мамлакат, ба хонандаи азиз маълум мегардонем, ки Зайд Шерович се зан дорад. Ҳолати мазкур баёнгари он аст, ки ин шахс нафси худро комилан идора карда наметавонистааст.
Кор ба ҳадде расидааст, ки вазифаи раиси Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои худхоҳиву худнамоишдиҳӣ ё ба қавли русҳо «самореклама» бо ҷӯрабозиву улфатчигӣ соҳиб шудааст. Ҳол он ки бинобар ноқисии ҷисмонӣ, агар бо тамоми вуҷуд хоста бошад ҳам, наметавонад ба ин намуди варзиш машғул шавад. Ин ҷо низ Зайд Саидов манфиатҳои молиявиро пайгирӣ мекунад, маблағҳои барои рушди соҳаи теннис ҷудошуда, аксар вақт ғайримақсаднок истифода гардидаанд. Натиҷаҳои кори ин тоҷири «муваффақ» аст, ки Тоҷикистон имрӯз ҳатто як теннисбози дараҷаи сатҳи ҷаҳонӣ он тараф истад, сатҳи минтақавӣ ҳам надорад.
Имрӯзҳо бошад, маҳз ҳамин фард «ҳизббозӣ»-ро сар карда, мехоҳад ҳизби нуҳуми сиёсиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳад. Ҳизби нафс, ҳизби худхоҳӣ ва ҳизби бароварда сохтани ғаразҳои шахсии Саидов Зайд Шерович!
Салоҳият ва ҳуқуқи маънавии аз номи мардум сухан карданро надорам ва карданӣ ҳам нестам, вале мавқеи шаҳрвандии худамро равшан сохта, бо қотеият иброз менамоям, ки ин қабил ҳизбҳо барои ҷомеаи мо лозим нестанд. Дар ягон давраи таърихӣ «ҳизбҳои кисагӣ» барои ободии ҷомеа хизмат накардаанд ва нахоҳанд кард.
Аҳмад МИРЗОЕВ