Расул Боқиев, варзишгари маъруфи тоҷик, дзюдочии шинохта ва қаҳрамони воқеист. Дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2008. Чанд дафъа соҳиби Ҷоми ҷаҳон гардида, барандаи унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи кураш аст. Ӯ чӣ тавр тавонист дар Маскав мактаби варзишӣ таъсис диҳад?
Шаҳраки олимпӣ ноҳияест дар Маскав. Садҳо бинои баландошёна, даҳҳо маркази савдо, мактаб ва кӯдакистон дар ин минтақа ҷой гирифтаанд. Дар қатори онҳо маҷмааи варзишӣ, ки ҳанӯз аз давраи Бозиҳои олимпии соли 1980 машҳур аст, қомат афрохтааст. Волидайн фарзандони худ- қаҳрамонони ояндаро ба ин ҷо барои машқ меоранд.
- Мактаби дзюдои Расул Боқиев дар куҷо аст? — суол кардем аз маъмур.
- Ана, бачаҳо ба назди ӯ барои машқ мераванд, аз пушти онҳо равед.
Чуноне маълум шуд, онҳо дер монда будаанд. Тамрин аллакай шурӯъ шуда буд. Расул Боқиев дастур медод, ки чӣ гуна машқҳоро бояд анҷом дод. Кӯдакон гӯш мекарданд, маълум буд, ки ҳаракатҳои варзишӣ ба онҳо писанд аст. Ба пеш, ба ақиб, «давр занед», давед…
Мо тасмим гирифтем, ки ба онҳо халал нарасонида, аз як тараф ҷараёни машқро мушоҳида намоем. Гузашта аз ин, мо бояд навор мебардоштем ва акс мегирифтем.
Чашмамон ба ҷевони калони шишагӣ, ки дар толор ҷойгир буд, афтод. Дар дохили он нишону ҷом ва ифтихорномаҳои Расул Боқиев қатор гузошта шудаанд.
Дар ҳамон лаҳза нафаре ба назди мо омад, ки ба тан либоси варзишӣ дошт. Дар пушташ тарҳи насабаш намудор буд. Маълум шуд, ки ӯ дар дигар гурӯҳ машқ мекунад, фақат каме барвақт омадааст.
- Иван (ном иваз шудааст-шарҳ аз идора), муроҷиат кардам ба ӯ. Лутфан бигӯ, чӣ қадар шуд, ки ба тамрини дзюдо машғул ҳастӣ?
- Ду сол. Вале пештар дар назди дигар мураббӣ тамрин мекардам. Ин ҷо ба ман бештар писанд аст.
- Барои чӣ ту маҳз дзюдоро интихоб намудӣ?
- Мехоҳам зӯр ва ҷасур бошам.
- Барои чӣ зӯр будан мехоҳӣ?
- То хешону пайвандонамро муҳофизат намоям.
- Чанд сол дорӣ?
- Ҳаштсолаам. Дар синфи дуюм таҳсил мекунам.
Ин лаҳза машқ анҷом ёфт ва лаҳзаи суҳбат бо Расул Боқиев фаро расид.
- Қаблан ман дар мактаби «Самбо-70» машқ мекардам. Ҳамроҳам директори Шаҳраки олимпӣ — Дмитрий Кузнетсов ба машқи бадан машғул мешуд. Маҳз ӯ ба ман пешниҳод намуд, то мактаби ба номи «Расул Боқиев»-ро дар Шаҳраки олимпӣ таъсис диҳам.
- Оё варзишгарони номдорро ба мактабатон даъват мекунед?
- Албатта. Масалан, дорандаи ҷоизаи Бозиҳои олимпӣ, қаҳрамони чандкаратаи ҷаҳон дар риштаи дзюдо Александр Михайлин ин ҷо машқ мекунад. Ин аз он дарак медиҳад, ки мактаби дзюдои Расул Боқиевро аллакай мешиносанд ва арҷ мегузоранд.
- Шумо аллакай мураббӣ шудед. Гуфтан мумкин аст, ки фаъолияти варзишии шумо ба анҷом расид. Чӣ эҳсосе доред, ки натавонистед Қаҳрамони олимпӣ шавед?
- Ғамгин нестам. Дар шароите ки ман қарор доштам, ба пуррагӣ қобилияти худро истифода намудам. Ба ман даст надод, то медали тилло бигирам, вале ин ҳам бо гуноҳи худам. Дар Бозиҳои олимпӣ ман соҳиби нишони биринҷӣ гардидам, яъне қобилияти ман то ҳамин дараҷа аст. Фикр мекунам, маъно надорад фикр кардан. Озурда шудан лозим нест, ҳамаро, чуноне, ки ҳаст, бояд қабул кард.
- Беҳтарин лаҳзаи варзишиатонро дар ёд доред?
- Албатта, ин Бозиҳои олимпии соли 2008 мебошад. Ман натавонистам медали тилло бигирам. Бояд боҳуштар мебудам ва аз ҷиҳати истифодаи «тактика» фаъолтар. Ман солҳои зиёд дар Тоҷикистон ба гӯштигирӣ машғул будам. Ба амалҳои бапуштзанӣ одат карда будам, бояд «тактика»-ро низ хуб аз худ мекардам. Рақибам аз ман чолоктар буд…
- Шояд фаъолияти варзишиатонро дар бахши муҳориба бидуни қоида идома диҳед?
- Ин намуди варзиш бароям шавқовар нест. Боре маро ба муҳориба даъват намуда буданд. Ман он ҷо мушоҳида кардам, ки чӣ гуна ду марди азимҷусса якдигарро мезананд. На он қадар намуди хуби варзиш аст. Дзюдо-гапи дигар, ин намуди зебои варзиш аст, ки фалсафаи худро дорад.
- Дар бахши сиёсат худро санҷиданӣ нестед, монанди ҳамкоратон Дмитрий Носов (дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2004, вакили Думаи давлатии ФР — шарҳ аз идора)?
- Ман дар майдон мутахассисам. Кореро, ки ман анҷом медиҳам, ба ман писанд аст. Бароям шавқовар аст таҷрибаи худро ба кӯдакон омӯхтан. Ман мехоҳам шогирдонам боиси ифтихори ман ва мактаби Шаҳраки олимпӣ гарданд. Бо ин роҳ ман метавонам миннатдории худро ба нафароне, ки ба ман бовар карданд, баён намоям.
- Шумо тайи чанд соли охир дар Россия кору зиндагӣ мекунед. Тоҷикистонро ёд накардед?
- Зиндагӣ ҳамин тавр сурат гирифт, яъне онро бояд имрӯз ва дар ҳамин ҷо қабул кард. Имрӯз ман ба машқ додани кӯдакон машғулам ва миннатдории худро ба нафароне, ки дар ин роҳ ба ман кумак карданд, то худро дар зиндагӣ пайдо кунам, баён менамоям. Дар Тоҷикистон мураббиёни соҳибихтисос ҳастанд. Боварӣ дорам, ки онҳо муваффақ мешаванд.
- Агар варзишгаре аз Тоҷикистон ба наздатон барои тамрин биёяд, қабул мекунед?
- Албатта. Ман дар мактабам ҳамаро қабул мекунам. Варзишгари номӣ ё навомӯз. Аз ҳама муҳим ман бояд донам, барои чӣ ӯ назди ман меояд. Ӯ хоҳиши қаҳрамон шудан дорад ё танҳо қавӣ будан. Ин ба муайян кардани ҷараёни тамрин кумак мекунад.
Ва агар намояндаи мактаби Расул Боқиев дар мусобиқа дастболо гардад, он гоҳ маълум мегардад, ки меҳнати мо самар овардааст.
Манбаъ: Sputnik-tj