ДАР ШӮРОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

№61 (3541) 12.05.2016

DSC_058010 майи соли равон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров,  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ибтидо Шӯрои Маҷлиси намояндагон оид ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласа қарор қабул кард.

Дар бораи масъалаҳои аввали рӯзнома — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5742-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи Баҳри Арал», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5631) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ-II», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D055-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ-II», «Дар бораи Созишномаи грантӣ (гранти №TFOA 1735) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ-II» раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода ва оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода мухта­сар гузориш пешниҳод карданд.

Масъалаҳои зикршуда бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, инчунин масъалаҳоро «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъин намудани Азимӣ З. И. ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Бадридинова Р. Ҳ.» ва «Дар бораи пас гардонидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арибистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ» баррасӣ карда, барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол намуд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баррасии масъалаҳо «Оид ба ворид намудани тағйи­рот ба Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Дар бораи Гурӯҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди парламентии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Шоҳигарии Белгия», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Миллии Давлати Қувайт», «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия, ки аз тарафи раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олимҷон Салимзода пешниҳод ва шарҳ дода шуд, қарор қабул кард.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин «Дар бораи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Базел оид ба назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо», «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор ба тасвиб расонд.

 Самариддин АСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ