Салимҷон баъди аҳдшиканона ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла намудани Германияи фашистӣ ихтиёрӣ ба ҷанг рафт.
Ӯ дар муҳорибаи шадидтарини Ҷанги Бузурги Ватанӣ — Курск иштирок кард. Полке, ки ӯ дар ҳайати он меҷангид, шаҳрҳои Одесса, Кишинёв ва пойтахти Полша – Варшаваро озод намуд.
Дар полки 73-юми дивизияи 416-и армияи панҷуми Фронти якуми Беларус Салимҷон бо рутбаи сержанти калон ҳамчун командири гурӯҳи тӯпчиён хидматро идома дода, ба Берлин наздик шуд. 60 км дуртар аз Берлин, дар шаҳри Кюстрин қалъае воқеъ буд, ки фашистон онро бо шумораи зиёди аскарону техникаҳои ҳарбӣ муҳофизат мекарданд.
Ба даст овардани қалъа ниҳоят мушкил буд, душман сахт истодагарӣ мекард. Аз ин хотир, онҳо шабона ба тарафи рости қалъа, ки фашистон интизор набуданд, рафта, аз ҷое, ки дарёҳои Одер ва Варна ҳамроҳ мешуданд, ба қалъа дароманд. Чун фашистон воқиф гардиданд, кӯпрукро тарконданд ва онҳо дар тарафи душман монданд.
Ҳамин вақт полкҳои дигари Армияи Советӣ ба ёрӣ омада, қалъа ва шаҳри Кюстринро аз фашистон озод мекунанд. Ӯ барои корнамоияш дар ин муҳориба бо фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР И. Сталин аз 12 марти соли 1945 бо Раҳматнома сазовор мегардад. Баъди як моҳ бо фармони Сарфармондеҳи Олӣ аз 23 апрели соли 1945 таҳти №339 барои рахна намудани мудофиаи фашистон ва ҳуҷум ба Берлин боз Раҳматнома мегирад.
2 майи соли 1945 Армияи Советӣ дар назди Рейхстаги Берлин қарор гирифт. Зимни ба даст даровардани шаҳри Берлин Салимҷон аз худ ҷасорату мардонагӣ зоҳир намуда, соҳиби Раҳматномаи сеюми Сарфармондеҳи Олӣ И. Сталин (аз 2 май соли 1945 таҳти №359) мегардад.
Дертар сари синаи ӯро ордени «Ситораи Сурх» ва медалҳои зиёди дигар оро доданд. Салимҷон аз фронт бо сарбаландӣ баргашта, дар шаҳри Сталинобод мактаби дусолаи ҳуқуқшиносиро хатм намуд ва дар ноҳияи собиқ Ворошилобод раиси суди халқӣ кор кард.
Баъдтар раиси Суди халқии ноҳияи Куйбишев (ҳозира Абдураҳмони Ҷомӣ) интихоб мешавад ва 25 сол дар ин вазифа фаъолият намуда, ба нафақа мебарояд. Барои хизмати шоистааш бо фармони Президиуми Совети Олии СССР бо ордени «Байрақи сурхи меҳнат» ва якчанд ифтихорномаҳои Вазорати адлияи СССР ва ҶШС Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
Ӯ ифтихори мардуми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буд. Дар мактабҳои ноҳия аз ҳаёту фаъолияти ибратомӯзи ин марди меҳнатдӯсту хоксор ва ҳалиму меҳрубон ба хонандагон пайваста ҳикоя мекунанд. Воқеан ҳам, ҳаёти ӯ барои насли наврас дарси ибрат аст.
Банда яке аз шогирдонаш мебошам ва солҳои зиёд дар мақомоти судӣ фаъолият доштам. Дар фурсати муносиб ба дидорбиниаш мерафтам. Боре мактуберо бароям нишон дод, ки дар он навишта шуда буд:
«Муҳтарам Салим Ҳалимович!
Ба муносибати Рӯзи Ғалаба муборакбодии самимии маро қабул намоед. Ба дӯши ҳамсолони шумо солҳои сахттарини Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад. Шумо дар ҷанги даҳшатноктарини таърихи инсоният бошарафона истодагарӣ карда, ҷаҳонро аз фашизм наҷот додед. Корнамоиҳои ғолибони ҷанг, диловарию шуҷоати шумо рамзи хизмати дурахшону бемисл ва муҳаббати бепоён нисбат ба Ватан мебошад. Қаҳрамонии шуморо муқаддас дониста, сидқан аз ҳамаи онҳое, ки барои озодии мо ҷонфидоӣ карданд, миннатдорем.
Назди шумо сари таъзим фуруд меорем. Ба шумо саломатии бардавом ва муваффақиятҳои беназир хоҳонем.
Президенти Федератсияи Россия В. Путин».
Устод, ки дар муҳорибаҳои Курски Федератсияи Россия ҷангида буд, ӯро шаҳрванди фахрии шаҳри Орёл қабул ва хонаеро туҳфа карданд, ки баъдан ба он ҷо рафта истиқомат мекард. Дар ҳамин шаҳр қалби ӯ аз тапидан бозмондааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо эҳтиром гуфта буд: «Солҳо мегузаранд, аммо номи ҷанговарони қаҳрамон, ки ба ивази ҷони худ инсониятро аз офати фашизм наҷот бахшиданд, чун корнамоии аҷдоди диловарамон ҷовидон боқӣ мемонад.
Мо мардонагӣ, шуҷоат ва корнамоии онҳое, ки Ватанро ҳифз ва ҳаёти осудаҳолонаро таъмин намудаанд, қадр карда, ба хотири онҳо сари таъзим фуруд меорем».
Хотираи неки шодравон Салим Ҳафизов дар дилу дидаи онҳое, ки ӯро медонистанд, ҳамеша боқӣ мемонад.
Сафармуҳаммад Зарифӣ, аълочии матбуот