5 майи соли 2016 Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид. Ба ҷаласа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев раисӣ кард.
Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини арҷманд!
Мувофиқи маълумоти пешакӣ аз 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 28 нафар ва аз 63 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон 63 нафар дар Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ҳузур доранд. Бо мақсади дақиқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоем бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 28 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 63 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.
Дар Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоем.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Раисикунанда: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи моддаи 4 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро мебояд тартиби кори Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикргардида ба шумо пешниҳод гардидааст.
Бо инобати таклифи баёнгардида, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби кори Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз монда, эҳтиромона хоҳиш менамоем мавқеи худро муайян созед.
Қарор қабул шуд.
Раисикунанда: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи қисми 1 моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки котиботи Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем. Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала манзури шумо гардидааст.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи котиботи Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемонам.
Марҳамат, мавқеи худро муайян созед.
Қарор қабул шуд.
Аз раиси котибот — узви Маҷлиси миллӣ Раҷабзода Миралӣ, аъзои котибот — узви Маҷлиси миллӣ Шафеиён Ислом Зиёзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон эҳтиромона хоҳиш менамоем ҷойҳои худро ишғол намоянд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Рӯзномаи Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз тасдиқ намудани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад ва лоиҳаи қарор пешниҳоди шумо гардидааст.
Хоҳишмандем, оид ба лоиҳаи мазкур мавқеи хешро муайян созед.
Бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қарор қабул гардид:
«Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҷабборӣ М.», «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зокирзода М. З.», «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ятимзода А. Т.», «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зокирзода М. З.», «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Сатторӣ И.», «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Аҳмадзода Р.».
Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи қисми 4 моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тартиби инъикоси кори ҷаласаро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян ва тасдиқ намоем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.
ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:
- Муҳтарам Раёсат, Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!
Бо дарназардошти он ки ба рӯзномаи Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум тасдиқ намудани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид гардидааст, лоиҳаи қарори зерини ҷараёни инъикоси кори ҷаласа пешниҳод мешавад:
Мутобиқи қисми 4 моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунанд:
1. Рафти кори Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Радиои Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе» ба таври фишурда пахш карда шавад.
2. Дар рӯзномаи «Садои мардум» маводи ҷаласа дар ҳаҷми пурра чоп карда шавад.
3. Маводи ҷаласа тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Халқ овози» ва рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.
Раисикунанда: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Оид ба ин масъала лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст.
Марҳамат, нисбати лоиҳа таклифу пешниҳодҳоятонро иброз намоед.
Бо инобати таклифи баёнгардида, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз монда, эҳтиромона хоҳиш менамоем мавқеи хешро муайян созед.
Қарор қабул гардид.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло фармонҳои зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои тасдиқ ба Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шудаанд, қироат намуд:
«Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҷабборӣ М.», «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зокирзода М. З.», «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ятимзода А. Т.», «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зокирзода М. З.», «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Сатторӣ И.», «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Аҳмадзода Р.».
Оид ба масъалаҳои мазкур таври алоҳида лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда, дар хусуси ҷонибдорӣ ёфтан Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
Раисикунанда: — Раиси котибот гуфтание доред? Нест.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Иҷозат фармоед, бо муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ва ҳозирини гиромӣ муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, Аҳмадзода Раҷаббой ва ғоибона Сатторӣ Изатуллоро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи фармонҳояшон ба вазифаҳои сатҳи баланди давлатӣ ба ҳайси аъзои Ҳукумати кишвар таъин намудаанд ва имрӯз аз ҷонибдории комили аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор гардиданд, самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти рӯзмарраашон баҳри хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон комёбиҳои беназир таманно намоем.
Ҳамзамон, ба аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини арҷманд барои иштироки фаъолонаатон дар кори ҷаласа бо камоли эҳтиром миннатдории самимӣ изҳор менамоем ва бо ҳамин Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоем.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ