Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои халқҳои сокини Иттиҳоди Шӯравӣ бо душворию ҷонбозиҳои зиёд ба даст омад. Дар ин ҷанг зиёда аз 70 давлати хурду калон иштирок карданд. Амалиётҳои хунин дар ҳудуди 40 кишвар ба амал омада, то ҳол нақш ва осори он солҳои мудҳиш боқӣ мондааст. Аз рӯзҳои аввали ин ҷанги хонумонсӯз дар қатори ҳазорон нафар родмард, диловардухтарони Тоҷикистони офтобрӯя низ баҳри ҳимояи нангу номус ва марзу буми давлати хеш бар зидди душман ба по хестанд. Онҳо мисли дигар ҷанговарон дар фронт вазифаи ватандӯстонаи худро иҷро карда, дар амалиётҳои ҷангӣ қаҳрамонӣ нишон доданд. Яке аз онҳо Сафия Ниёзова буд. Номбурда аз рӯзҳои аввал ихтиёрӣ ба фронт рафт ва то охир дар ҳайати фронти якуми Украина ҷангида, корнамоиҳои наҷиб нишон дод.
Муҳорибаи назди Москва яке аз амалиётҳои тақдирсоз ба ҳисоб мерафт. Моҳи октябри соли 1941 дар ҳама самт ҷангҳои шадид оғоз гардид. Муҳофизони пойтахти давлати Иттиҳоди Шӯравӣ бо эҳсоси таҳдиди наздикшудаистода бар зидди қувваҳои аҳриманӣ бархостанд. Занони шуҷои Тоҷикистон низ дар ин муҳориба ширкати фаъол доштанд. Нина Лобноковскаяи душанбегӣ аз зумраи диловарони ҷабҳаи назди Москва мебошад. Ӯ пас аз хатми мактаби снайперӣ дар ҳарбу зарбҳо корнамоиҳои ҷангӣ нишон дод.
Дорандаи нахустин ордени Ленин ва бисёр ордену медалҳои солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ойгул Муҳаммадҷонова соли 1918 дар шаҳри Панҷакенти бостонӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз боби корнамоиҳои ҷангии ин гурдофариди тоҷик бисёр асару достонҳо эҷод шудаанд. Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тавсифи ӯ гуфтааст: «Мо имрӯз номи Ойгул Муҳаммадҷоноваро, ки бо тайёраи ҷангии худ ба муқобили фашизм қаҳрамонона мубориза бурдааст, бо ифтихор ба забон оварда метавонем».
Айёми кӯдакии ин қаҳрамондухтари кӯҳистонӣ бо азобу машаққат гузаштааст. Ӯ хело барвақт аз меҳру муҳаббати падар ва модар маҳрум шуд. То ба синни камолот расидан дар хона-интернати бепарасторони Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ таҳсил кард.
Дар бораи парвози аввалини ҷангии ӯ командири гурӯҳи киштиҳои ҳавоӣ капитан В. А.Лапшин моҳи октябри соли 1943 дар рӯзномаи «Коммунисти Тоҷикистон» таҳти унвони «Духтари сиёҳмӯй» навишта буд: «Дар наздикии хати фронт самолёте, ки Ойгул онро идора мекард, аз тарафи чап парвоз менамуд. Ӯ самолётро таври аъло идора мекард ва ягон бор аз саф набаромадааст ва ягон бор баландии парвозро вайрон накардааст. Дар наздикии хати фронт ба мо «Месерҳо»-и душман ҳамла карданд. Дар чунин ҳолати ногувор Ойгул аз имтиҳони ҷиддии ҷангӣ гузашт. Ӯ аз пулемёти худ тирпарронӣ карда, як самолёти душманро ба зудӣ аз кор баровард. Нишони ӯ ба самолёти дуюм низ расид. Мо ба болои истеҳкомҳои душман наздик шуда, онҳоро зери оташи беамон гирифтем. Дар рафти ин амалиёти ҷангӣ самолёти Ойгул хароб гардид ва худи ӯ аз китфаш ярадор шуд. Ғайр аз ин, қисмҳои идоракунандаи самолёт аз кор баромад. Самолёт қариб буд чаппа шавад, аммо пилотдухтари тоҷик самолётро аз зери оташи душман бароварда, онро ба мавқеи қисмҳои худ овард».
Пас аз ин Ойгул боз 92 парвози дигари ҷангӣ анҷом дод.
Фиристодаи дигари Тоҷикистон Мария Крюкова то оғоз гардидани ҷанги хонумонсӯз дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе ба шогирдон аз фанни математика дарс медод. Баъд аз сар шудани ҷанг ихтиёрӣ роҳи фронтро пеш гирифт. Ҳаёти ҷангии Мария Фёдоровна бо ҷангҳои шадиди назди Курск зич вобаста аст. Ӯ тӯпчии номвари полки 1572-юми артиллерӣ буд. Ҳамчун нишонгири тӯп дар муҳорибаҳои назди Курск ва дигар шаҳрҳо иштирок карда, корнамоиҳои зиёд нишон дод, ки аз мадди назар дур намонд. Ӯро бо ордени «Шараф» ва дигар ордену медалҳои ҷангӣ мукофотониданд.
Аз рӯзҳои аввали ҷанг халқи сермиллати шӯравӣ қувваро барои ҳар чӣ тезтар маҳв сохтани душман сафарбар сохт. Моҳи декабри соли 1941 КМ ҲК Тоҷикистон дар бораи тайёр кардани хоҳарони шафқат ва дружинаҳои санитарӣ қарори махсус қабул намуд. Охирҳои моҳи декабри соли 1941 дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) беш аз 360 нафар ҳамшираи шафқат тайёр карда шуд. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 840 нафар духтар ба курсҳои тиббии ҳамшираҳои шафқат фаро гирифта шуданд.
Ҳаёт ва фаъолияти ҳар як иштирокчии солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз корнамоӣ холӣ нест. Нанг ва номуси ватандорӣ Назира Умаровнаи суғдиро он солҳои мудҳиш дар канор гузошта натавонист. Дар қатори ҳазорон муҳофиз номбурда баҳри ҳимояи Ватан соли 1943 ба ҷабҳа рафт. Соли аввали ба майдони ҷанг даромадан ҳам дар хатти пеши фронт меҷангиду аз байни обу оташ гузашта, ба аскарону афсарони маҷрӯҳ ёрии тиббӣ мерасонид.
Дар рафти яке аз муҳорибаҳои шадид худаш сахт маҷрӯҳ гардиду ба госпитали ҳарбӣ фиристода шуд. Пас аз ғалаба бо сарбаландӣ ба Ватан баргашта, касби дӯстдоштаи худро давом дод.
Корнамоиҳои диловардухтари тоҷик Кибриё Лутфуллоева яке аз саҳифаҳои дурахшони занони Тоҷикистон дар солҳои мудҳиши ҷанг буд. Кибриё Лутфуллоева дар ҷабҳа набуд, аммо кору рафтори ӯ қаҳрамонӣ ва шоистаи таҳсин аст. Соли 1940, пас аз хатми мактаби миёна, ба факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград дохил гардид. Дар шаҳри «гаҳвораи инқилоб» Кибриё баробари таҳсили илм дар донишгоҳ вазифаи сардори шуъбаи ленинградии Нашриёти давлатии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Барои наҷот додани мероси фарҳангӣ раёсати Донишгоҳи шарқшиносиро лозим омад, ки бойгонӣ ва ганҷинаи мероси хаттии донишгоҳро аз хати пеши фронт ба ақибгоҳ, аз ҷумла ба Тоҷикистон, кӯчонанд. Ба ин кор Кибриё Лутфуллоева низ масъул шуд. Масъулияти ин кор аз иҷрои супоришҳои ҷангӣ кам набуд. Кибриё дастхат ва китобҳоро ба қуттиҳои махсус андохта, аввалҳои моҳи августи соли 1941 роҳи Душанберо пеш гирифт. Поезде, ки Кибриё бо он меомад, яке аз охирон қатораҳое буд, ки он рӯзҳо аз Ленинград баромада буд.
Диловардухтари шуҷои тоҷик Ҷаннат Раҳимова ду соли аввали саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мудири қисми илмии мактаби миёнаи ба номи М. Горкийи шаҳри Хуҷанд буд. Ҳарчанд медонист, ки дар ноҳия муаллимон намерасанд, бо вуҷуди ин мехост ба даст силоҳ гирифта, бар зидди душман биҷангад. Ӯ ба комиссариати ҳарбии ноҳия муроҷиат кард ва соли 1943 ба ҷабҳа рафт. Дар ҳарбу зарбҳо корнамоиҳои зиёд нишон дода, аз ҷониби фармондеҳони артиш қадрдонӣ шуд.
Номи даҳҳо диловардухтарони Тоҷикистон, амсоли Раъно Ёқубова, Иномҷон Қурбонова, Садаф Ниёзова ва бисёр дигаронро метавон номбар кард, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, корнамоиҳои бемисл нишон доданд.
Ёдашон ба хайр бод!
Ҷамил ВАЛИЕВ, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон