Ҳасрату ҳайрати аскарони гумном ё «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!» магар ҳақиқат аст?
Санг задан ба гузашта, бахусус дар айёми мо зери ниқоби демократияву озодии сухан, барои ҳар маҳмаддоною чоплус осон шудааст. Бисёре аз шахсони фаросатдошта ва ба дарки ҳақиқати воқеии он солҳо ва дарду мусибати насли даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мерасидагӣ низ созишкорона бетарафию хомӯширо ихтиёр кардаанд. Имрӯз, ҳатто наврасе ҳам метавонад, ба корнамоиҳои қаҳрамонони он замони мудҳиш хати батлон кашад ва аз хоинон қаҳрамону аз қаҳрамонон хоин «офарад». Ин тоифа одамони орӣ аз имону инсоф боре ҳам андеша намекунанд, ки худ чӣ корро ба нафъи дигарон анҷом додаанд? Бархе аз соҳибони рутбаҳои баланд, дорандагони ордену медалҳои зиёд, генералу полковникҳои лашкарнадида шояд надонанд, ки кай фурсат ёфта ва барои кадом хизмат ин ҳамаро сазовор шудаанд. Наход кафолати ҳифзи марзу буми Ватан дар шумораи афсарону рутбаҳои баланд бошад? Ё Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ «дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор» — ро беҳуда таъкид намудааст? Ин ҷо гап сари бахилию ҳасад намеравад, балки миллати мо ҳам мехоҳад, генералҳое дошта бошад, ки бо онҳо ифтихор кунад. Ба ҳамин монанд бо доктору профессору академикҳо низ.
Солҳои хизмати аскарӣ дар яке аз нуқтаҳои доғи собиқ СССР командири қисми ҳарбӣ Герашенко ва ҷонишини ӯ оид ба қисми сиёсӣ Черпакови синнашон аз панҷоҳгузашта бо рутбаи яке капитан, дуюмӣ лейтенанти калон масъулияти азимро ба уҳда доштанд. Рутбаи майор барои афсар он замон ифтихор буд. Ё устодони азиз Эргаш Шоев, Соҳиб Табаров ва чандеи дигар базӯр дар айёми пиронсолӣ ба гирифтани унвони докторию профессорӣ мушарраф гардиданд ва он ҳам бошад, бо шарофати соҳибистиқлолӣ. Аксари наврасону ҷавонони имрӯзаро аз Муқаннаъ, Спитамен, Темурмалик, Восеъ барин қаҳрамонони миллат пурсон шавед, чизе намедонанд. Аз Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон низ. Лекин номи дилхоҳ футболбози Бразилияву Англия, Россия, сарояндаи субҳгоҳӣ ба саҳна баромадаву бегоҳӣ ситорашуда ва ҳунарманди синамои хориҷиро, ки нақши қаҳрамонро дар ҷангҳои таҷовузии давлатҳо дар Ветнаму Ироқ, Афғонистон ва як қатор давлатҳои араб мебозанд, медонанду ифтихор мекунанд. Умуман, дар кадом сатҳ қарор доштани дарсҳо аз фанни «Таърихи Тоҷикистон» ва таълими ибтидоии ҳарбӣ дар мактабҳои кишварро метавон бо мисолҳои боло баҳогузорӣ намуд.
Шояд бегонапарастӣ дар хуни мо бошад, вагарна ҳаргиз аз Искандари Мақдунии истилогар нобиғаҳои соҳибқалам шоҳи одил намеофариданд. Ин ҳама барои он рух медиҳад, ки мо — насли имрӯза арзишҳои муқаддасро ба хотири манфиатҳои ночизи шахсӣ, ҳавою ҳавас пушти по задаем. Бо дуздӣ, бо ишғоли қитъаҳои васеъ, сохтани деворҳои чинӣ атрофи ҳавлиҳоямон, бунёди қасрҳои шоҳона давлат дар дохили давлат барпо мекунем ва боре ҳам ба хотир намеорем, ки дар кадом замони пуртаҳлукаву таҳдидзо ва чӣ минтақаи ноороме умр ба сар мебарем? Ба сад гурӯҳу ҳизбҳои мухолиф тақсим шуда, андеша намекунем, ки сарзамини хурдакак боқимондаамонро бояд муҳофизат намоем, ки мондагиаш ҳам аз даст наравад.
Бо ҳар роҳе илоҷе мекунем, ки фарзандонамонро аз хизмати ҳатмии ҳарбии дусолаи Модар — Ватан озод кунем. Пул дода, билети қалбакии ҳарбӣ мехарем. То ба имрӯз нашунидаем, ки ягон мансабдор ё соҳибкори сарватманд писарашро бо дасти худаш оварда, гуфта бошад, ки ӯ ҳам фарзанди ҳамин Ватан асту бояд хизмат кунад. Ёфтаем ду — се писари камбағалу бепушту паноҳеро, ки шояд бо муздурӣ, аробакашӣ чӣ дар Ватан ва чӣ дар Россия ягона хӯронандаву пӯшонандаи додараку хоҳарон ва мададгори падару модари бечораашон бошанд? Аз ин нуқтаи назар, зеби хизмат писарони мансабдорону сарватмандон доранд, зеро онҳо ташвиш ба сар надоранд.
Дар муқоиса бо чунин падарони қудратманд, Сталин, ки писари ба дасти фашистон асир афтодаашро бо таклифи онҳо ба генерали асирафтодаи немис иваз кардан нахост, дар ҳақиқат сангдил будааст, зеро бояд Ватан, нангу номус, шарафи ҷавонмардиро мефурӯхт, фарзандони дигаронро қурбон мекарду писари азизи худро озод мекард. Аммо ӯ ин корро накард, балки ҷанговарони дар фронтбудаи мамлакатро фарзанди худ донист. Писарони нозпарвард дар замони осоишта, ки аз хизмат саркашӣ мекунанд, Худо накарда, таҷовузе ба кишвар шавад, аввалин шуда, ба хориҷа хоҳанд гурехт.
Мутаассифона, ҳарчанд чунин фасоду фисқ, беадолатӣ, носипосию кӯтаҳназариҳо танҳо хоси ҷомеаи мо набуда, фарогири бисёр миллату давлатҳост, вале набояд ба онҳо пайравӣ кард, зеро ки сарнавишту қисмати талху сангини гузашта, мавқеи ҷойгиршавиамон аз лиҳози ҷуғрофӣ, шароиту имкониятҳои иқтисодӣ, табиату фаросати азалиамон ба мо чунин ҳуқуқро намедиҳад.
Охирҳои асри бист маҳз пайравони шиори «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!» инқилоб кардаву дигар миллату халқиятҳоро бародари ҷонӣ хонда, ба ҷои салтанати пӯсидаи подшоҳию амирӣ, СССР – и бузургро ташкил ва дар ҳама мубориза, аз ҷумла саркӯбии фашизм пирӯз шуданд. Писарону наберагони онҳо имрӯз душмани ҷони якдигар шудаанд. Бахусус, осиёиҳову қафқозиҳо акнун барои онҳо «сиёҳ» – у «чурка» шуда, миллатгароёни рус «Россияро танҳо барои русҳо!» эълон доштаанд. Ғалабаи бузургро бошад, тавассути кинофилму асарҳои худ фақат ба миллати рус нисбат медиҳанд. Замонасозӣ карда, дар дилхоҳ кинофилми бахшида ба муҳорибаҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ ягон ғайрирусро, он ҳам бошад, яклаҳзаина ва дар нақши дуюмдараҷа нишон медиҳанд. Аммо дар хусуси хоинону ватанфурӯшон ва тарсуёни худ, ки ба тарафи душман гузашта, миллати русро қир мекарданд, «ба даҳон об мегиранд». Таърих носипосонро ҳаргиз набахшидааст ва онро дар вақту замонаш ёдрас хоҳад намуд.
Эҳтимол меравад, ки тамоюли русбадбинӣ шурӯъ аз давлатҳои Назди Балтик, то собиқ ҷумҳуриҳои дигари шӯравӣ, аз ҷумла Украинаи аз бисёр лиҳоз бо русҳо қарин, аз ҳамин бузургманишиҳову ғурури ноҷои худи русҳо реша гирифтааст. Боре Президенти Беларус Александр Лукашенко аз ин рафтори русҳо ба танг омада, изҳор дошта буд: «дар ниҳоят, шумо танҳо хоҳед монд!». Оре, рӯҳи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки имрӯзҳо дар ҷумҳуриҳои Назди Балтику Полша ва дигар кишварҳо қабрҳо, ҳайкалу муҷассамаҳояшонро бо таҳқир канда истодаанд, гунаҳкорони ин ҳаводисро беҷазо нахоҳад гузошт. Вале мо набояд ба чунин пастиҳо расем. Миллати тоҷик аз азал некиро пос медорад. Зиёданд дар деҳу ноҳияҳо мазори шаҳидоне, ки касе дар бораи кӣ ва чикора будани онҳо маълумот надорад. Вале аз забон ба забон, аз насл ба насл талқин мешавад, ки ин ҷойҳо муқаддасанд ва таҳқир ба онҳо норавою оқибаташ бад аст. Аслан, мардуми мо каси бе гуноҳ кушташударо шаҳид ҳисоб мекунанд. Модоме мардум чунин мазорҳоро муқаддас ва хуфтагони онро шаҳид меҳисобанд, пас, маълум мешавад, ки онҳо инсонҳое будаанд хайрхоҳ, ки аз дасти бадхоҳе, ҷарроре ба қатл расидаанд. Одами андаке аз одамият огоҳ, қабри қаҳрамонон як сӯй истад, ҳатто гӯри хоину ҷаллодонро ҳам мавриди таҳқир қарор намедиҳад.
Дар замони мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ бобоёну падарони мо дар сангарҳо паҳлу ба паҳлуи русҳо ва дигар миллатҳо ҷонбозиҳо карда, ҷароҳат бардоштанду ҳалок гардиданд ва беному нишон шуданд. Зиёда аз 63 нафари онҳо ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва беш аз 50 ҳазорашон ба гирифтани ордену медалҳои ҷангӣ мушарраф шуданд. Ҳоло фарзандону наберагони онҳо аз дасти скинхедҳо куштаву беному нишон мешаванд. Дар баробари ин, қисмате аз аҳолии шаҳрҳои ба майдони ҳарбу зарб табдилёфтаи Россия, аз ҷумлаи занону кӯдакон, мӯйсафедон, ҳамчунин аскарони маҷрӯҳгардида ба Тоҷикистон кӯчонида мешуданд. Онҳо дар ин ҷо паноҳ ёфта, ба рӯзҳои нек расиданд, бархе дар ҳамин ҷо истиқоматро ихтиёр карда, оиладору фарзанддор ва ҳатто дафн гардиданд. Мардуми дар ақибгоҳбудаи Тоҷикистон ҳам саҳми муносибе дар таъмини ғалаба гузошт.
Меҳмонхонаи «Вахш» дар шаҳри Душанбе солҳои ҷанг ба госпитали ҳарбӣ табдил ёфта буд. Ба ин ҷо мустақиман аз майдони ҳарбу зарб аскарону афсарони советиро оварда, табобат мекарданд, ки миёнашон халқияту миллатҳои гуногун буданд. Аз ҷумлаи маҷрӯҳон яке агар ҳолати андаке сабуктар медошт, дигаре дар ҳолати вазнин буд. Бинобар ин, на ҳамаи онҳо ҷон ба саломат мебурданд ва дар қабристони шаҳр дафн мегардиданд, чунки он вақт имконияти ба ҷумҳурию шаҳру деҳи худашон фиристонидан вуҷуд надошт.
Намедонам, чӣ миқдор сарбозонро чунин қисмат насиб гардида буд, вале вақти дар шафати қабристони русҳо манзили зист ихтиёр кардан ва аз қабристон гузаштану таваҷҷуҳ кардан ба навиштаҷот дар дил аҳд кардам, ки бетараф набошам. Дуруст, ки назар кардан ба аксҳои гуногуни одамоне, ки замоне мисли мо зиндагӣ, ғаму шодию хурсандӣ, умеду орзуҳо доштанд, ба кас бетаъсир намемонад. Бисёре аз ин қабрҳоро дигар соҳибе намондааст ва ҳолати хуб ҳам надоранд, чунки соҳибонашон ё аз ҷумҳурӣ кӯчида рафтаанд ё фавтидаанд. Қабрҳои соҳибдор бошад, ҳамеша тозаю озода. Соҳибонашон зуд – зуд омада, гул мегузоранду рӯбучин ва зиёрат мекунанд. Онҳое, ки чунин имконият надоранд, касеро бо дастмузди муайян киро мекунанд ва ин барои мо — мусалмонон бояд дарси ибрат бошад.
Ба панҷ қабри паҳлуи ҳам дар лавҳаашон ситорачаи сурхдор ва навиштаҷоти «Неизвестный солдат» наздик шуда, хеле мутаассир мондам, ки чӣ тавр ному насаб, миллати онҳо, аз куҷо буданашон, ҳатто расмашон номуайян монда ва чӣ қисмате ин бечораҳоро насиб гардидааст? Сӯхта гум шудани ҳуҷҷатҳои сарбозон дар ҷанг ҷои ҳайрат надорад, вале наход чеҳраҳои онҳоро ҳам сурат гирифтан мумкин набуд, ки дар ҳамон солҳои аввали баъдиҷангӣ тариқи матбуот шояд пайвандонашон меёфтанд? Охир, онҳо ҳам фарзанди модаре буданд, бародару хоҳаре, духтари дӯстдоштае ва дар дил орзую ҳаваси зиёд доштанд.
Дар дил аҳд кардам, ки дар сурати муқимӣ ин ҷо мондан, ҳатман атрофи он қабри шаҳидонро гулзор хоҳам кард, зеро мо, имрӯзиён, аз ҷумла ману фарзандон ва наслҳои минбаъда назди ин шаҳидон қарздор ҳастем. Чунки онҳо шаҳид ҳастанд, сарфи назар аз кию кадом миллат ва дину мазҳаб буданашон. Рӯҳи онҳо ҳамеша дар сайранду ҳар кору кирдори моро наззора ва бо ҳайрату ҳасрат нидо мекунанд:
Дар мазори мо, ғарибон, не чароғе, не гуле,
Не пари парвона сӯзад, не садои булбуле.
Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»
РS: Дар арафаи чопи мақола иттилоъ бобати иқдоми ниҳоят боҷуръатонаву инсондӯстонаи «Душанбе аз нақшаи Берлин барои гузаронидани рок-фестивали ҷавонон дар боғи Трептов, ки оромгоҳи беш аз 7,5 ҳазор нафар сарбози шӯравӣ мебошад, нигаронӣ намуда, аз мақомоти ин шаҳр хостааст, то фестивал дар ҷои дигар гузаронида шавад», арзишмандии андешаҳои муаллифро собит намуд.